ХУКУКИ БАШАР
Youth
Entertainment
020408 – Ба гузориши Кумисериёи Олии Созмони Милал дар умури панохандагон, ин бунёд ва давлати Точикистон дар мавриди тахкими хамкорихо ва идгоми худуди 1000 панохандаи афгонистонй ба чомеъаи Точикистон, ки зарфи 20 соли ахир дар ин кишвар зиндагй кардаанд, ба тавофук расиданд.
Хадафхои
хамкорй дар баёнияи муштараке, ки рузи душанбе тавассути Хамроххон Зарифй – вазири хоричаи Точикистон ва Антонио Гутеррес – Кумисери Олии СММ дар умури панохандагон дар Душанбе имзо шуд, омадааст. Гутеррес барои анчоми як сафари чахорруза вориди Точикистон шудааст.Кумисериёи Олии Панохандагон ва Точикистон таъкид карданд, панохандагоне, ки барои муддати дарозе дар ин кишвар мондаанд, метавонанд «барои икомати доимй ё тобеъияти Точикистон» ба макомот дархост бидиханд. Худуди як хазор панохандаи афгонистонй аз авохири дахаи 1980 ва авоили 1990 то кунун дар Точикистон ба сар мебаранд.
Онхо хамчунин тадбирхоеро барои худкифо кардани панохандагон эълом карданд. Дар баёния гуфта шудааст, ки хар ду тараф ба таври муштарак
« барои панохандагон даврахои омузишии хирфайи ва фаннй хоханд гузошт , ки бо такозохои бозори кор созгор хохад буд . Хамчунин даврахои омузишии забонхои точикй (порсй) ва русй барои панохандагон ва фарзандони онхо баргузор хохад шуд.»Дар ин баёния аз хамкории Кумисериёи Олии Панохандагон бо созмонхои байнулмилалии дигар барои бехбуди вазъияти бехдошт ва имконоти омузишй барои панохандагон ва мардуми махаллй химоят шудааст.
Гутеррес дар чараёни дидорхояш бо макомоти баландпоя, аз чумла раисичумхурй Рахмон, вазири хорича Зарифй, вазири кору таъминоти ичтимоъй Шукурчон Зухуров ва вазири кишвар (дохила) Махмадназар Солехов мавзуъи конунгузории Точикистон дар бораи панохандагонро баррасй кард. Гутеррес ба Рахмон гуфт, ки Точикистон дар заминаи бехбуди сомона (систем)-и панохандагй ва химоят аз панохандагон ба натичахои мусбате даст ёфтааст. Вай бо ишора ба поёни чанги дохилии 1992-1997 гуфт: «Точикистон улгуи мунхасир ба фарди мудирияти пас аз чанг аст ва ин хакикат, ки дигар панохчуи точике бокй намондааст, бехтарин
намунаи ин навъи мудирият аст.»Вай афзуд: «Акнун мардуми точик
... бо гушодадастию саховат ба афроди дигаре ру меоваранд, ки ба химояту хифозат ниёз доранд. Умедворам, ки тачрубаи Точикистон тавассути чомеъаи байнулмилалй шиносойи ва аз он кадрдонй хохад шуд.»Афзун бар дидор бо макомот, Кумисери Олй рузи чахоршанбе бо созмонхои гайридавлатии хамкори бунёди панохандагони Созмони Милал дидор дошт. У хамчунин дар чараёни гушоиши як маркази омузишии бунёди панохандагони СММ бо шуморе аз панохандагон мулокот кард.
Кумисериёи Олии СММ дар умури панохандагон хамрох бо созмони «Фидокор», ки шарики ичройии ин бунёд дар Точикистон аст, барои панохандагон ва точикхои ниёзманд даврахои ороишгарй, дузандагй, нонвойи, улуми роёнайи (компютерй) ва ронандагй доир кардаанд. Афзун бар ин «Фидокор» барои форигуттахсилони ин даврахо семинорхоеро дар бораи чигунагии огози кор баргузор мекунад.
Панохандагон бо
Гутеррес дар бораи чолишхои пешоруяшон, аз чумла мизони баланди бекорй ва дастмузди кам, киматхо ва ичораи гарон сухбат карданд. Кумисери Олии СММ изхори умедворй кард, ки онхо бо фаро гирифтани хирфахои тоза дар ин даврахо даромади бештаре ба даст хоханд овард ва мустакил хоханд шуд.Кумисериёи Олии СММ дар умури панохандагон дар соли 1993 дафтари худро дар Точикистон гушуд, замоне ки кишвар ду сол пас аз эъломи истиклол дар бухбухаи чанги дохилй месухт.
Точикистон нахустин кишвари Осиёи Миёна аст, ки Кунвонсиюни соли 1951 дар бораи панохандагон ва прутукули соли 1961-и онро имзо кардааст
. Точикистон хамчунин пешоханги минтака дар тасвиби конуни панохандагон буд . Кумисериёи Олии Панохандагон дар амри бозгашти бечошудагони чанги дохилй ба хонахояшон ва таъмини маъишати онхо ёрй кардааст. Точикистон дар холи хозир мизбони 1710 паноханда ва панохчу аст, ки бештарашон шахрвандони Афгонистонанд.
Ин севвумин дидори Кумисери Олии СММ дар умури панохандагон аз Осиёи Миёна аст. У мохи нувомбри гузашта ба Казокистон ва Киргизистон сафар карда буд. Вай касд дорад дар ояндаи наздик аз Туркманистон низ боздид кунад.