web.com

ХУКУКИ БАШАР

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

tajikistanweb.com

080308 – Дар Рузи байнулмилалии занон, ки дар Точикистон ба унвони таътили миллй чузъи тафкикнопазири фарханги мардумй шудааст, tajikistanweb.com тасмим гирифт дар бораи вазъияти занони точик аз диди хоричихо чустучуи кучаки интернетй анчом дихад. Дар кул, аз соли 2001 гирифта то соли 2008 тасвире, ки хоричихо аз мавкеъияти занони точик медиханд, тираву тор аст ва онхо нудратан аз накш ва чойгохи зан дар чомеъаи Точикистон бардошти мусбат доштаанд. Порахое аз ёфтахоямонро, ки ба таври тасодуфй аз миёни садхо манбаъ баргузидаем, дар зер мебинед:

« Хушунат алайхи зан дар Точикистон як амри маъмулист. Точикистон манбаъ ва масири кочоки занон аст.» (Wikipedia; Human Rights in Tajikistan)

«
Чойгохи занони рустойи дар Точикистон решаи амике дар суннат дорад ва хамчунон гамангез бокй мондааст. Сарфи назар аз макоми калидии занон дар хонавода, як макоми Созмони Милал истидлол мекунад, ки занони рустойи аз чойгохи бисёр поине дар чомеъа ранч мебаранд. Ин шароит бо ташдиди фишори факри бухронй ва дарки суннатии мардхо аз накши зан бадтар шудааст. Нушини Ёварй-Д Хеллонкурт, хамохангсози Сандуки химоят аз занони Созмони Милал дар Точикистон ба хабаргузории IRIN гуфт, ки дар бадтарин маворид бархурд бо занон андаке бехтар аз бархурд бо як каниз аст. Вай гуфт: «Дар устони Хатлон маъмулан 50 занро мебинед, ки дар мазраъа кор мекунанд ва сарпарасти марди онхо зери дарахте нишастаасту бо хавсала чой менушад.» (IRIN, Tajikistan: Women’s status bleaker than ever; July 11, 2001).

« Бино ба додахои гайрирасмй, мизони бекорй дар бархе аз манотики Точикистон 60 дарсад аст. Дар натича, як милюн мард аз миёни хафт милюн чамъияти Точикистон кишварро ба касди ёфтани шугле дар Русия тарк кардаанд . Бархе ба хонахояшон пул мефиристанд, шуморе хам дигар бар намегарданд ва бо занони рус хонаводае тоза месозанд . Дар манотики рустойи занону афроди солмандро метавон дид, ки дар мазраъа белу куланг мезананд, чун хич марди вочиди шароити кор дар атроф дида намешавад.» (Tough life for Tajik women; Rachel Ellison; BBC News; July 23, 2005)

«
Занон дар бозсозии Точикистон дар паи чанги дохилии дахаи 1990 накши мухимме доштаанд. Вале ба гуфтаи бархе аз фаъъолони махаллй ва нозирони байнулмилалй, занон дар ин кишвари Осиёи Миёна барои расидан ба баробарй бо мардон хануз мавонеъи зиёде пеши ру доранд. ( IPSNews; Roxana Saberi; Tajikistan: Gender Equality Clashes with Culture, Religion; Nov 15, 2006"

« Дар саросари торих мардсолорй низоми табиъии чомеъа махсуб мешуд ва дар бисёре аз бахшхои Точикистон ин бовар хануз побарчост . Зохиран занон , дар холе ки султаи чинси музаккарро мепазиранд , маъмулан бо низоми мардсолорй вориди муъомила мешаванд . Барои намуна, бино ба бовари голиб, номуси зан шадидан вобаста ба шавхари уст , аз ин ру занон маъмулан мутеъи шавхарони худ хастанд. Афзун бар ин, бештари занон ба химояти мардон ва амнияти моддию отифй ниёз доранд. Ин метавонад далели бемайлии занон барои муковимат бо султаи мардхо бошад, чун занхо дар изои фармонбардоришон амният меёбанд.» ("Why women accept the system of male dominance?" Gulru, Neweurasia, March 20 th , 2007)

«
Ман факат мехостам эълом кунам , ки дар шумораи мохи уктубри мачаллаи Far Eastern Economic Review як матлаби ман дар бораи ислом дар Точикистон мунташир хохад шуд . Тайи муддати икоматам дар Душанбе тобистони гузашта муваффак шудам бо Давлатмох Исмоъилова сухбат кунам , ки як зани чавони далер аст ва талош мекунад Вазорати омузишу парвариши Точикистонро ба хотири мумонеъат аз вуруди ин духтари мухаччаба ба донишгох ба додгох бикашад . Сухбат бо у ва дигар духтарони точик дар бораи мафхуми хичоб шефтакунанда буд. Хамон гуна ки дар маколаам тавзех медихам, дар бораи хуввияти точикй ихтилофи дидгоххо ва чарру бахсхои зиёде хаст. Бархе ба ман гуфтанд, ки хичоб нишони фарханги «арабй»-ст ва набояд дар чомеъаи Точикистон чой дошта бошад. Як зан ба ман гуфт, ки занони хичобии Точикистон дар вокеъ доранд ба як зани марокашии як дроми телевизюнй таклид мекунанд, ки чанд сол пеш махбуб буд. Дигарон иддаъо карданд, ки занони хичобй «ифротгаро» хастанд ва хузури ин нумоди мазхабии тозаворид дар чомеъаи гайримазхабии Точикистонро набояд пазируфт. Бо вучуди ин, теъдоди хар чи бештари занонро дар хиёбонхои Душанбе метавон дид, ки хичоб доранд ва ман хатто ду духтари навчавонро дидам, ки сураташонро (аз зери чашм ба поин) бо никоб пушонда буданд. Давлатмох мегуяд, ки хичоб ба у озодии амал медихад ва водоштани у ба тарки хичоб накзи хукуки инсонии уст. Ман мувофикам, аммо нокомии Давлатмох дар додгох баёнгари ин аст, ки давлати Точикистон бо у мувофик нест. » (Beyond-the-river weblog; To wear or not to wear – hijab in TJ; October 1 st , 2007)

«
Душворихои иктисодии чанд соли ахир дар Точикистон заминаро барои ру овардани занони бештар ба санъати секс фарохам кардааст. Тибки омори расмй , миёнгини дастмузди мохона дар Точикистон 36 дулор аст . Духтарони танфуруш дар як шаб худуди 100 дулор ба даст меоранд, ки бастагй дорад ба шароити молии муштарй ва бозоргирии худи духтар. Бад-ин гуна биёре аз занони факрзада бо мулохизоти вокеъиятгароёна вориди санъати секс мешаванд ва дар кул аз паёмадхои интихоби худ огоханд.» (Is Prostitution a profession or way to survive? Olga Senchuk; Ferghana.ru; 30 January 2008)

English

МУРТАБИТ

Jadid Online Soundslide on 8th March in Tajikistan