web.com

ФАРХАНГ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

tajikistanweb.com

Махалгаройи аз хакоики кадимй ва ошкори Точикистон аст, ки камтар баррасй шудааст. Тайи хафт дахаи султаи Шуравй Маскав бо интисоби намояндагони манотики хоссе аз Точикистон дар макомоти мушаххас аз махалгаройи истифодаи абзорй мекард. Маскав аз хонадонхои хучандй ба унвони фармонравоёни умдаи чумхурй химоят мекард. Аммо бо фурупошии Иттиходи Шуравй дигар касе набуд, ки аз ин созукор (механизм) ба шеваи пешин кор бигирад. Бисёре бар ин боваранд, ки аз кор уфтодани хамин созукор дар бурузи чанги дохилй дар Точикистон сахм доштааст.

Владимир Сотиров, намояндаи дабири кулли Созмони Милал дар Точикистон ва раиси хайъати намояндагии ин созмон дар Душанбе тайи солхои 2002-2007 аз зумраи чандин коршиносу сиёсатмадорест, ки махалгаройиро «аз авомили решайии огози чанги дохилии 1992-1997» унвон кардаанд. У дар як семинори ахири Муассисаи мутолеъоти Осиёи Миёна ва Кафкоз (CACI) дар таърифи махалгаройии точикй гуфт, ки он «хисси нохушнудй аз нахваи таксими кудрат миёни шимол ва чануби Точикистон» аст.

Шуморе аз нозирон муътакиданд, ки тасвири Хонаи Озодии Омрико аз махалгаройи дар Точикистон, ки дар гузориши соли 2005-и ин созмон омада буд, хамчунон муътабар аст:

« Махалгаройи ва пуштибонй ё каймумати махаллй хануз дар Точикистон хузур дорад. Аз замони огози чанги дохилй ба баъд сиёсати мавриди алокаи давлат «кулобисозй» ё таъйини номутаносиби афроди дорои пайвандхои хонаводагй бо минтакаи чанубии Кулоби устони Хатлон – зодгохи раисичумхурй Рахмонов ба макомоти калидй будааст. Ин сиёсати корбрудй ( де факто )- и давлат хизбхои мухолифон ва мардуми дигар манотик ва кавмиятхоро озор додааст. Набояд фаромуш кард, ки махалгаройи ва сиёсати хонадонсолорй ба давраи шуравй бармегардад ва аз омилхои калидии пушти сахнаи чанги дохилии 1992-1997 аст.»

Хатто эчоди мачлиси улё (Мачлиси Миллй)-и порлумони Точикистон талоши давлат барои
муъомила бо «мушкили хамешагии махалгаройи дар арсаи сиёсии Точикистон» унвон шудааст, то бад-ин гуна «намояндагй аз хамаи манотикро таъмин кунад ва танишхои миёнминтакайиро бикохад.» (Манбаъ: English)

Аммо бо нигохе наздиктар ба хакоики имрузии чомеъаи Точикистон метавон тобишхои тозаи махалгаройиро кашф кард. Акнун на танхо хизбхои мухолиф ва сиёсатмадорон нигарони мавзуъи махалгаройи хастанд, балки ахиран ин оризаи ичтимоъй-сиёсй ба арсаи адабиёт низ ба таври ошкор таъарруз кардааст . Хафтаномахои Точикистон ба чопи ришта матолибе даст заданд, ки барои нахустин бор аланан адабиёти муъосири точикро аз дидгохи манофеъи махалгароёна месанчид.

Давлати Рахмониён, як рузноманигори точик бо интишори маколае бо унвони барангезандаи «Кахрамони як махал шоири миллат намешавад» ба ин бахсхо огоз бахшид ва дар ин матлаб барои тавсифи махалгаройии точикй истилохотеро ба кор бурд, ки каблан харгиз мусталах набудааст:

« Адабиёти точикй дар сад соли ахир адабиёти минтакаию махаллй буд. Аз рузи аввали ба майдон омадани адабиёти ба ном шуравии точик нуфузи «шахришуурон» бар болои «сахроишуурон» эхсос мешуд. Ин нуфуз ба забони адабии точикй низ таъсири манфиашро гузошт, ки то имруз талофй нашудааст... Адабиётро ба минтака кашидан нубуги адабиро аз миён бурд . Чаро ? Чунки ба забони адабии бухоройи , ки замина дар талаффузи туркй дошт ва намояндагй аз тафаккури умумиточикй намекард , адабиёти вокеан миллй офаридан аз имкон берун буд

Рахмониён достони худро бо тавсифи « муборизаи хунини фархангиёни шахриву сахройи дар солхои сиюм » идома медихад ва меафзояд :

« Ин раванд танхо баъди Чанги Бузурги Ватанй мохияташро гум кард. Аниктараш ба сари кудрат омадани устод Мирзо Турсунзода , ки чабри «тройка»-и мутамаддинонро кашида буд, сахроиёнро голиби майдон сохт. Харчанд шахришууру сахройишуур чои худро барои шимоливу чанубй холй кард, адабиёт охиста-охиста аз минтака ба махал кучид. Дуруг аст агар бигуем , ки Турсунзода дар сари ин кор меистод . Устод, ки вусъати тафаккур дошту ормонгаро буд, умри на чандон тулониашро дар чустучуи истеъдодхои асил сарф намуд. Дар мактаби шеъраш ормони миллиаш нуму кард. Аммо шогирдони миллатхохаш зохиргаро будаанд, на ботингаро. Яъне бо миллату Ватан гуфтану навиштан рисолати шоирй ба анчом намерасад. Сахроишуурй таассуби махалро ба миён овард. Ин таассубро ном зарафшониву хисориву гармиву кулобй буду хаст ва метарсам, ки мемонад».

Рахмониён дар хамин макола бартарин намунаи шуру хаячони махалгаройиро ба намоиш гузошта, Лоику Гулназарро кубида ва Муъмин Каноъатро ба унвони танхо шоъири писандидаи кишвар сутудааст ва хатто уро сарзаниш карда, ки аз макоми худ дар баробари шоъирони махалхои дигар ба хубй дифоъ накардааст.

Лоик Шеръалй ва Муъмин Каноъат маъруфтарин чехрахои назми порсии Осиёи Миёна хастанд. Лоик зодаи минтакаи Панчакати устони Сугд аст, ки соли 2000 дар Душанбе даргузашт. Муъмин Каноъат мутаваллиди нохияи Калъаи Хумби устони Бадахшон аст, ки дар Душанбе ба сар мебарад.

Навиштаи Рахмониён ба унвони як маколаи саропо мугризона ва галатандоз дар миёни фархангиёни точик гавгоеро бапо кард, ки дар паи он мавзуъоти муртабити дигаре дар нашрияхои гуногуни кишвар мунташир шуд. Сардабири хафтаномаи Фараж дар посух ба Давлати Рахмониён бо лахни як чангчуи озурда тахдид кардааст, ки кишварро тарк хохад кард. У менависад:

« Хатто мурдаи Лоик онхоро безобита мекунад ва мехоханд дар баробари Лоики умре барои миллати точик эчод намуд, нафаронеро гузоранд, ки чуз ситоиши империяи истилогари шуравй, сатре барои миллати точик эчод накардаанд... Факат, биёед ва мардона бигуед, ки будани мо имкон намедихад то «бузург»-и Шуморо эътироф созанд. Таври маълум, «дар чангале, ки шеру паланг нест, модарубах даъвои хокимй хохад кард.»

Радду бадали баёнхои хасмона миёни намояндагони кишри равшанфикри манотики мухталиф дар риштамаколоте дигар идома дошт, ки бо умеди тагйири Суруди Миллии кунунии Точикистон рох уфтода буд. Матни суруд, ки навиштаи шоъир Гулназар аст, 13 сол пеш дар мусобикае баранда шуд. Бисёре бар ин боваранд, ки тархи ин мавзуъ бо чунин таъхири тулонй бо зодгохи шоъир пайванд дорад, ки водии Зарафшони Точикистон аст.

Мусикии Суруди Миллй офаридаи Сулаймон Юдаков, охангсози яхудитабори Иттиходи Шуравист ва пас аз касби истиклол низ тагйир накард. Яхудиёни Осиёи Миёна бо зиндагии махаллй ба хубй идгом шудаанд ва дар фарханги точикй сахми басазое доштаанд. Забони модарии онхо хатто дар Узбакиситон ва бахшхои дигари минтака хамчунон гуиши бухоройии порсй аст.

Бо вучуди ин, бархе аз рузноманигорон ва охангсозон асолати кавмии Юдаковро далели аслии зарурати тагйири мусикии суруд медонанд. Шарофиддин Сайфиддинов, охангсози точик, бар ин бовар аст, ки 13 сол пеш Точикистон омодаи эчоди суруди миллй набуд ва ба назари у, мусобикаи суруди миллй бояд акнун баргузор шавад, то охангсозони точик битавонанд аз хайсияту обруи худ дифоъ кунанд ва оханге биофаранд, ки бехтар аз офаридаи Сулаймон Юдаков бошад.

Далоиле, ки ба тарафдорй ё мухолифат бо Суруди Миллй матрах мешавад, нудратан мубтанй бар арзишхои адабй ва мусикойии он аст ва бештари ин далелхо дар арчахиятхои махаллии гуяндагони он сарчашма дорад.

Махалгаройи дар Точикистон, бар хилофи кишвархои дигар, вижагихои забонй, кавмй, мазхабй ё фархангй надорад . Хамаи тарафхои бахс точиканд, ба гуишхои гуногуни як забон такаллум мекунанд, умдатан мутаъаллик ба мактаби ханафии исломанд (ба чуз акаллияти исмоъилй) ва дар кул, арзишхои фархангй ва суннатхои муштарак доранд.

Вале сарзамини ба шиддат кухистонии Точикистон тайи садсолахо монеъ аз тамоси пайвастаи мардуми махалхои мухталиф бо хамдигар будааст. Мароми интерносиюнолистй ва диктотурии Иттиходи Шуравй руи мавзуъи махалгаройи сарпуш гузошта буд ва тархи ин мавзуъ дар матбуъоти шуравй мамнуъ буд , аммо дар амал махалгаройи бедод мекард ва макомоти калидиро намояндагони шимол дар ихтиёр доштанд. Акнун бахшхое аз чануби Точикистон баданаи аслии давлати Рахмонро шакл медиханд. Ва талошхои ахири бархе аз равшанфикрон дар заминаи адабиёт низ зохиран ба манзури султаи адабии манотики хокими сиёсй анчом мегирад.

Ба гуфтаи нозирон дар Точикистон, мардуми одй ба мавзуъоти махалгароёна таваччухи андак доранд, аммо равшанфикрони кишвар дар холи барангехтани чанге лафзй дар матбуъот хастанд ва дар чараёни ин бахсхо гушахои тозае аз ин оризаро намоиш медиханд, ки метавонад ба носозгорихои густардатар ва ихтилофоти бештар бианчомад. Сухроб Шарифов, як коршиноси точик, мегуяд, ки миёни махалгаройи ва равшанфикрон пайванди мустакиме вучуд дорад:
« Пояи идеулужики махалгаройи бо мушкилоти марбут ба бегонагии равшанфикрон аз мардум ва давлат пайванди тангoтанг дорад. Дар холи хозир аксарияти равшанфикрон накши неруи маънавии асосии Точикистонро доранд, ки то хадди зиёде сиёсатмадорон ва раванди сиёсиро ба химоят аз махалгаройи дар кишвар ташвик мекунад.» (Манбаъ: English)

Tajikistanweb.com
талош хохад кард ба зудй риштаматолиберо андар махалгаройии сиёсй ва паёмадхои вайронгари он мунташир кунад.

Ёддошти сардабир: Ин матлаб дар мохи жонвие (январ)-и соли равон навишта шуда ва бо мулохизоте мунташир нашуда буд. Бозгашти хафтаномаи Миллат, чопи Душанбе, ба мавзуъи махалгаройи дар адабиёт далели умдаи интишори ин макола аст.

English

МУРТАБИТ

Regionalism: a rebel without a cause