Вазъияти ногувори Точикистон дар ифтизохи пунба

web.com

ИКТИСОД

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

English

МУРТАБИТ

Tajikistan's Debt Leaps Over Billion

Mounting Debt Geopolitics

Probe into Tajik Loan Guarantees

tajikistanweb.com
баргардон аз инглисй: Ромини Ходизода

Точикистон, ки дар зери бори сангини бидехй ва дар чанги бухрони энержй такалло мекунад , хамакнун мачбур аст барои накзи дастури ироаи гузориш ба Сандуки Байнулмиллалии Пул (СБП) такрибан 47.7 милюн дулор бозпардозад .

Шурои ичроияи СБП дар чаласаи рузи панчшанбеи худ ба натичае расид , ки Бонки миллии Точикистон ба ин созмони байнулмилалй дар мавриди вом ( карз)-хои ихтисосй ба ширкатхои бахши пунбакорй « иттилоъоти нодуруст» додааст . Манзур аз «иттилоъоти нодуруст» хачми захоири молии байнулмилалй , доройии холиси бумй ва сиёсати эътибории Бонки Миллии Точикистон аст.

Тибки баёнияи СБП , ки рузи панчшанбе содир шуд, « Шуро ба тавофук расид , Чумхурии Точикистон бояд се пардохти билоъивазро , ки дар чорчуби « Икдом барои бахшудагии чандтарафаи бидехихо » карор надоранд, баргардонад Маблаги мазкур такрибан 47.4 миллиюн дулор ба изофаи бахраи он аст. Ин маблаг бояд дар худуди шаш мох, аз 5 септомбри 2008 то 5 феврие ( феврал)-и соли 2009 бозпардохт шавад .

Шурои ичроияи СБП меафзояд , ки маъмулан бозпардохти эътибори молй ба хотири ироаи иттилоъоти галат 30 рузро дарбар мегирад , вале Шуро аз салохдиди худ кор гирифта ва барои факиртарин кишвари Осиёи Миёна ин давраро тамдид кардааст . Хар панч мавриди пардохти билоъиваз ба Точикистон ( хар як худуди 15.8 милюн дулор ) аз жонвиеи (январи) соли 2004 то феврийеи соли 2006 дар чорчуби тархи кохиши мизони факр дар Точикистон сурат гирифта буд .

Дар ин миён Точикистон бо пешниходи бозрасии додахои Бонки Миллй аз суи як ширкати муътабари байнулмилалй мувофикат кардааст. Сандуки Байнулмилалии Пул аз Душанбе хостааст, то натоичи бозрасиро пас аз анчоми он мунташир кунад .

СБП дар мавриди « мохият ва андозаи иштибох дар ироаи гузориш » изхори таассуф кардааст, ба вижа ба хотири он ки такозои манобеъи молии изофй барои Точикистон акнун номумкин ба назар меояд. Тибки барномаи бахшудагии чандтарафаи бидехихо барои кишвархои факир Точикистон дар мохи жонвиеи соли 2004 аз бозпардохти карзхояш ба СБП маъоф шуда буд . Он замон намояндаи СБП дар Точикистон зимни пахши баёнияе бахшудагии тамому комили бидехихои Точикистон ба ин созмон то 1 жонвиеи соли 2005 - ро эълом кард, ки худуди 99 милюн дулор буд . Дар баёнияи Сармад Хоча аз чумла меояд: « Бахшудагии карзхои СБП барои Точикистон ба хотири оханги конеъкунандаи ахир дар рушди иктисоди калони он , пешрафт дар кохиши мизони факр ва бехбуд дар мудирияти харочоти ичтимоъй муяссар шуд

Ба гуфтаи бархе аз нозирон , дар мохи уктубри соли 2007 намояндагони Сандуки Байнулмилалии Пул тасвирро дигаргуна диданд ва аз макомот бадгумон шуданд, ки шояд дар холи гумрох кардани созмон хастанд. Хайъате аз СБП ба Душанбе эъзом шуд , то ин гумоназаниро бисанчад . Дар натича, Точикистон ба фехрести кишвархои гумрохкунандаи СБП , аз кабили Гано ва Мачористон , ворид шуд .

Намояндаи СБП дар Точикистон дар гуфтугу бо рузномаи Независимая Газета , чопи Маскав , ишора кардааст, ки шояд ин мушкил бар асари «мудирияти заъифи карзхои хоричй »- и Точикистон буруз карда бошад. Вале чанд тахлилгар дар Маскав ба мочаро рангу оби сиёсй додаанд . Ба кавли Михаил Делягин, мудири Пажухишгохи куррагирй (чахонишавй)-и Маскав, «Баъид нест, ки баёнияи ахири Сандуки Байнулмиллалйи Пул сирфан як рохи фишор бар Точикистон бошад , то руи ниёзи Точикистонро аз Маскав ба Вошингтун баргардонад

Вале магар СБП ба хотири дасисахои сиёсй Душанберо зери фишори иктисодии азиме мегузорад, ки нихоятан худи созмонро низ дар макоми хичолат нишонад ? Рузномаи Financial Times, чопи Ландан , менависад: «Муъзали пунбаи Точикистон барои Сандуки Байнулмиллалйи Пул хам мояи хичолат аст, чун худи он дар рохандозии Кредитинвест, як ширкати точикй , кумак кардааст. Бештари эътибор (кредит)-хо аз тарики хамин муассисаи Кредитинвест (миёни кишоварзон) тавзеъ шудааст. Ин ширкат дар огоз барои эъмоли кунтрул бар доройихои гайрифаъъоли Агроинвестбонк, бонки давлатии кишоварзй рохандозй шуда буд, ки он замон мархилаи хусусисозиро тай мекард. Кредитинвест аз огози фаъъолияташ дар соли 2003 то кунун коноли аслй барои пардохти карз ба бахши пунбакорй будааст

Дар ин миён дихишгарон ( донорхо) пешгуйи мекунанд, ки санъати пунбаи Точикистон , барои ин ки давом биоварад, ба 80 миллюн дулор ниёз хохад дошт. Ба гузориши Financial Times, « Санъати пунба дар Точикистон бештарин теъдоди шогилонро дорад . Аммо интизор меравад даромади давлат аз содироти пунба имсол якбора кохиш ёбад , чун кишоварзони карздор наметавонанд тухмаи хушсифат ва куд ( пору) бихаранд ё худ сомона (систем )- и обёрии фарсударо таъмир кунанд Набуди ракобат байни корхонахои пунба як мушкили дигари ин бахши санъатии Точикистон арзёбй шудааст .

Аммо гумоназанихо дар бораи бухрони санъати пунба яке-ду мох пеш матрах шуд. Мохи жонвие, хабаргузории Авесто дидгохи тахлилгари точик Абдулганй Махмадазимовро дар ин бора мунташир кард . Вай бар ин назар буд , ки тагйироти ахир дар хукумати Точикистон хамоно ба хотири « бухрони пунба » сурат гирифтааст . Окои Махмадазимов хамчунин гуфта буд , ки Рахмон барои рафъи бухрон як « сегонаи зиддибухронй » шакл додааст . Муродъалии Алимардон, раиси пешини Бонки миллй (муъовини феълии нахуствазир); Косим Косимов, устондори пешини Сугд (вазири чадиди кишоварзй ); ва Абдуррахмони Кодирй, вазири пешини кишоварзй ( устондори чадиди Хатлон) дар се зилъи ин « сегона» карор гирифтаанд .

Ба кавли окои Махмадазимов, «Вазифаи онхо ин аст, ки кишварро аз бухрони санъати пунба берун оваранд . Алимардон, ки ба макоми муъовинати нахуствазир мансуб шуда, саъй хохад кард мушкили молии бухронро хал кунад . Окои Косимов ба унвони устондори пешини бузургтарин устони тавлидкунандаи пунба мучрй (ичрокунанда)-и мустакими ин сегона хохад буд ...»

Торнигори TajEconomy зимни истинод ба ин суханони Махмадазимов изхори таъаччуб мекунад, ки чаро чорахои инкилобии давлат дар арсаи пунбакорй то кунун пушида мондааст ва ин ки чи гуна сомона (систем )- и бонкдории давлатй хохад тавонист танхо сармоягузори санъати пунбакорй бошад ? Шояд хамин суъолхо « сегона» - ро хам дар ин рузхо меозорад , агар чунин «сегона»-е вокеъан вучуд дошта бошад .