web.com

Рох ба Маскав аз тарики Техрон аст

Мардуми пойтахти Точикистон танхо дах соъат дар тули руз барк доранд, вазъияти ниругохи обии Норак хамчунон бухронист, хабаргузорихо боз хам аз марги навзодон дар зоишгоххо хабар медиханд, ки бар асари набуди барк ва сармо чон додаанд. Рахмон, ки худро акнун дар як мархилаи хатиру хассос мебинад, рузи шанбе (9 жонвийе) бо дасти бози ниёз ба Техрон парвоз кард, то барои расидан ба як рохи халли амалии мушкили вобастагии кишвараш ба нируи барки хоричй аз Эрон кумак бихохад.

Чолиб ин чост, ки Точикистон аз захоири гании об бархурдор аст ва зарфияти тавлиди барки он дар минтака бехамтост. Зарфияти тавлиди барки Точикистон аз 300 милюн то 527 милюн килувот / соъат дар сол баровард шудааст. Вале барои бахрабардорй аз ин зарфияти мунхасир ба фард Точикистон бо мавонеъи зиёде рубаруст.

Раисичумхурии Точикистон тайи ду рузи дидораш аз Эрон бо хамтои эрониаш Махмуди Ахмадинажод ва макомоти баландпояи дигар мулокот хохад кард. Ба гузориши хабаргузории расмии Эрон, шитоб додан ба сохтмони ниругохи обии Сангтуда-2 дар чануби Точикистон аз масоили умдаи гуфтугухо хохад буд.

Ёддошти тафохум дар бораи эхдоси ниругохи обии Сангтуда-2 миёни ду кишвар мохи жуан (июн)-и 2005 имзо шуд ва амалиёти сохтмонй бар фарози руди Вахш расман рузи 20 жонвийеи 2006 огоз шуд. Ин тархи 182 милюн дулориро Эрон сармоягузорй кардааст ва карор аст он то соли 2009 рохандозй шавад. Аммо рузи панчшанбеи гузашта Хамрохон Зарифй, вазири хоричаи Точикистон, хостори рохандозии сареътари Сангтуда-2 шуд.

Зарфияти ин ниругох 220 меговот хохад буд ва он дар мувозинат бо ниругохи Сангтуда-1 кор хохад кард, ки русхо месозанд. Барои дах сол танхо ду дарсади фавоиди Сангтуда-2 ба Точикистон таъаллук хохад гирифт ва мобакии он моли Эрон хохад буд.

Хамаи се тархи бузурги Точикистон дар заминаи энержй (Рогун, Сангтуда-1 ва Сангтуда-2) хамрох бо ниругоххои азими мавчуд (Норак, Байпоза) ва чандин ниругохи кучаки дигар дар имтидоди руди Вахш вокеъ хастанд. Дар сурати рохандозии хамаи ин тарххо Точикистон дар заминаи энержии обй бар Узбакистон дасти болое хохад дошт ва рудхона хам тахти кунтрули Душанбе карор хохад гирифт ва ахрум (фишанг)-и фишореро дар ихтиёри Точикистон карор хохад дод. Вахш аз бузургтарин рудхоест, ки ба Омударё мепайвандад ва руди Ому яке аз ду руди бузург аст, ки ба Узбакистон ворез мешавад ва мазореъу мардуми онро бо об таъмин мекунад.

Вокуниши Тошканд ба тарххои баландпарвозонаи Точикистон дар заминаи энержии обй андаке баштар аз асабонияти маъмулй буд. Зохиран Узбакистон муваффак шуд, ки соли 2006 чилави яке аз ин тарххоро бигирад. Ширкати русии РусАл, ки карор буд ниругохи Рогунро бисозад, баногох пешниход кард, ки баландои садди ниругох ба чои 335 метри пешбинишуда 280 метр бошад. Ин пешниход билофосила пас аз дидори Олег Дерепаска, раиси ширкати РусАл бо Ислом Каримов, раисичумхурии Узбакистон сурат гирифт. Тошканд, ки аз бевафоии пешинаш ба Маскав пушаймон шуда буд, дубора ру ба Маскав овард ва Кремлин хам бедиранг огушашро ба руи Тошканд боз кард. Карордоди миёни Точикистон ва РусАл фавран лагв шуд.

Дар пайи куштори Андичон дар соли 2005 Узбакистон 180 дарача мавзеъгирии жеупулитикашро тагйир дод ва мавриди инояти Русия вокеъ шуд. Макомоти точик нигарон буданд, ки ишки тозаёфтаи Маскав Точикистонро аз чашми Кремлин хохад андохт. Бо вучуди дилгармихое, ки Маскав ба Душанбе медод, боз хам шакке дар он набуд, ки Узбакистони кавй калби Кремлинро ба даст хохад овард ва ба равобити наздики Маскав бо Душанбе латма хохад зад. Иттифоке, ки бар сари ниругохи Рогун уфтод, ин нигаронихоро тавчех кард.
Шояд
, вакте ки Рахмон дидори отифии рузи чахоршанбе миёни Каримови пурэхсос ва Путини мутассирро дид , бар нигаронихояш афзуда шуд. Ба гузориши Известия, раисичумхурии Узбакистон дар ин мулокот норохату малул буд, ки ба зудй Путин аз макоми раёсати чумхурии Русия канор хохад рафт ва бо садои ларзон сухбат мекард. Андухи Каримовро метавон фахмид: Путин ба у кумак карда, ки кудраташ пабарчо бимонад ва акнун у бояд хадс бизанад, ки чи гуна дили чонишин (ворис)-и Путинро ба даст оварад, то бо истифода аз нуфузи у манофеъи минтакаии Тошкандро хифз кунад.

Бархе аз нозирон дар Душанбе бар ин боваранд, ки ангезаи дидори Рахмон аз Техрон сафари Каримов ба Маскав будааст. Ба гуфта онхо, акнун ки Окподшох аз у ранчидааст, Рахмон кодир нахохад буд ба монанди Каримов уро хам шоду хам мутаассир кунад. Холо Рахмон домони шарики кудратманди дигараш – Эронро гирифтааст. Пеш аз хама, ба хотири ин ки уро аз дардисари энержиаш рахо кунад; сониян, бо ин умед , ки Ахмадинажод нигаронихои Рахмонро ба Путин гушзад кунад. Билохира, касе бояд сохтмони ниругохи Рогунро ба ухда бигирад. Афзун бар ин, шояд ба гуши Рахмон хам шоеъоте дар бораи бароянд (натича)-и эхтимолии номахбубияти физояндаи у пеши Русия расида бошад, ки мегуянд мумкин аст ба зудй вай барканор шавад.


Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

POLITICS

Education

tajikistanweb.com

090208 - Сафари   гайримунтазираи Эмомалии Рахмон ба Техрон вазъияти ногувори у дар чанги бухрони чории энержиро барчаста мекунад.

English

Persian