Вопасин Ленини Душанбе рафт
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Соли гузашта раисичумхурй Рахмон порки миллии шахрро, ки махалли насби мучассамаи Ленин буд, ба номи Абуабдуллохи Рудакй номгузорй кард ва дастури чойгузинии Ленин бо тандиси Рудакиро дод. Карор аст дар авохири соли равон 1150-умин солгарди зоиши Рудакй тачлил шавад.
Пайкараи Ленинро шаби якуми морс (март) ба зер кашиданд ва ба Бунёди Хунархои Точикистон тахвил доданд. Ин созмон сарнавишти баъдии мучассамаро ракам хохад зад.
Кумунистхои точик хануз умедворанд, ки хакки тасохуби пайкара ва насби он дар баробари сохтмони ситоди Хизби Кумунистро ба онхо хоханд дод. Кумунистхо мохи нувомбри гузашта бад-ин мазмун ба давлат дархосте дода буданд, аммо то кунун посухе дарёфт накардаанд.
Шодй Шадболов, рахбари Хизби Кумунисти Точикистон, аз шунидани ин хабар шигифтзада шуд, чун онро тоза бомдоди рузи душанбе дарёфт кард. Вай дар гуфтугу бо
Asia-Plus изхори умедворй кардааст, ки давлат дархости хизб дар мавриди накли макони мучассамаро бароварда хохад сохт.
Ин хабар кумунистхоро маъюс кардааст. Субхон Сафиаллохов, аз макомоти Хизби Кумунист ба хабаргузории Руйтер гуфтааст: «Касе хакки анчоми ин корро надорад. У марди бузурге буд». Аммо ин кор анчом гирифта ва акнун бояд мунтазир монду дид, ки мучассама дар кучо дубора падидор хохад шуд ва оё хохад шуд?
Аммо ин эътирозоти хафа ва фурухуфтаи кумунистхои солманд хатто пажвоки заъифе аз фигоне нест, ки мохи септомбри соли 1991 дар паи сарнагунии нахустин ва мухимтарин мучассамаи Ленин дар Душанбе баланд шуд. Мухимтарин нишонаи импротурии Шуравй дар пойтахти Точикистон тавассути муътаризони хашмгин вожгун ва хурд шуд. Рузномаи
«(
Давлат) Худоназаров бо дархости демукротхои точик дар авоили мохи септомбр мувофикат кард, ки номзадиашро ба макоми раёсати чумхурй пешбарй кунад. Рузи 20 септобр у Маскавро ба касди Душанбе тарк гуфт. Дар Душанбе тазохуроти анбухи зиддикумунистй аз шахрдор Максуд Икромов хоста буд, ки бо пайравй аз Гавриил Попов – шахрдори Маскав дастури сарнагунии мучассамаи азими Ленинро бидихад. Ман шунидаам, ки дар натичаи кашмакашхо мучассама ба руи замин вожгун ва тикка-пора шудааст. Рахмон Набиев, раисичумхурии изтирории навини Точикистон, дастури боздошти Икромов ва насби дубораи мучассамаи Ленинро додааст. Бино ба тозатарин хабархои расида аз Душанбе, шахрдор Икромов хамчунон дар озодист, тиккахои мучассамаро наметавон ба хам чушкорй кард ва Давлат Худоназаров дар раъси нируи муковимат аст.»
Саранчом шахрдор Икромов мохи морси 1992 боздошту зиндонй шуд, аммо мучассама дигар ба махалли обрумандаш барнагашт. Соли 1999 чуссаи азими подшохи точикон (порсхо) дар садаи 9-и мелодй – Исомъили Сомонй чои уро ишгол кард. Тандиси вайроншудаи 270-килуграмии Ленин соли 1992 ба унвони оханкуроза (металлолом) ба фуруш рафт.
Бархе аз хабаргузорихо ба иштибох навиштаанд, ки мучассамаи барчидашудаи ахири Ленин вопасин тандиси у дар саросари кишвар будааст. Мучассамаи Ленин хамчунон дар шахри Хоруги Бадахшон, дар баландтарин нукта бар фарози сатхи дарё побарчост. Баландтарин тандиси Ленини точик (12 метра) дар шахри Хучанд низ хамчунон дастнахурда аст. Нимпайкарахо ва тандисакхои зиёди дигари рахбари булшевикхо дар манотики мухталифи Точикистон оташи дилтангй барои Шуравиро дар калби солмандон шуълавар нигах медоранд.
Аммо тандиси брунзи Ленин дар Порки миллии Душанбе дар навъи худаш дар кишвар бехамто буд. Он нусхаи алмусанно (айн)-и асли мучассама дар Санкт-Петерзбург аст, ки тавассути Владимир Козлов – пайкаратароши рус сохта шуда ва бо катор то шахри Термези Узбакистон оварда шуда буд. Сипас
мучассама ба ачзоъ таксим шуда ва тавассути Горди Сурх бар души шутурхо то Душанбе мушойиъат шуда буд . Тандиси Ленин соли 1926 дар маркази Душанбе насб шуд.Назарсанчии хафтаномаи
Asia-Plus дар Точикистон мизони дилбастагии мардум ба тандисро нишон медихад: 29 дарсади хонандагон хостори бокй мондани мучассама дар порки шахр шудаанд, дар холе ки 39 дарсади дигари онхо дар ин мавриди изхори бетафовутй карда ва гуфтаанд, ки Точикистон барои баррасй мушкилоти мухимтаре дорад.