web.com

SCIENCE

tajikistanweb.com

070208 -
Веблогнависони точик аз рузи душанбеи гузашта то кунун дар холи радду бадали шодбошхо ба муносибати таваллуди нахустин виростори роёнаии Word ба забони форсии точикй хастанд (Andesha). Ин хабар сухани хандадори Черчиллро ба ёд меоварад,ки гуфта буд: “Аз ин ба баъд бо хич чумлае, ки бо пешванд поён меёбад, сари созгорй нахохам дошт.” (Дар инглисй поён додани чумла бо пешванд як амри маъмулист).

Ин номумкинро гурухе аз барномасозони роёнайи дар Душанбе ба рахбарии Зафар Усмонов, мудири бахши риёзоти Фархангистони улуми Точикистон мумкин сохтаанд.

Нармафзори точикии Ворд, ки муъодили 40 дулор аст, сомони роичи вожагони форсй ва хиччаи дурусти онхо ба хатти сирилликро таъйин ва пешниход мекунад.

Хануз равшан нест, ки ин нармафзор чи гуна бо вазъи нобасомони хичча ва дастури забони форсии точикй дасту панча нарм хохад кард. Алифбои точикй расман бознигарй шудааст. Аммо талошхои давлат барои чо андохтани гузинаи расмии хиччаи вожахо ба чое нарасидааст. Бархе мусиррона талош мекунанд, ки шеваи шуравии навишторро нигах доранд, дар холе ки шуморе аз афроди огох ба дабира (хатт) - и форсй имлои форсиро бар сабки навиштории расмии гузашта ва кунунй ричхон мениханд.

Навиштан ба хатти форсии сириллик (точикй) дар шабакаи Интернет ривоч надорад ва барномасозони точик солхо талош кардаанд, ки дабираи вохиди нигориш мавсум ба Юникодро вориди майдон кунанд, то дар саросари шабакаи чахонй кобили дарёфт ва корбурд бошад. Тоза дар соли 2007 ширкати Микрософт дабираи сириллики точикиро вориди тозатарин барномаи роёнаии Windows Vista кард. Аз ин ру то кунун бештари нависандагони торнамо (сайт)-хо ва торнигор (веблог)-хо аз дабираи сириллики русй кор мегиранд, ки бар хилофи хатти точикй тамоми хуруфаш дар саросари чахон бидуни мушкил боз ва дида мешавад.

Виростори Tajik Word 72 000 вожаи форсй ба хатти сирилликро шиносойи мекунад ва зарфияти он 5 мегобойт аз фазои озоди сахтафзори роёна аст. Ин нармафзор бо барномахои Windows XP ва Windows Vista созгор аст. Виростори точикй хамрох бо нахустин фарханги луготи роёнаии русй-точикй рунамойи шуд, ки тавассути забоншинос Санавбар Холматова тахия шудааст.

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us