web.com

РАСОНАХО

МУРТАБИТ

Wikipedia: Saad Mohseni

Manija in Afghanistan

Tolo TV on Youtube

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

tajikistanweb.com

Сохиби телевизюни Тулуъи Афгонистон аз давлати Хомид Карзай ва чомеъаи байнулмилалй хостааст, ки алайхи мухофизакорони мазхабй дар ин кишвар муковимат кунанд ва нагзоранд, ки «як акаллияти кучаки чомеъаи Афгонистон шароити зиндагиро дикта кунад.»

Дар паи судури катъномаи порлумони Афгонистон , ки хостори манъи намоиши ракс ва дигар « умури гайриисломй » дар телевизюн шудааст , Саъд Мухсинй дар мавриди « толибонисозии дубораи чомеъаи Афгонистон » хушдор дод . Катъномаи мачлиси суфло хануз табдил ба конун нашудааст. Он нахуст бояд ба таъйиди мачлиси улё бирасад ва танхо имзои раисичумхурй онро табдил ба конун хохад кард.

Аъзои мачлиси суфлои порлумони Афгонистон такозо кардаанд, ки намоиши ракси занон дар телевизюн мамнуъ шавад. Ин тасмим дар паи намоиши ракси занони афгонистонии бехичоб бо шуморе аз мардони афгонистонй дар маросими эътои чавоизи як мусобикаи синемо дар рузи 28 морс (март) гирифта шуд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз аз корзоре, ки вазорати иттилоъоту фарханг, мачлиси суфлои порлумон ва Шурои уламои Афгонистон алайхи телевизюнхои хусусй, ба вижа Тулуъ рох андохтаанд, изхори бухту хайрат кард.

Ин созмон афзуд: «Мо аз Абдулкарими Хуррам – вазири иттилоъоту фарханг мехохем, ки суханонашро пас бигирад ва дигар дар мухтавои барномахои телевизюни Афгонистон дахолат накунад. Мо аз телевизюни Тулуъ, ки барандаи чоизаи таъаххуд ба озодии баёни мо дар соли 2005 буд, комилан химоят мекунем.»

Вазири паштуни иттилоъот ва фарханги Афгонистон рузи 29 морс (март) намоиши сахнаи раксро махкум кард ва гуфт: «Раксидани мардону занон бо хам бо фарханги чомеъаи мусалмони Афгонистон ба тамом мунофот дорад.»

Дар мухити мамлув аз таниши кавмии Афгонистон Абдурраб Расули Сайёф – як чангсолори пешини паштун низ истгохи телевизюнии Саъд Мухсини точикро хадафи хамалоти лафзии худ карор дод. У хостори бастани он шуд ва иддаъо кард, ки Тулуъ дар дасисахои хоричихо хамдаст аст.

Аммо хамаи аъзои мачлис бо катъномаи он мувофик набуданд. Фавзия Куфй узви точики порлумон аз устони Бадахшони Афгонистон катъномаро ба унвони як мавриди накзи озодии расонахо такбех кард.

Шукрия Боракзай – узви паштуни порлумон алайхи катъномаи мачлиси суфло хашми бештареро ба намоиш гузошт ва гуфт: «Давлат бояд чилави тачовуз ба номуси духтарону писарон тавассути кудратмандонро бигирад. Давлат бояд нагзорад , ки фармондехон бачахои кучакро пеши худ нигах доранд. Пеш аз мамнуъияти он барномахои телевизюнй бехтар аст ин корхо анчом бигирад.»

Бо дахолати мутаъассибони мусалмони Хирот, ки минтакаи точик (порс)-нишин аст, обу ранги мазхабии мучодила барчастатар шуд . Онхо тахдид карданд, ки интикоми намоиши он «сахнахои нописанд»-ро хоханд гирифт ва дафтархои телевизюни Тулуъро оташ хоханд зад.

Бо вучуди ин, Саъд Мухсинй муътакид аст, ки сахнаи ракс дар маросими эътои чавоиз «бино ба хар мавозине бисёр одиву муаддабона буд » ва занон либоси нописанду шахватангез ба тан надоштанд.

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз хабар медихад, ки алайхи Рахнаварди Зарёб – аз нависандагони саршиноси точики Афгонистон суикасди нофарчоме сурат гирифтааст. У аз кормандони телевизюни Тулуъ аст. Бино ба матни баёнияи ин созмон, рузи 29 морс (март) як марди мусаллах ба хонаи Зарёб дар минтакаи Микрорайони Кобул наздик шуд, аммо натавонист вориди манзили у шавад, чун мардуми махалла уро дунбол карданд.

Шаймо Ризойи – гуяндаи зани барномаи тафрехии «Хоп»-и телевизюни Тулуъ соли 2005 ба зарби гулула кушта шуд. Рухониюн аз барномахои «зиддиисломй»-и у интикод мекарданд. Шаймо Ризойи дар хамон сол , пеш аз марги фачеъаш бо эътимод ба нафс ба Родю Урупои Озод / Родю Озодй гуфта буд , ки чи гуна зохири у бо либоси гарбй руи сафхаи телевизюн ва дар хиёбонхои Кобул мардумро мабхут мекунад. У гуфта буд: «Хар гох ки ман берун меравам, баъзехо дар бораи ман чизхои баде мегуянд. Аммо теъдоди ононе, ки манро ситоиш мекунанд, бештар аст. Ба вижа хонаводаам. Ва шумори зиёде аз чавонони кишварамон манро дилгарм мекунанд.»

Дар паи марги Шаймо гуяндагони зани телевизюни Тулуъ бо риъояти бештари хичоб пушти дурбин мераванд.

Соли гузашта мардони мусаллахи ношинос Закия Закй – раиси як истгохи родюиро пеши чашмони писари хаштсолааш куштанд. Гуфта мешавад, ки чангсолорони афгон аз бону Закй хоста буданд, ки мухтавои барномахояшро тагйир дихад ва у дар посух чангсолоронро сарзаниш карда буд.

Аммо телевизюни Тулуъ ба унвони пешоханги барномасозй ба шеваи гарбй хамвора хадафи хамалоти мухофизакорон будааст. Мохи жонвие (январ)-и гузашта Шурои уламои Афгонистон аз раисичумхурй Карзай хост, ки парвонаи кори ин ширкатро лагв кунад, чун барномахои он чанбаи «зиддиисломй» доранд.

Дар мохи нувомбр (ноябр)-и 2007 телевизюни Тулуъ бо намоиши кунсерти Шокира (Шакира) – овозхони кулумбиёйи, ки ронхояшро такон медод, маниши мухофизакоронро ба чолиш кашид. Сарфи назар аз ин ки бо истифода аз шевахои компютерй кафасаи синаи Шокира мастур (пушонда) шуда буд, намоиши он кунсерт хангомаи муфассалеро дар пай дошт ва як рузномаи тарафдори давлат Шокираро «овозхони поп ва раккосаи омрикойии барахна» унвон кард.

Мачлиси суфлои порлумони Афгонистон касд дорад даъвати хунармандони хоричй ба Афгонистонро низ мамнуъ кунад. Телевизюни Тулуъ аз ниходхои умдаи Афгонистон аст, ки овозхонони хоричй, аз чумла Манижаи Давлати точикистониро ба Афгонистон даъват карда буд . Манижаи Давлат дар тозатарин мусохибаи худ бо родю Замона (Омстердом) гуфт, ки мехохад бо хаводорони афгонистониаш бори дигар дидор дошта бошад. Бо тахаввулоти ахири Афгонистон мумкин аст барномаи Манижа барои муддати номаълуме ба таъвик биуфтад.

Бо вучуди ин, бино ба гузоришхои расида аз Афгонистон, Тулуъ хамчунон махбубтарин шабакаи телевизюнии кишвар аст. Гузориш шудааст, ки охирин бахши мусобикаи овозхонони чавони духтару писар мавсум ба «Ситораи Афгонистон» - ро беш аз 10 милюн бинанда тамошо кардаанд. Мардуми одии Кобул катъномаи мачлиси суфлои порлумонро назари акаллияти мухофизакори кишвар арзёбй кардаанд. Дар нихоят Хомид Карзай хохад буд, ки дар мавриди химоят аз акаллият ё аксарият тасмим хохад гирифт ва хамчунин масири ояндаи Афгонистонро таъйин хохад кард, ки ба суи толибонисозии дубора хохад буд ё демукросй.

English