web.com

ИКТИСОД

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Ба гузориши хабаргузории Asia-Plus, Додгохи Олии Точикистон рузи хаштуми оврил (апрел) Маъруф Орифов – мудири кулли ширкати (точикй-хуландии) M&P дар Душанберо, ки бахше аз сармояи он хоричист, ба хашт солу шаш мох зиндон махкум кард. Ин ширкат сохиби фурушгоххои занчираии Орима дар Душанбе ва Кулоб аст. Бино ба хукми додгох, карор аст давраи махкумияти Орифов тахти шароити амниятии шадид бигзарад ва дороихои шахсии у мусодира шавад.

Ин хукм дар паи эъломи иттихом алайхи Орифов мабнй бар сарпечй аз пардохти молиёт ва пардохти ришва содир шуд.

Рузи 4 оврил (апрел) додситони мухокимаи Орифов аз Додгохи Олй хоста буд, ки уро ба чахор соли махрумият аз озодй тахти шароити амниятии хадди акал махкум кунад. Додситон хамчунин хоста буд, ки Орифов бино ба моддахои пардохти ришва ва сарпечй аз пардохти молиёт мучрим шинохта шавад. У гуфта буд, ки ба далели набуди далоили кофй, иттихоми чаъли аснод бояд сарфи назар шавад.


Сергей Мирзоев – вакили мудофеъи Орифов дар гуфтугу бо Asia-Plus гуфт, ки хукми додгохро такбех мекунад ва афзуд, ки мехохад алайхи «ин хукми номунсифона» дархости тачдиди назар кунад. Вай гуфт: « Ин парванда бояд дар чорчуби сиёсатхои давлат баррасй шавад , чун казия марбут ба накзи хукуки ширкатхоест, ки сармояи хоричй дар онхо хаст.»

Мирзоев таъкид кард, ки Орифов сохиби 70 дарсади ширкати
M&P дар Душанбе аст ва карор аст кулли дороихои у мусодира шавад.

Нахустин бор Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии Точикистон дар тобистони гузашта иттихомоти марбут ба додани ришва алайхи Орифовро баррасй кард. Сипас ин парванда ба Ожонси давлатии назорати молй ва мубориза бо фасод мунтакил шуд.

Орифов мохи жуие (июл)-и 2007 боздошт шуд, замоне ки гуфта мешавад касд дошт ба бозраси Кумитаи Амнияти Миллй 10 000 дулор ришва бидихад. Хамчунин гуфта мешавад, ки дар чараёни тахкикоти бахши иктисодии ин кумита дар мохи жуие (июл) ошкор шуд, ки беш аз 1500 тун ширинй ва дигар фаровардахо, ки мухлати инкизояшон гузашта буд, дар анбори
M&P махфуз буд.

English