web.com

CULTURE

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Educataion

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

МУРТАБИТ

Regionalism Vs Nationalism

 

                         Маъсумаи Турфа

Нахустин бор, ки по ба хоки Точикистон ниходам, мохи нувомбри соли 1991 буд ва тоза ду мох пеш аз он Точикистон истиклол ёфта буд. Дар он замон чамъияти Точикистон 5.2 милюн буд, ки худуди 60 дарсадашон точик, 23 дарсад узбак ва мобакй русу аквоми дигар буданд.

Ман аз зумраи нахустин хабарнигорони «хоричй» будам, ки вориди Точикистон шуданд ва бисёр рогиб будам хама чизро ба зехн биспорам. Равшантарин тасвире, ки аз нахустин рузи дидорам аз Душанбе дорам, гаштугузорам дар имтидоди хиёбони Рудакист, ки пур аз шодию хушй буд. Сари хар чанд кадам бо чехраи машхуре рубару меомадам, ки дар гузашта дар бораашон шунида будам. Шомгохи кашанге буд ва онхо хам чун худи ман барои гардиш берун омада буданд. Чехраи нахуст Гулрухсор буд. Ман дар бораи у ва муковимати далеронааш дар баробари Шуравй матлабе навишта будам. Сипас Лоик Шеръалиро дидам, ки шояд махбубтарин шоъири он давра буд ва дар ашъораш фалсафаи мутамойизи башардустй мавч мезад. Муъмин Каноъат – устоди хамаи шоъирони точик, Абдулхамиди Самад – достоннависи мунхасир ба фард, Аскар Хаким – гуяндаи мумтоз, мунтакиди адабй ва шоъир аз чумлаи дигар чехрахои барчастаи кишвар буданд, ки он шомгох дидам. Баъдан бо Гулназар ва Бозор Собир низ ошно шудам. Хамаи онхо як паёму маром доштанд. Хамаи онхо Точикистонро дуст доштанд, бо мероси фархангии худ меболиданд ва хостори истиклолу пешрафти кишварашон буданд. Хич як дар бораи «минтака»-и худ хатто як бор лаб нагушуда буд.

Пас аз бозгашт ба Ландан дар бораи тавонмандии занони точик, ки шамъи фарханги точикро равшан нигах доштаанд, барои Би-Би-Си матлабе тахия кардам. Истидлоли ман ин буд, ки занони точик бо хифзи пушиши миллии атласу гайра ва бо хифзи забони модарй дар конуни хонавода дар баробари кудрати азими Шуравй сар фуруд наоварданд. Ман навиштам, ки хамон тавонмандй акнун дар киболи дидгоххои тундравонае, ки аз Эрон, Арабистони Саъудй ва Туркия ворид мешавад, кад алам кардааст.

Як сол баъд аз он, дар соли 1992, ман дубора ба Точикистон баргаштам, то дар бораи тазохуроти Душанбе гузориш бидихам. Намои хиёбони Рудакй дигаргун буд. Аммо шоъирон хамон буданд. Тасвири умда ин бор гавгое буд, ки бар сари чойгузинии тандиси Ленин бо пайкараи Фирдавсй бапо шуда буд.

Тазохуроткунандагон ба зудй кунтрули порлумонро ба даст оварданд ва давлати Рахмон Набиевро барканор карданд. Набиев ба сарбозхонаи нирухои Русия панох бурд. Аз мохи морс то майи 1992 маъмурони Шуравии пешин хатталимкон талош карданд кишварро даргири як чанги дохилй кунанд. Онхо мехостанд паёми намоишхои эътирозиро иваз кунанд, то тасаввуре хосил шавад, ки точикхо барои тахкими истиклол ва фархангашон чадал намекунанд, балки гирифтори танишхои миёнминтакайи хастанд. Ба дору дастахои табахкор аз саросари кишвар накше дар ин мучодила ихтисос дода шуд. Дар натича точики як минтака алайхи точики минтакае дигар чангид. Бархе аз онхо сарбандхои сафед доштанд, ки бо хун мунаккаш буд. Шуморе хам чубхои мехдору хурдашишадор дар даст доштанд. Тазохуроти чудогона дар се майдон: дар хамин мактаъ буд, ки тухми «махалгаройи» дубора чавона зад. Аз мохи септомбр то десомбри 1992 кумунистхо бо пуштибонии нирухои Русия дар чануби кишвар хамалоти шадиде анчом доданд. Рузи 8 десомбр Душанбе-пойтахт тахти кунтрули онхо даромад.

Панч соли даргирихо ва хунрезй захмхои беэътимодиро жарфтар кард. Ин чанги панчсола бунияи молй ва борварии иктисодии кишварро ба замин нишонд. Зерсохтхо вайрон шуданд ва мардум ба нихояти бенавойи расиданд. Ин вазъият барои барангехтани хисси «махалгаройи» бисёр мусоъид буд. Аз ин ру, хатто бо гузашти дах сол аз поёни чанг хам хузури ин хис дар чомеъаи Точикистон хамчунон махсус аст ва сафахоти матбуъоти кишварро бо навиштахои фаровон пур мекунад.

Вале бо нигохе дакик дар кунхи «махалгаройии точикй» метавон заъфи мантикии онро дарёфт. Барои тамйизи гурухе аз мардуми як кишвар аз бокии он чомеъа раддабандихои назарй (теоретик)-е вучуд дорад, ки далелхои танишро муъайян мекунад.

Раддабандии нахуст марбут ба касонест, ки ба чудойии кавмй ва динй муътакиданд. Нахустин шохиси он тафовутхои забонй ва ё динист. Баъзан ин эътикод ба эчоди чунбишхои «чудоихох» мунтач мешавад. Барои намуна, чудоихохони Боск дар Испониё муддаъианд, ки забону фарханге мутафовит аз дигар мардуми кишвар доранд ва хостори чудойи аз Испониё хастанд.

Шохаи дигаре аз бовармандон ба махалгаройи шояд чудоихох набошанд, аммо ба тафовутхои кавмии худ имон доранд. Барои намуна, озарихои Эрон метавонанд иддаъо кунанд, ки доштани мадрасахо ба забони озарй ба унвони забони аслии тадрис хакки онхост. Ё мусалмонхои мукими Фаранг метавонанд муддаъй шаванд, ки хак доранд фарзандонашонро ба мадрасахои вижае бифристанд, ки дар онхо ислом дар конуни омузишу парвариш карор дошта бошад.

Бад-ин гуна, хуввияти кавмй бар мабнои тафовутхои равшани забонй, динй ва фархангй таъйин мешавад. Мардумшиносон истидлол мекунанд, ки хатто ин навъи хуввият тахти шароити вижае падид меояд. Аъзои як гурухи кавмй маъмулан хостори мондагорй ва тадовуми забонй ва фархангии худ мешаванд. Барои намуна, Афгонистон аз гуруххои гуногуни кавмию мазхабй муташаккил аст: паштун, точик, узбак, туркман, хазора ва гайра. Дар миёни аквоми Афгонистон тафовутхои бунёдини фархангй ва эътикодие хаст, ки тайи даврае дароз пойдор мондааст. Бо вучуди ин, онхо мехоханд дар кишвари вохиде ба номи Афгонистон бо хам бимонанд, чун Афгонистон зодбуми онхост ва мазхабу фархангу сарнавишти онхо бо он сарзамин гирех хурдааст. Ва ба хамин шакл, дар Курдистон, Балучистон ва Озарбойчони Эрон хуввиятхо, забонхо ва ойину русуми мутамойиз аз хамро дорем. Бо ин васф, хамаи онхо Эронро михани худ медонанд. Ин тафовутхо дар мавриди Точикистон сидк намекунад.

Баъзан ин раддабандихо дар хам мепечад ва танишхои вахим ва чангхои дохилиро падид меоварад. Сри Лонко тайи беш аз 17 сол аст, ки дар чанги танишхои миёнкавмй ва чанги дохилй миёни миллигароёни Томил ва Синхолй дасту по мезанад. Решаи ин танишхо умдатан бесуботии иктисодй будааст. Дар Урупо низ чанд намунаи мушобехе хаст, ба монанди Косово, Буснй, Гурчистон/Абхозистон, Русия/Чеченистон ва гайра.

Раддабандии севвум мубтанй бар бовари намояндагони як миллат, нажод ё гурухи кавмй ба «бартарй» бар дигарон аст. Хамонанди чизе, ки Одулф Хитлер дар бораи нажоди Ориё муддаъй шуд. Элй Кедурй, аз назарияпардозони умдаи «носиюнолизм» мегуяд, бештари чунбишхои миллигаро «ошкоро мухолифи хоричихо ва бегонагон хастанд.»* Ба гуфтаи у, ин хис метавонад миёни ду насл дар як кишвар хам буруз кунад. Вай меафзояд, бо ин ки дар бархе намунахои мукобилаи «миллигаройи» алайхи «истеъмор» ва султаи хоричй «ният хайр аст», дар кул «бартаричуйи»-и хар гурухе бар гуруххои дигар метавонад паёмадхои сиёсии вайронгаре дошта бошад. Хар навъ иддаъои бартаричуёна як навъ танини фошисм ва нозисм аст. Нишонаи аслии фошисм адами тахаммули дигарон аст: динхои дигар, ойинхои дигар ва нажодхои дигар. Агар он гурухи муддаъй ба кудрат бирасад ва аз химояти артиш бархурдор бошад (ба монанди Хитлер дар Олмон, Франко дар Испониё ё Муссулини дар Итолий), дар мавориде он ба аъмоли мухаррибе ба монанди кавмкушй ва наслкушй даст мезанад.

Яке дигар аз далелхои таниш ихтилофоти кабилаист, ки хамонандашро дар Офрико дидаем. Наслкушй дар Руонда хамаро такон дод ва маълули он чанги миёни кабилахои Хуту ва Тутсй буд. Як намунаи дигари онро ин рузхо руи сафхаи телевизюн мебинем, ки Кикуйу – бузургтарин кабилаи Кениё алайхи кабилаи Луу мечангад. Нахуст садхо тан аз кабилаи Кикуйу кушта шуданд ва сипас куштори аъзои кабилаи Луу огоз шуд.

Дар миёни кишвархои урупойи низ минтакагаройи дида мешавад. Салтанати Бритониё иборат аст аз сарзаминхои Искотланд, Велз, Инглистон ва Ирланди Шимолй. Суис (Швейтсария) аз минтакахои олмонизабон, итолиёизабон ва фаронсавизабон муташаккил аст. Онхо низ дар гузашта даргирихои хунини тулонй тавъам бо вайронихои фаровон доштаанд. Вале боз хам далели ихтилофи онхо тафовутхои ошкори забонй ва фархангй будааст. Онхо хатто метавонанд аз давлати марказй истиклоли нисбии сиёсй ва идорй бихоханду дарёфт кунанд. Ба хар хол, он танишхо голибан бартараф шудаанд ё аз рохи сохтори сиёсии демукротик халлу фасл шудаанд.

Аммо хич як аз ин раддабандихо дар мавриди Точикистони имруза сидк намекунад. Забони аслй, дин ва фарханги точикон муштарак аст ва точикхо аксарияти чомеъаи кишварро ташкил медиханд.

Аз ин ру дарки истидлолхои «махалгарохо»-и точик сахт аст. Оё онхо дар бораи бартарии Кулоб бар Хучанд ё Гарм бар Зарафшон ё Помир сухбат мекунанд? Оё хамаи ин минтакахо бо точикон маскун нестанд, ки дини голибашон ислом ва ториху фархангашон муштарак аст? Оё метавон чиддан руи ихтилофоти кавмй, кабилайи, забонй ва фархангй миёни онхо ангушт гузошт? Оё мешавад бо диккати илмй собит кард, ки мардуми як минтака аз «нубуг» бархурдоранду дигарон аз он бенасиб?

На, вале метавон истидлол кард, ки ин як таниши ниходинашуда аст, ки амдан барои тафрика андохтану хукумат кардан эчод шудааст. Ин навъи сиёсат аз мероси ахди шуравист. То замоне ки «махалгаройи» дар Точикистон зинда аст, метавон гуфт, ки мероси шуравй хамчунон зиндаву побарчост.

Чумхурии худмухтори шуравии сусиёлистии Точикистон рузи 10 нувомбри соли 1924 таъсис шуд ва дар соли 1929 пас аз фуру нишондани ошубхои минтакайии 1922 ва 1926 он ба чумхурии тамомъайёри шуравй таблил шуд. Марзхои Точикистон ба таври маснуъй аломатгузорй шуданд ва танхо 700 000 тан дар дохили марзхои Точикистон карор гирифтанд. Шуравй хамчунин кушид хуввияти фархангии ин чумхуриро дасткорй кунад. Самарканду Бухоро, ки калби тапандаи мероси фархангии точикон буданд, ба Точикистони шуравй таъаллук нагирифтанд. Аз ин ру, ба гуфтаи Бенчомин Петринй, «Точикистон марказхои фарханги шахрй ва мухимтарин бахши хуввияти худро аз даст дод.»**

Петринй мегуяд, барои дарёфтани решахои махалгаройи, ки дар соли 1992 эхё шуд, мо бояд нахуст бидонем, ки хокимони Шуравй дар Маскав «аз он гуруххои минтакайи химоят мекарданд, ки ба манофеъи Маскав вафодор буданд». Аз соли 1946 то 1992 нухбагон (элита)-и хокими Хизби Кумунисти Точикистон сирфан аз шимоли кишвар, ба баёне дакиктар, аз шахри Хучанд (Ленинобод)-и устони Ленинобод меомаданд. Горбачев, баъд аз ин ки сари кудрат омад, талош кард тавозуни нухбагони хоким дар Осиёи Миёнаро баркарор кунад ва гуруххои собикан махрумро вориди кишри хоким кард. Дар пайи он, ба гуфтаи Петринй, «кулобихо низ ба занчираи фармондорон пайвастанд». Гуфта шудааст, ки гуруххои минтакаие, ки берун аз ин халка буданд, дар давраи чанги дохилй ба пайкор бархостанд, то мутмаин шаванд, ки он нододгарй боз такрор нашавад.

Аз хар зовияе, ки ба ин мавзуъ бингарй, мебинй, ки таниши миёни минтакахо дар Точикистон як мушкили воридотист ва аз пасмондахои сиёсати Шуравй дар дахаи 1920 аст. Ин тавтеъаест, ки ба манзури чудо нигох доштани точикон аз хамдигар пиёда шудааст. Махалгаройи дар Точикистон хич далели кавмй, динй ё кабилайи надорад. Бо вучуди ин, махалгаройи ба пои андеша ва пешрафт дар Точикистон завлона задааст. Аз поёни чанги дохилй беш аз дах сол мегузарад, вале хануз аз чомеъаи маданй дар Точикистон хабаре нест. Дари бахсу мунозира баста аст, матбуъоти озод зери фишори такаллуботи хукукй шикаста шуда ва шукуфоии иктисодй нопайдост. Мардум, аз бими бурузи чанге дигар, дар сукут ранч мебаранд. Бо гузашти дах сол аз поёни чанги дохилии хунбор мардуми пойтахт хануз аз оби поки ошомиданй бенасибанд. Барку гоз ба таври муназзам ба мардум намерасад, бекорй ва факр бедод мекунад, бемористонхо ва мадорис мучаххаз нестанд. Инхо мушкилотест, ки бояд сари халлашон андеша кард. Вале балои «махалгаройи» фаъолони сиёсии тахсилкардаро хам ба худ машгул кардааст ва онхо низ бар сари рафъи мушкилоти хаётй камтар меандешанд. Даргирихои дахаи 1990 алайхи душмане буд, ки берун аз даргирихо карор дошт. Аммо акнун танишхои лафзй бар сари «бартарии минтакайи» аз даруни кишвар хидоят мешавад.

Тамоми ин суханхо дар лобалои навиштахои Лоик Шеръалй, Гулрухсор, Муъмин Каноъат, Абдулхамиди Самад, Аскар Хаким, Фарзона, Гулназар ва Бозор Собир нухуфтааст ва агар онхоро бо диккат бихонед, дар хохед ёфт.

Дуктур Маъсумаи Турфа аз пажухишгарони Муассисаи мутолеъоти ховарй ва офрикойи, Донишгохи Ландан аст. У тайи солхои 1998-2000 сухангуи Созмони Милали Муттахид дар Точикистон буд. Пеш аз он Маъсумаи Турфа тахиякунандаи бахши чахонии Би-Би-Си будааст. Аз соли 2004 то 2006 у мудири бахши точикии родю Озодй буд.

______________________

*E. Kedouri, Nationalism, London 1966, Chapter 6.

**Benjamin Petrini, Russian Post-Soviet Foreign Policy in Central Asia: the case of Tajikistan, Year 3, volume 2, Journal of Middle Eastern Geopolitics, University of Rome.

English