web.com

ХУКУКИ БАШАР

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Манси Мехротра
Баргардони фишурда аз инглисй : Ромини Ходизода

Марги Шамсиддин Шамсиддинов масъалаи таъаххуди давлат барои ичрои шароити тавофукномаи сулх ва вахдати миллй дар Точикистонро , ки 27 жуан ( июн )- и соли 1997 дар шахри Маскав миёни хукумати Точикистон ва Нирухои мухолифи Точикистон ба имзо расид ва ба истикрори расмии сулх мунчар шуд , дубора зери суол бурд . Пас аз чахор соли хабс дар зиндони шахри Душанбе , Шамсиддин Шамсиддинов , ки 55 сол дошт ва аз ашхоси баландмакоми Хизби Нахзати Исломии Точикистон ( ХНИТ ) дар замони чанги дохилии 1992-97 буд , мохи жонвие ( январ )- и соли 2008 даргузашт . У аз кумаки хукукии муносиб махрум буд .
Аз назари фарханги сиёсии кавмй - минтакаии Точикистон , Шамсиддин Шамсиддинов танхо шимолие буд , ки ба хайси муъовини аввали раиси ХНИТ баргузида шуд . Зохиран , хадаф табдили хизби минтакайи ба як хизби саросарй ва чалби химояти устони Сугд дар шимоли Точикистон будааст , ки саршор аз манобеъи инсонист .

Бояд зикр кард , ки яке аз асноди паймони сулх шомили афви зиндониёни сиёсй мешуд . Соли 1998 тибки конуни афви умумй , Нирухои мухолифи Точикистон фехристи номхои 5337 размандаи пешини мухолифонро такдим карданд , ки бояд бино ба накшаи идгоми онхо ба нирухои давлатй ва низомй афв мешуданд . Хабс ва боздошти мустабиддонаи размандагони пешини мухолифон аз замони истикрори расмии сулх то кунун аз мушкилоти чиддй махсуб мешавад . Гузашта аз ин , ислохоти сохтори давлат ва тавзеъи макомот миёни ашхоси марбут ба иттиходи пешини нирухои мухолифи Точикистон то кунун мавзуъи мубохисаву чадал аст .

Накзи хукуки башар дар Точикистон ба як амри маъмулй табдил шудааст . Омори мучозоти марг бар асари мухокимоти гайримунсифона ва пушида нигаронкунанда аст . Тибки Конуни Асосии Точкистон , мухокимот бояд ба таври ошкор сурат бигирад ва шеваи корбурд аз додварон ( журй ) – ба истиснои мавориди амниятй ва ё хифозат аз ноболигон рохандозй шавад . Аммо дар вокеъ , зиндониён аз мухокимоти мунсифонаву ошкор махруманд . Сомона ( систем )- и тафтишу тавозун вучуд надорад , чун кузот ва додситон аз суи раёсати чумхурй бо тасвиби порлумон баргумоштаву барканор мешаванд ва иртикоъи маком меёбанд . Бад - ин гуна , кувваи казоия зери кунтрули кувваи ичроия бокй мондааст .

Ба гуфтаи нозирони байнулмиллалй , камбуди дониши хукукии шахрвандон ба номунсифона мондани мухокимот анчомидааст . Гузашта аз ин , камсаводии фаннии хам доварон ва хам додситонхо ва дастмузди поини онхо дар номунсифона будани чараёни мухокимот сахм дорад . Хукумат баъзе икдомоти ислохиро бо хадафи бехбуди сохтори додрасй , аз кабили масъул донистани кузот дар мавриди хукмхои худ ва хабси доварону додситонхои ришвахорро ба чо овард . Вале бисёре аз козихое , ки гунахкор шинохта шуданд , сазои аъмолашонро надиданд .

Бо ин ки Точикистон демукросиро хамчун идеулужии сиёсии худ пазируфта , мероси кумунисм хамчун фарханги сиёсй дар он чо хамчунон бокист . Хар навъ мухолифат бо хукумат пайваста аз суи давлати Рахмон саркуб шудааст . Барои намуна метавон аз парвандахои чинойии Абдулмалик Абдуллочонов , нахуствазири пешини Точикистон , ки пуштвонаи ичтимоъиаш умдатан дар устони Сугд буд ва бародари у Абдулганй Абдуллочонов , шахрдори пешини Хучанд ва Назруллох Дустов , муъовини пешини раёсати чумхурй ёдовар шуд .

Дар давраи истикрори расмии сулх дар паи имзои та