Вокунишхо ба тазохуроти анчомнашудаи
ХСДТ

web.com

СИЁСАТ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

МУРТАБИТ

SDPT to Rally in Khorogh

tajikistanweb.com

090408 – Тазохуроти сусиёл - демукротхо , ки интизор мерафт рузи сешанбе (8 оврил ) дар шахри Хоруг баргузор шавад , анчом нагирифт . Рахматуллох Зоиров , рахбари Хизби Сусиёл - Демукроти Точикистон ( СДПТ ) мохи гузашта эълом кард , ки хизбаш касд дорад рузи 8 оврил ( апрел ) дар эътироз ба як муъомилаи арзии миёни Душанбе ва Пекин дар соли 2002, интиколи идораи шаш рустои Бадахшон ба нохияи Тавилдара дар рузи 7 морс ( март ) ва « бадрафтории маъмурони интизомй дар вилоят » тазохуроте барпо кунад . Аммо он ба хамин содагй барпо нашуд.

Сарфи назар аз ин ки ахиран устони Бадахшон сахнаи чандин тазохуроти мусолиматомез будааст, ки хич кадом паёмадхои фачеъ надошт, макомот дар мавриди асароти бесуботкунандаи эхтимолии тазохуроти ХСДТ дар чомеъаи Бадахшон ва саросари кишвар шадидан нигарон буданд. Бархе аз чехрахои сиёсии гузашта, ба монанди Давлати Худоназар, хизбро ба талоши пинхонй ба мубориза алайхи ракибонаш дар Душанбе бо истифодаи абзорй аз «мардуми хунгарми кухистон» муттахам карданд. Мутаъокибан , хамон гуна ки бисёре пешгуйи карда буданд, тазохурот ичозаи баргузорй наёфт ва сусиёл-демукротхо тарчех доданд пойбанди мукаррарот бимонанд.

Зоиров ба хангоми эъломи барномахои хизбаш дар нимахои морс (март) тазалзулнопазир ба назар мерасид ва исрор мекард, ки тазохурот катъи назар аз мухолифати макомот баргузор хохад шуд. У гуфта буд, ки макомот дар устони Бадахшон бар ХСДТ фишор меоваранд, чун «ин хизб дар интихоботи порлумонии махаллй макоми дуввумро ба даст овард.» Зохиран, афзоиши мизони фишор рахбари ХСДТ-ро водошт, ки ваъдаи аланиашро ба бутаи фаромушй бисупорад.

Акибнишинии ХСДТ дар веблогистони точик вокунишхои омехтаеро дар пай дошт. "Ойина" (Ayina) хизбро сарзаниш мекунад, ки бо хулфи ваъда умеди хаводоронашро барбод додааст. Нависандаи ин торнигор зимни тахлили иллатхои эхтимолии ин акибнишинй менависад: «Гирдихамойи то хануз дар хотираи мо огози чангро дорад ... Рузи 7 апрел (душанбе) хам хабар расид, ки дар назди касри раиси чумхури Точикистон худуди панчоҳ зан барои дифоъи хакки худ чамъ омадаанд. Аммо баъд аз дах дакика аз ин тачаммуъи занон ному нишоне набуд. .. Мардум аз митинг кардан метарсад ва мақомот аз митинги мардум. »

Вокуниши Andesha ба ин хабар хушбинонатар аст: « Харчанд гирдихамойи барпо нашуд, он вазифаи худро ба чо овард. Зеро ба ёди мансабдорон расонд, ки дар ин мамлакат ба гайр аз онхо боз мардумоне хам хастанд, ки бояд ба мушкили онхо расидагй кард. Бадбахтй дар ин аст, ки намебоист, тафохум ба воситаи тарс биёяд. Бе тафохум ва эхтиром мачбур хохем буд, ки хамеша андаруни тарс ба сар барем ва ин таври маълум, окибати нек надорад. »


English