ХУКУКИ БАШАР
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
Дориюши Рачабиён
Дар зарфи панч соли мавчудияти Точикистон ба унвони як бахши худмухтор дар таркиби Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Узбакистон (1924-1929) Маскав мачбур буд дар мунокишоти мутаъаддиди миёни Самарканд (пойтахти Узбакистон то соли 1930) ва Душанбе подармиёнй кунад. Ихтилофоти оморй миёни саршуморихои солхои 1915, 1920 ва 1926 ба оташи мунокишоти лафзй равган мерехт. Аммо хамаи мунозеъот марбут ба аркоми саршуморй намешуд; бархе хам ба аркоми молй марбут буд.
Мохи жуие (июл)-и 1927 Кумисериёи Халки Шуравии Чумхурии Худмухтори Точикистон аз намояндагони точик дар Маскав номае дарёфт кард. Дар ин нома давлати Узбакистон ба суиистифода муназзам аз сахмияи молии Точикистон муттахам мешуд. Эхтимолан, он «500 000 рубли тило» хам, ки мавзуъи бахси миёни намояндагони точику узбак дар соли 1929 буд ва зикраш дар фаргард (фасл)-и пешин рафт , бахше аз хамин ихтилофоти молй буд. Дар ин нома хамчунин иддаъо шуда буд, ки манобеъи молии Маскав мухтасси Точикистон дар тарххои мухталифи Узбакистон хазина мешуд . Нуктаи севвуми нома Узбакистонро ба суиистифода аз «имтиёзи вижаи Точикистон, ба унвони як чумхурии мухимми сиёсй, аммо вопасмонда» муттахам мекард. Ба гуфтаи нависандагони он нома, «Узбакистон мехохад бо истифода аз он манобеъи вижа ба сатхи тараккии дигар аъзои иттиход бирасад. Аммо хеч як аз он тахсисот ба мардуми Чумхурии Худмухтори Точикистон нарасидааст.»
Шувинисми узбакии роич дар миёни макомоти Узбакистон, ки ба вижа дар сомона (систем)-и омузишу парвариш ба вузух дида мешуд
,
яке дигар аз мавзуъоти гилояи кумунистхои Точикистон ба Маскав буд.
Торихнигори точик Рахим Масов, ки дар бораи таъйини худуд дар дахаи 1920 пажухиши сутурге анчом додааст, дар Бойгонии давлатии марказии Точикистон санадеро пайдо карда, ки «шевахои ичбор
»-
и узбакхо дар паи таксимоти миллй-идориро ташрех мекунад:
«1.
Эълом шуд, ки Узбакистон хонаи сирфан узбакхост. Ононе, ки худро точик медонанд, бояд ба Точикистон бираванд.2.
Ононе, ки касд доранд дар Узбакистон бимонанд, бояд забони расмии узбакиро бипазиранд. Аз ин ру забони коргузорй узбакй буд .3.
Пажухишгарон, ба вижа устодону омузгорон, ки нишонахое аз миллигаройиро буруз медоданд, аз шугли худ махрум шуданд ва дар макомхое карор гирифтанд, ки забон дар он накше надошт. Ин икдом ба хусус дар Самарканд, Бухоро ва Хучанд анчом гирифт.
Вакте касеро барои маъмурияти расмй ба Точикистон мефиристоданд, шоеъоте пахш мешуд, ки уро ба хотири таъаллукоту акоидаш ё ба далели пофишорй бар хуввияти точикиаш ба Точикистон табъид кардаанд.»
Бад-ин гуна, накзи хукуки иктисодй ва фархангии точикхо тавассути Узбакистон дар канори ангезахои дохилию хоричии дигар Маскавро водошт, ки чиддан бар сари истиклоли Точикистон аз чумхурии Узбакистон биандешад. Ин таклиф ба ночор даргирихои лафзии бештареро миёни макомоти узбаку точик барангехт, ки саранчом ба чизе мунчар шуд, ки Пол Берн онро «набарди арзии нихойи» миёни ду вохиди шуравй унвон кардааст.
Саршумории 192
6Касе
расман тавзех надод, ки руи чи хисобе шумори точикони Осиёи Миёна башиддат уфт кардааст . Рахбарони вакти точик бар ин бовар буданд, ки дар соли 1926 точикхои Самарканд, Бухоро, Сурхондарё ва дигар манотики Узбакистон бо табъид ба Точикистони кухистонй тахдид шуда буданд, магар ин ки худро узбак номнавис кунанд. Баъдан афроди зиёде аз он манотик ин иддаъоро таъйид карданд .Аз ин ру, дар соли 1929 Абдуррахим Хочибоев, аз рахбарони кумунисти Точикистон, бо изхори назари намояндаи Узбакистон дар бораи сиххати додахои саршумории соли 1926 кавиян мухолифат кард. «Вай гуфт, ки ин иттилоъот, то он чое, ки ба точикхо марбут мешавад, дасткоришуда ва нокис аст; дар вокеъ, чизе беш аз як мушт дуруг нест... А. Хочибоев зарур донист чунин бигуяд: «Ман муътакидам, ки саршумории соли 1926 дар Узбакистон галат аст ва хозирам ин бовари худамро собит кунам. Худи макомоти Шуравй ва Узбакистон низ дар ин маврид бо ман мувофиканд.»
( CGA Tadzhikskoj SSR. F 35. - Op. 2. - D. 199.- L. 3; (Rahim Masov, The History of a National Catastrophe).Макеев, раиси руси Шурои Иктисодии Осиёи Миёна, бо химоят аз изхори назари Хочибоев гуфт:
«
То огози таксимоти арзй забони коргузорй дар хамаи мадрасахои точикй узбакй буд. Точикхо водор мешуданд, ки худро узбак номнавис кунанд. Шиддати ин ичбор ба хадде буд, ки он танхо шомили холи мардуми одй намешуд, балки хатто макомоти точики Хизб низ худро узбак сабти ном мекарданд.» (CGA Tadzhikskoj SSR. F 35. - Op. 2. - D. 199.- L. 4).Макеев афзуд, агар макомоти шуравй медонистанд, ки саршумории 1926 «тахти чунин шароите анчом гирифтааст, харгиз онро тасвиб намекарданд ва хатто таррохони ин саршумориро мучозот мекарданд.»
Вале «таррохон»-и саршумории галату мугризона мучозот нашуданд. Балки хамаи сиёсатмадорони точике, ки бо саршумории соли 1926 мухолиф буданд – Абдуррахим Хочибоев, Нусратуллох Махсум, Шириншо Шотемур, Абдулкодир Мухиддинов ва гайра – дертар ба чурми «тахрики миллигаройи» эъдом шуданд.
Пирузии кутох
Бар мабнои истидлолхое, ки Душанбе ба макомоти шуравй ироа дод, Хучанд ва навохии перомуни он дар соли 1929 ба Точикистон мулхак шуданд. Аммо бештари точикхо ва шахрхои онхо хамчунон дар берун аз марзхои Точикистон монда буданд ва чунин ба назар меомад, ки мунокишаи арзии миёни ду хамсоя поёне нахохад дошт.
Маскав ба унвони довари кул ба хамаи иддаъохову зиддииддаъохои хар ду су бори дигар гуш дод ва рузи 3 феврие (феврал)-и 1930 хукми худро содир кард. Ин хукм пайвастани Самарканду Бухоро ба Точикистонро мардуд медонист ва чаройии онро тавзех намедод. Аммо карор буд интиколи вилояти Сурхондарёи Узбакистон ба Точикистон дар арзи ду мох анчом бигирад.
Узбакистон хозир набуд ин бохти худро бипазирад. Тошканд бедиранг ба ин тасмими Маскав эътироз кард. Бабешко ва Клайнер, аз рахбарони Узбакистон (бо асолати словй ва олмонй) аз Маскав хостанд, ки дар нихойи кардани катъномаи худ шитоб накунад ва муддаъй шуданд, ки хангоми иттихози тасмим ба «додахо (иттилоъот) дар бораи таркиби миллй ва самтгирии иктисодии хавзаи Сурхондарё» таваччухи лозим мабзул нашудааст. Маскав аз худ инъитофе фавкулъода буруз дод ва рузи 13 феврие (феврал)-и 1930 руи тасмими каблии худ хатти бутлон кашид ва Сурхондарёро дар каламрави Узбакистон хифз кард. Дар бораи далели ин тагйири мавзеъ гумоназанихо фаровон аст.
Яке аз гумонахо
«
Чаро Маскав аз додани Самарканду Бухоро ё Сурхондарё [ ба Точикистон ] тафра рафт ( худдорй кард) ? Истидлолхои корбурдй – ба монанди чудойии чугрофиёйи аз маркази Точикистон ва рустохои узбакнишини перомуни он манотик – хеч як ба дурустй конеъкунанда нест. Вагарна, Тошканд ба хоки Казокистон мулхак мешуду Уш ва Хучанд ба Узбакистон. Он гуна ки худи Дяков (раиси дафтари созмондихии хавзаи Хучанд то мохи ут (август)-и 1929 – twc) дар мавриди Уротеппа изъон карда буд, тасмим чанбаи сиёсй дошт. Танхо метавон фарзия гуфт. Бо таваччух ба неруи фузуни суннати «чавонбухорихо», ки дар хукумати Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Узбакистон низ пойдор буд, бохтани он шахр зарбаи тахаммулнопазире мебуд . Ва аммо ин ки чаро Самарканд пойтахти нави Точикистон нашуд, боз хам ба мавзеъи Маскав бармегардад. Маскав бо мулохизоти стротежик тарчех дод, ки пойтахти Точикистон наздиктар ба калби сарзамини точикон ва камтар вокеъасоз бошад. Чумхурии кучаки тозабунёд эхтимолан беш аз хад бесуботу осебпазир буд. Русхо чунбиши «бочмачигарй»-ро хуб ба ёд доштанд. Маскав хамчунин нигарони дасисахои Бритониё дар минтака буд. Агар кабзаи шуравй бар Точикистон суст мешуд, боке набуд , ки Душанберо аз даст бидихад. Аммо сарнавишти Самарканду Бухоро барои Маскав аз ахамияти бештаре бархурдор буд.» (Paul Bergne, The Birth of Tajikistan, 2007, p. 131).(дунбола дорад)