tajikistanweb.com
010408 –
Як кумитаи порлумонии Киргизистон рузи душанбе ба баррасии масъалае нишаст, ки «вуруди сарзада ва бидуни ичозаи шахрвандони Точикистон ба сарзамини Киргизистон» унвон шудааст. Ба гуфтаи Кумитаи равобити байнулмилалии порлумони Киргизистон, ин иттифок рузи 26 морс (март)-и 2008 дар устони Боткени Киргизистон рух додааст.
Тайи мохи гузашта сиёсатмадорони киргиз борхо иддаъохои мушобехе кардаанд ва дар матбуъоти Киргизистон чандин макола мунташир шуд, ки Точикистонро ба
«
тачовузи арзй» муттахам мекард
.
Точикистон то кунун талош накардааст дар баробари ин иддаъохо расман аз худ дифоъ кунад. Шояд тасмими ахири кумитаи порлумонии
Киргизистон мабнй бар мукобила бо такрори ин руйдод аз рохи иттихози
«
чорахои муносиб ва хаматарафа
аз чумла тавассул ба зур» макомоти точикро ба додани посухе водорад.
Кобой Каробоев – намояндаи мардуми Киргизистон дар мусохиба бо хабаргузорихои киргиз таъкид кардааст, ки точикхои воридшуда ба хоки Киргизистон мусаллах будаанд ва вуруди онхоро макомоти Точикистон
раво донистаанд
.
Аз ин ру, ба бовари у, барои чилавгирй аз такрори он бояд аз хар рохи мумкин талош кард.
Кумитаи Жогорку Кенеш (мачлиси Киргизистон) тавсия кардааст, ки раванди аломатгузории марзхои миёни ду кишвар шитобонда шавад. Ибхом (норавшанй) дар хутути марзй далели умдаи хаводиси марзй ба шумор меояд. Бештари «тачовузхои арзй» натичаи суитафохум дар мавриди марзхои давлатии мубхам аст.
Миёни нохияи Исфараи Точикистон ва устони Боткени Киргизистон порахои замини мавриди низоъ вучуд дорад. Ин мушкил дар мохи жонвие (январ)-и соли 2003 боъиси
бурузи ошубхои марзй шуда буд, ки хатари низоъи байникавмй дар минтакаи Фаргонаро афзоиш дод.
Дар мохи жонвие (январ)-и 2003 худуди 300 тан аз мардуми нохияи Исфара як посгохи марзии киргизиро вайрон ва ду тан афсари интизомии киргизро захмй карданд. Дар талофии ин икдом худуди 100 тан аз шахрвандони Киргизистон низ ба як посгохи марзии точикй дар устони Сугд юриш бурданд. Он замон макомоти хар ду кишвар кавл дода буданд
,
ки талошхо барои таъйини нукоти марзии мавриди низоъро шитоб хоханд бахшид. Бо гузашти панч сол аз он хаводис пешрафте дар ин замина хосил нашудааст ва хамон мушкилоти пешин ба равобити миёни ду кишвари хамсоя осеб мерасонад.
Ахиран
коршиносони киргиз шадидан ба назарияхои тавтеъа моил шудаанд. Нурлон Абдуллохов, фавки лисонси иктисод дар Киргизистон дар тозатарин тахлили худ зери унвони «Точикистон доманаи ишголи хоки Киргизистонро густариш медихад» навиштааст: «Мусалламан, мавориди муназзами накзи марзи Киргизистон аз суи шахрвандони Точикистон «идомаи мантикй»-и фаъъолияти барномарезишуда барои сукно гузидани гуруххои кучак дар хоки Киргизистон ва ишголи гайримахсусу тадричии он тавассути точикхост
.»
У муддаъист, ки шахрвандони Точикистон «касд доранд ба таври гайриконунй заминхои Киргизистонро ишгол кунанд ва дар он сохтмон бисозанд ва аз хезуми минтакаи Куктош истифода кунанд.»
Аммо Абдуллохов низ ба беш аз 70 пораи замини
миёни Киргизистону Точикистон ишора мекунад, ки хануз мавриди мунокиша аст ва бар шиддати мушкил меафзояд. У мегуяд:
«
Устони Боткени Киргизистон
мушкилзотарин бахши минтака аст, чун нохияи Ворухи Точикистон даруни каламрави ин устон вокеъ аст.»
Бад-ин гуна
,
мушкили вокеъй «фаъъолияти барномасозишудаи точикхо барои ишголи хоки Киргизистон» нест, балки ибхом дар хутути марзист.
Саломат Аламонов – раиси кумисиюни давлатии Киргизистон
дар умури марзй низ зимни мусохибае бо
рузномаи Комсомольская Правда
(07.12.2007)
хамин назарро баён кард. У гуфт: «Дар мавриди хамсоягонамон дар чануб бояд бигуям, ки мо хануз бо онхо хутути марзиро таъйин накардаем. Замоне ки хамаи мо дар таркиби Иттиходи Шуравй будем
,
андак касе ба мавзуъи марзхои идорй таваччух мекард ва марзхо тавассути Хизби Кумунист дар як лахза таъйин мешуду тагйир мекард. Касе он замон ба фикри мустанадоти ин икдом набуд. Порахое аз хоки Узбакистон дар каламрави Киргизистон вокеъ шуданд ва хамин тавр тиккахое аз сарзаминхои Киргизистону Точикистон бо хоки Узбакистон ихота шуданд. Хамаи ин бесарусомонй мероси рахбарии пешин аст.»
Аз ин ру Аламонов тавонистааст бо чинихо ба осонй ба муъомилае даст ёбад. У мегуяд: «Мо тачрубаи Чинро дорем, ки бо фарханги волое бо масоили марбут ба марзхои давлатй бархурд мекунад. Аломатгузории марз бо Чин бо комгорй анчом шуд.»
Танхо далели он комгорй метавонад ин хакикат бошад, ки Чин ва Иттиходи Шуравй аз дербоз марзхои нисбатан равшану дакик доштанд ва фурупошии Шуравй бахсхои танишолудро дар пай надошт.
Ба хотири чилавгирй аз бурузи лахазоти талхи дигар миёни Точикистон ва Киргизистон макомоти хар ду кишварро мебояд дар хотир дошта бошанд, ки бехтарин рохи халли мунокишоти миёни хамсояхо гуфтугуст, на «тавассул ба зур». Аломатгузории тамому комил, сареъ ва дар айни хол беъачалаи марз хамаи мунокишоти марзии билкувва миёни ду кишварро ба фарчом хохад расонд.