Сармоягузории хайрия дар Точикистон

web.com

ИКТИСОД

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

English

tajikistanweb.com

Торнамо (сайт)-е, ки вомпардозонро аз саросари чахон бо коргушоёни тозакор дар чахони ру ба рушд мепайвандад, дар холи ташвики пардохти эътибори молй ба шахрвандони точик аст, то онхо битавонанд тичорати худро рох андозанд. 13 шахрванди Точикистон барои дарёфти эътиборхои бозаргонй ба торнамои Kiva дархост додаанд.

Хамаи ин дархостхо аз тарики MLF Microinvest дар шимоли Точикистон анчом гирифтааст. Microloan Fund MicroInvest як ниходи молии гайрибонкист, ки дар заминаи химоят аз пуштвонаи иктисодии хонаводахои камбизоъат дар Точикистон фаъъолият мекунад. Бузургтарин дихишгари ин созмон Вазорати кумакхои хоричии Иёлоти Муттахидаи Омрикост, аммо бахши аъзами карзхо аз тарики торнамохое чун Kiva ба даст меояд .

Хар як аз дархосткунандагон дар канори акси худ тавсифи муфассале аз шароити зиндагй ва далели такозои кумакашро дорад. Дар яке аз онхо мехонем:

« Абдуазиз Чабборов дар Идораи конолхои об кор мекунад, аммо бо дастмузде, ки мегирад, кодир нест хонаводаашро таъмин кунад. Афзун бар ин, соли гузашта у барои маросими арусии писараш харчи зиёдеро мутахаммил шуд. Абдуазиз аз замони кудакй аз дом (чорво) нигахдорй мекард ва акнун ин шугл манбаъи аслии даромади у шудааст. У, ки як домшиноси хуб аст, чорворо дар бахор арзон мехарад ва пас аз чанд мох онро ба кимати гаронтар мефурушад... Акнун мавсими хариди чорвост . Агар Абдуазиз аз MicroInvest эътибор дарёфт кунад , чанд гусола хохад харид

Хамин тавсифи кутох барои Абдуазиз худуди 90% маблаги мавриди ниёзашро мухайё кардааст, ки 450 дулор аст .

Аммо дар миёни чуяндагони точики эътибори молй афроде хам хастанд , ки дучори гирифтории молй шудаанд ва барои мукобила бо он ба андаке пул ниёз доранд . Ба монанди Насрй Масаидова, омузгори мадраса, ки се фарзанд дорад. Писари бузурги у мехохад бо махбубаш издивоч кунад. Аммо модари махбубаш хостори чахизияи газофе барои духтараш шудааст. Масаидова барои тахияи чахизия ба 600 дулори дигар ниёз дорад ва то кунун танхо 20 дарсади хостаашро дарёфт кардааст.

Хар як аз мутакозиёни вом дар мавриди тархи пардохти он мувофикат кардаанд, ки маъмулан аз шаш то 12 мох аст. Бо фишор додани дугмаи мушвора дар гушае аз чахон зиндагии онхо метавонад мутахаввил шавад. Хачми воми пардохтй аз 25 дулор огоз мешавад.

Registan.net торнамоест, ки ба таври муназзам Kiva- ро таблиг мекунад. Дар яке аз маколоти ин торнамо мехонем: « Масалан, агар ман ба Нурулло Отаев 50 дулор вом бидихам ва у муваффак ба бозпардохти он нашуд, онро ба хисоби як кори хайр хохам гузошт. Ва агар маблаг пардохт шуд, ман метавонам онро ба хамсояи Отаев карз бидихам. Бад-ин гуна ман барои берун овардани минтакаи Чкаловск аз факру фока накш хохам дошт. Ин ба монанди он аст, ки шумо сандуки хайрияи худатонро дошта бошед . Мутмаиннан навъе шухратхохй хам хаст, вале он бегумон асароти мусбат хохад дошт.»

Аммо фарзияи нахуст харгиз иттифок намеуфтад. То кунун хич коргушое аз бозпардохти вом шона холй накардааст. Бино ба додахои торнамои Kiva дар шаби сешанбеи гузашта, тайи хафт рузи ахир 1785 тан ба маблаги 742 525 дулор вом пардохтаанд ва 428 эътибори молй ба куллй бозпардохт шудааст.

Шароити ширкат дар ин сибкати хайрияи башариро торнамои Kiva чунин тавзех медихад:

«
Шумо метавонед аз тарики Kiva бонй (спонсор)-и як шугл (бизнес) бошед ва ба истиклоли иктисодии коргарону кормандони факири чахон мусоъидат кунед. Дар тайи давраи бозпардохти эътибор (маъмулан аз 6 то 12 мох) шумо аз фарде, ки барояш вом додаед, паёмхои электруникии тавзехй дарёфт мекунед. Пас аз бозпардохти вом пулатон бозпас ба хисобатон ворез хохад шуд