web.com

ХУКУКИ БАШАР

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Дориюши Рачабиён
tajikistanweb.com

Озодии баён , ки аз армугонхои бозсозии Горбачев дар авохири дахаи 1980 буд , барои бештари давлатхои Осиёи Миёна корди дудамаеро мемонд . Бадехиёти пазируфташуда ва хакоике , ки тайи дахсолахо матрах буд , зери шубха рафт ва чумхурихо дар садади бознависии торих баромаданд . Дар миёни бисёре аз масоил мавзуъи демугрофй ё оморгирии нуфуси Узбакистон низ ба таври мустакил тавассути равшанфикрони точики Узбакистону Точикистон дубора баррасй шуд ва иддаъохое садо дод, ки шумори расмии чамъияти точики Узбакистон (зери як милюн тан) дакик нест. Раванди бедории миллии точиконро чанги дохилии хунини Точикистон дар соли 1992 мутаваккиф кард ва раванди ворунаи он хамрох бо тадбирхои саркубгаронаи сареъи Тошканд хамчунон идома дорад. Tajikistanweb дар як ришта маколот ба пешина ва имрузи точикони Узбакистон нигох меандозад.

Солхои пасобозсозй пур аз гуфтугухо дар бораи шувинисми узбакй ва илхокгаройи ( ирредентизм)-и точикй буд, ки бар равобити Точикистону Узбакистон соя афканд. Хезиши худшиносии миллй миёни точикони хар ду чумхурии хамсоя накшаи Узбакистон барои бунёди як кишвари яккавмй, такфархангй ва такфиркайиро шадидан тахдид мекард. Марзбандихои солхои 1924 ва 1929, ки яке аз буъдхои тираи равобити миёнкавмии давраи шуравй буд, дар махолифи окодемики хар ду чумхурй баррасй шуд. Хакоике, ки руи об омад, макомоти узбакро бисёр нохушнуд кард.

Макомоти шуравии минтака фарояндеро, ки дар поёни садаи 19-и мелодй чихати тарвичи худшиносии миллии турктаборони Осиёи Миёна ба зиёни хуввияти порсй огоз шуда буд, ба ирс бурда буданд. «Понтуркистхо аз шиъори «Прулеториёи хамаи чахон муттахид шавед!»-и Корл Моркс таъбири худро доштанд. Бино ба дидгохи онхо, шиъори «иттиходи байнулмилалии хамаи коргарони хамаи кишвархо» ва «мардумони ситамдидаи чахон» ба «иттиходи хамаи туркхо» тагйир карда буд.» (Rahim Masov, The History of a National Catastrophe).

Дар натича, точикхо бостонитарин чамъияти эронии ободинишини Вароруд худро дар киболи узбакхо ёфтанд, ки баромада аз чодарнишинхои турку мугул буданд ва дар садаи понздахуми мелодй аз Дашти Кипчок мухочират карда буданд (Olcott 1987: 7). Албатта, кабл аз он низ шумори андаке аз кабилахои турктабор дар минтака ба сар мебурданд , ки баъдан дар таркиби узбакхо тахлил рафтанд . Отсуюки Укобе менависад:

« Дар даврони бостон мардуми ободинишини Осиёи Миёна эронй буданд. Аз садаи шашуми мелодй ба баъд чандин мавч аз гуруххои кучии турктабор ба ободихои минтака рахна карданд ва аз чумла дар водии Фаргона сукно гузиданд , ки дар паи он бархе аз эрониён вижагихои туркй касб карданд. Турктаборон дар рустохову шахрхо мондагор шуданд. Алорагми раванди торихии туркисозии минтака шумори зиёде аз мардуми эронй дар махалхои мухталиф пойдор монданд ва то ба садаи бистуми мелодй расиданд. Онхо дар айни омезиш бо мардумони турктабор ва такаллум ба забонхои туркй забони модарии худ, яъне порсии точикиро низ дар канори суннатхои эронй хифз карданд. Дар Осиёи Миёнаи кунунй ин мардумро «точик» мехонанд. Дар давраи хонигарии Хуканд шуморе аз точикхо аз минтакаи кухистонии чануб, ки Точикистони имрузист, ба водихо мухочират карданд.» (Atsuyuki Okabe, Islamic Area Studies with Geographical Information Systems, 2004, p.112)

Понтуркисм унсури бунёдини чумхурии тозатаъсиси Бухоро буд. Дар хамаи манотики ин чумхурй, ки сокинони умдааш эронихо (точикхо) буданд, мадраса ба забони туркии чагатойи буд. Донишомузони точик дар Чумхурии Худмухтори Шуравии Сусиёлистии Туркистон ва Чумхурии Шуравии Халки Бухоро водор мешуданд, ки ашъори ба шиддат нажодпарастона ва понтуркистие ба монанди шеъри зерро аз бар кунанд:

Турониён, ба по хезед, силох ба даст гиред,
Туркон озоданд
, Юнон табох шуд,
Комёб бод сарзамини туркхо!
Комраво бод Камол!
Чахлро рахо кунед,
Чанговар Чамол,
Ислом коим шуд, душман нобуд,
Чахони туркй нурполо шуд.

Бо талоши Камол Пошшо артиши турк
Табдил ба миллати турк шуд.
Юнон табох шуд, туркон озоданд,
Шахри Истонбул дубора аз мо шуд.
Комёб бод сарзамини туркхо!
Комраво бод Камол!
Чахлро рахо кунед,
Чанговар Чамол.

Донишманди точик Рахим Масов муътакид аст , ки « точикхо ба хотири бепарвойи , ба вижа чахоншахргаройи ( космополитанизм )- и худ кимати газофе пардохтанд

Пас аз иртикои макоми Точикистон ба унвони чумхурии тамомъайёри Иттиходи Шуравй дар соли 1929 бахши аъзами чумхурии Бухоро , минтакаи Самарканд , минтакаи Тошканд ва бештари каламрави водии Фаргона , ки хамагй чамъияти кобили мулохизаи точик доштанд , насиби Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Узбакистон шуд . Таъйини номунсифонаи худудро бо оморгирии номунсифонатари нуфус тавчех карданд . Бино ба мутолеъаи татбикие , ки коршиносон пас аз саршумории соли 1926 анчом доданд , маъмурони ин саршуморй дар бештари шахрхову рустохо ва манотик 50% точикхоро узбак номнавис карда буданд
.

Ин раванди нохамвор саршор аз даъвову кашмакашхои лафзй миёни макомоти узбаку точик буд . Яке аз он маворид миёни Исломов ва Хочибоев ( Абдуррахим Хочибоев ), намояндагони узбак ва точики нишасти вижае барои халли мушкилоти арзии ду чумхурй , сурат гирифта буд .

Пол Берн дар китоби «Мелоди Точикистон» шархи он даъворо медихад:

« Исломов талош кард боз хам аз шигирди инхирофй кор бигирад ва мавзуъи манотики перомуни шахри Хучандро дубора матрах кунад. Вай дар хар чо ки эхсоси ниёз мекард, истидлолхои иктисодй, сиёсй ва кавмй ба миён меовард, бидуни ин ки мутаваччехи нохамхонии онхо буда бошад. Ба заъми у, Конибодом ва Исфара (бо аксарияти точик) бояд дар таркиби Узбакистон бошанд, зеро иртиботи иктисодии онхо бо каламрави Узбакистон устувортар буд. Ва нохияи Нов (бо аксарияти узбак) хам бояд ба далели таркиби кавмии он ба Узбакистон таъаллук бигирад, бо ин ки Нов аз лихози иктисодй ба сарзамини Точикистон вобаста буд. Табодули назархо беш аз пеш шахсй ва нешдортар мешуд. Вакте ки Исломов ба натоичи саршумории 1926 ишора кард, Хочибоев тамоми сухбатхои уро ба унвони «як мушт музахрафот» канор гузошт ва салохияти Исломовро ба чолиш кашид, ки ба чи далеле ба мавзуъхое бармегардад, ки халлу фасл шудаанд. Исломов ба навбаи худ ёдовар шуд, ки худи Хочибоев хам зери омори саршумории 1926 дар мавриди Сурхондарё имзо карда буд, яъне бо натоичи он мувофик буд. Дар бурхае аз ин мочаро Хочибоев муддаъй шуд, ки бархурд бо узбакхо дар Точикистон се баробар бехтар аз бархурди макомоти узбак бо точикони Узбакистон будааст ва афзуд, ки Узбакистон хануз 500 000 рубли тилоро, ки Точикистон каблан тахвил дода буд, пас надодааст (дар бораи замон ва далели интиколи ин пул чузъиёте дар даст нест).

Хочибоев барои дифоъ аз мавзеъи точикхо чанд далели торихй хам пеш оварду гуфт, ки Сурхондарё бахше аз Бухорои Шаркй буд. Амири Бухоро дар Душанбе яйлок ё икоматгохи тобистона дошт. Саршумории низомии демугрофике, ки тавассути низомиёни Русия анчом шуда буд, Бухороро як кишвари порсй (персидский) тавсиф мекард, на узбакй. Хочибоев хам таслими васвасаи тархи мучаддади иддаъохои арзй шуд ва гуфт, ки Самарканд танхо 70 килуметр аз марзи Точикистон фосила дорад ва ин иддаъо, ки точикхо кодир ба идораи он нестанд, чаранд (ёва)-е беш нест. Минтакаи Ушро ба киргизхо доданд, ки фарсангхо аз Фрунзе (Бишкек) фосила дорад. Хатто Темурланг дар дафтари хотироти худ, ки дар Ландан махфуз аст, Самаркандро як шахри точикй номида буд.» (Paul Bergne, "The Birth of Tajikistan: National Identity and the Origins of the Republic", 2007, pp 120-121).

( дунбола дорад )

Tajiks of Uzbekistan. Part 2 (Cyrillic Persian)

Tajiks of Uzbekistan. Part 3 (Cyrillic Persian)

English