web.com

BUSINESS

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education

tajikistanweb.com

МУРТАБИТ

Fussies Rewarded

The White Horror

Bleak Future...

Badakhshan, the Definition of Remote

Бориши шадиди барф ва яхбастагии рудхонахо дар Точикистон ба вайронии сомона ( систем )- хои таъмини обу барк ва инзивои рустохои кухистонй анчомидааст . Ин матлабро Дафтари Хамохангии Умури Башардустонаи Созмони Милал дар дуввумин гузориши худ дар бораи сармо дар Точикистон зикр кардааст .

Дар ин гузориш бори дигар нигаронии макомоти Точикистон мабнй бар эхтимоли уфти сатхи оби садди Норак ба хадди акал дар авосити мохи феврийе таъкид шудааст . Дар сурати вукуъи он, Точикистон 39 дарсади нируи барки тавлидии кунуниашро низ аз даст хохад дод. Кохиши мизони оби Норак ба микдори 5.7 метри дигар Точикистонро даргири бухрони бузургтари энержй хохад кард. Бо ин ки хачми чараёни об ба обанбори Норак афзоиш ёфта, вазъият бетагйир мондааст.
 
Сахмиябандии сангини нируи барк барои таъсисоти начандон мухим, манотики рустойи ва хиёбонхои шахрхо низ сари чои худ бокист.

Давлати Точикистон барои мукобила бо бухрони чории энержй аз Созмони Милали Муттахид дархости кумак карда
ва гуфтааст, ки ба маводди сухтй, женеротурхои дизелй, тронсфурмотур ва кобли барк ва маводди гизойи ниёз дорад.

Сандуки химоят аз кудакони Созмони Милал маблаги мавриди ниёз барои кумак ба вазорати бехдошти Точикистонро 720 хазор дулор баровард кардааст. Вазорати бехдошт аз ин бунёд женеротурхои изтирорй, пату (курпа) барои кудакон ва акломи дигар хостааст.

Федеросиюни Байнулмилалии Салиби Сурх, Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон ва созмони Начоти Кудакон аз авзоъи чорй дар кишвар арзёбихои худро анчом додаанд, ки интизор меравад натичахои он имруз (6 жонвийе) мунташир шавад.

English