Хакикати ранчиш

web.com

POLITICS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Фахриддини Холбек
Asia-Plus
Баргардон аз русй: tajikistanweb.com

Чи чизе бояд пояи ормони миллии мо бошад? Хамакнун бисёре аз пажухишгарон – аз коршиносони Маркази Тахкикоти Стротежик гирифта то маркази «Диалог»-и Мухйиддин Кабирй – мавзуъи ормони миллии Точикистонро ба таври густарда баррасй мекунанд.

Мегуянд, ки замони вахдати миллй ба унвони сиришти ормони миллй гузаштааст. Ба ормони наве ниёз дорем. Аммо дар пойбасти он бояд чй бошад?

Исломиёни мо эътикоди росих доранд, ки нодида гирифтани накши ислом дар ташаккули хуввияти торихй ва миллии мо номумкин аст. Эхтимолан дар кишваре, ки 99 дарсади чамъияташ мусалмонанд, бояд хамин тавр бошад. Дигарон ба навбаи худ пешниход мекунанд, ки чанбаи гайримазхабии ормони миллй таквият шавад, то он ба як дуктрини сирфан исломй мубаддал нашавад. Нодида гирифтани ин омилхо метавонад ормони моро аз мохият махрум кунад. Хама мефахманд, ки ин авомил бояд то хадде дар ормони миллии оянда чой дошта бошанд. Аммо... бехтар аст ин бахсро ба ухдаи донишварон бигузорем. Ман мехохам аз чизи дигаре бигуям.

Дар шароити кунунй, пеш аз хама, якояки мо бояд аз хакикати торихамон ва ранчишхои торихимон тасаввури равшане дошта бошем. Нитше дар Олмон ва Нехру дар Хинд чи кор карданд? Ё Сулженитсин дар Русия? Осори дигаронро нахондаам.

Мо хазорон сол сохиби давлат набудаем. Давлати феълй танхо бахше аз сарзаминхои торихии моро тахти кунтрул дорад. Шахрхои мо берун аз марзхои мо монданд ва мо акнун дар он чо бегона махсуб мешавем.

Ин сарнавишт пурсишеро матрах мекунад: чаро ин гуна шуд? Чаро пас аз даврони Куруш то карни 20 мо тахти ситам будем? Чаро аз чумчумахои мо манорахо сохтанд ва шахрхои мо бо хок яксон шуданд ва ба чои онхо барои аспхои сахронишинон мазореъи гандум доман пахн карданд? Чаро размандони рохи озодии моро бояд «босмачй» (горатгар) номид ва ишголгаронро чун кахрамон арч гузошт ? Чаро мо аз наздикй бо бародарони худамон – эронихо бим дорем ва точикони худамонро «афгон» меномем? Чаро мо ба зиёни манофеъи худ ва ба манфиъати дигарон аз хамкавмонамон дурй мечуем? Чаро мушкилоти мо бо кишвархои хамсояро бояд тарафи севвум халлу фасл кунад? Чаро бар мо тахкиру тавхин раво мебинанд ва номи мо чизе ба чуз «кочокчиёни маводди мухаддир» нест?

Бо баёне дигар, ранчиши торихй дар хайбате илмй ба унвони хакикати торихй, на шувинизм, бояд мухаррики ормони милли мо бошад. Чаро яхудихо ва чеченхо муттахиданд? Чаро акнун русхо хилофи манофеъи омрикоихо амал мекунанд? Чун онхо ранчиши торихй доранд. Яхудихо нахуст аз арабхо озор диданд ва сипас аз Олмони фошистй. Ва чеченхо кудурати саркубхои истолиниро ба дил доранд. Русхо ба хотири фурупошии Шуравй аз омрикоихо ва урупоихо дили хуше надоранд . Вале точикхо аз касе наранчидаанд? Боз хам мегуям, ки сухбат аз хакикати торихист, на шувинизм ва миллигаройи. Чаро мо наметавонем аз хакикати торихй бигуем?

Бигзоред аз худамон бипурсем: агар мо ориёихои бузурге чун гузаштагонамон Бухорй, Рудакй, Сино, Румй, Хофиз, Гафуров ва гайра хастем, чаро мо дар Русия хукуке надорем? Чаро мо наметавонем саранчом хамин ниругохи Рогунро бисозем ва он хам бидуни мувофикати хамсоягон? Чаро онхо метавонанд мавзеъашонро тагйир диханд, аммо мо ичоза надорем аз мавзеъамон дифоъ кунем? Чаро дигарон дар сарзамини мо манофеъи худашонро доранд, аммо хукуку манофеъи мо дар кишвари онхо поймол мешавад? Чаро мо бо ин хама манобеъи гании табиъй факирем? Оё ин хамон пурсишхое нест, ки имруза дар сари хар точике мечархад?

... Вакте ки ман назаротамро дар мизи гирде дар Маркази Тахкикоти Стротежик дар миён гузоштам, хазарот Хочй Акбари Турачонзода ва Мухаммади Навид напазируфтанд, ки «мо хазорон сол давлат надоштаем». Онхо гуфтанд: «Хукуматхо хонадонй буданд, аммо умури давлатро точикхо мегардонданд. Бухоро дар вокеъ давлати точикон буд.» Дуруст аст. Агар ин тавр набуд, мо холо дигар вучуди хоричй надоштем. Вале аз барои Худо, агар коло руи души хар аст, метавон иддаъо кард, ки хамон хар сохиби колост?

Оре, чахони порсй аз Багдод то Хиндустон ва аз обхои гарм то Кошгар доман афрохта буд. Ба порсй мегуфтанду меофариданд. Моро фархангамон начот дод. Аммо мо танхо мучрй (ичрокунанда)-и сиёсати дигарон будему сиёсати худй надоштем. Фотехон хамеша бо мардуми махаллй чунин бархурд доранд. Дар натича дар соли 1929 Иттиходи Шуравй хамин хоки феълиро ба точикхо садака дод. Ин навъе изхори эътирозу иддаъои ампротурй ба чахони порсй буд. Тачовуз ба хоки Афгонистон дар соли 1979 далели дигари ин иддаъост . Давлати мо дакикан барои точикон сохта нашуда буд. Вагарна вазъияти фархангй, мазхабй ва маърифатимон дар давраи Шуравй он кадр гадоманишона намешуд. Ва шояд вазъияти кунунй хам натичаи хамон аст.

Кутохи сухан, ранчиши сиёсй, яъне хакикат, бояд ангезаи дуктрини ормони миллии мо бошад, то пешинаи ориёйи-порсй-исломии моро ба равшанй бозтоб дихад .

English