ИКТИСОД
МУРТАБИТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Баёнияи гайримунтазираи Сандуки Байнулмилалии Пул (СБП) дар кишваре, ки тамоми хамму гамаш мавзуъи энержй аст
,
дар конуни таваччух карор гирифтааст. Ин созмон ба хотири иттилоъоти
«
нодурусте», ки Бонки Миллии Точикистон дар мавриди сиёсати эътиборй ва захоири байнулмилалиаш ба он ироа дода буд, Точикистонро ба бозпардохти 47.4 милюн дулор ба изофаи бахра
(
протсент)-и он то панчуми февриеи соли оянда муваззаф кардааст.
Пештар пурсиш ин буд, ки оё Точикистон кодир хохад буд дар паи бухрони зимистонй бо як чунин чолише дасту панча нарм кунад. Аммо акнун пурсиш чигунагии анчоми ин таклиф аст , чун хеле тул накашид, ки изхори омодагии Точикистон ба бозпардохти хамаи маблаги мавриди назари СБП дар муддати таъйиншударо шунидем.
Рузномаи
Financial Times чопи Ландан бо накли кавл аз Мухсин Хон, мудири бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказии СБП менависад, ки ин бунёди молй бар мабнои расидагй бар хисобхои Бонки Миллии Точикистон ба ин кишвар вом дода буд ва дар он хисобхо хачми захоири байнулмилалии Точикистон 450 милюн дулор зикр шуда буд. «Дар вокеъ, раками дуруст 115 милюн дулор будааст.» Ба гуфтаи Хон, Бонки Миллии Точикистон аз Сандуки Байнулмилалии Точикистон пинхон доштааст, ки «захоири байнулмилалии худро дар гарави вом (карз)-хои бонкхои бозаргонии байнулмилалй барои бахши пунбакории ру ба заволи кишвар гузоштааст.»Саймуддин Дустов, коршиноси точик дар умури сиёсй, ин вазъиятро пешдаромади зарбаи вахиме бар пайкари бемори иктисоди Точикистон арзёбй мекунад. Вай дар мусохиба бо «Садои Олмон» гуфт: «Ин иттифок мутмаиннан сатхи мудирияти иктисодии моро ба чахониён нишон хохад дод. Ва мусалламан, он боъиси кохиши мизони эътимоди сиёсии онхо ба кишвари мо хохад шуд. Ва аммо дар бораи чанбаи дохилии он бояд гуфт, ки такозои Сандуки Байнулмилалии Пул вазъияти дохилиро дар паи сахттарин бухрони энержии кишвар печидатар хохад кард. Худуди 50 милюн дулор барои мо пули бисёр зиёд аст. Такрибан хамсанги сармоягузорихои дохилии мост, ки мехостем имсол барои бунёди ниругохи обии Рогун хазина кунем.»
Дустов хадс мезанад, ки шояд давлат бихохад ин пулро аз тарики захоири дохилй, яъне аз рохи эъмоли фишори молиётй (андозй) аз мардум биситонад, ки ба навбаи худ боз хам бар иктисоди заъифи кишвар латма хохад зад.
Иктисоддони точик Хочимухаммад Умаров низ нигарони асароти бади ин руйдод бар вачхаи байнулмилалии кишвар аст. Аммо у бар ин бовар аст, ки Сандуки Байнулмилалии Пул тасмим гирифтааст пас аз бухрони вайронгари зимистони имсол Точикистонро берахмона «мучозот» кунад
, дар холе ки метавонист бозпардохти пулашро баъдан бихохад.
Интихоби замони вукуъи ин «мучозот» низ гумоназанихоеро доман задааст, ки шояд тасмими СБП ангезаи сиёсй дошта бошад. Шурои ичроияи Сандуки Байнулмилалии Пул дар эъмоли чарима алайхи Точикистон бисёр тезу тунд рафтор кард: аъзои он танхо як бор дар ин замина ба сухбат нишастанд ва он хам ба дунболи такозои расмии Точикистон барои кумаки байнулмилалй барои мукобила бо паёмадхои замхарири имсол.
Торнигори
TajEconomy
менависад, ки эхтимолан як кудрати бузург ё гурухе аз кудратхо тасмим гирифтаанд Точикистонро ба хотири «бозихои жеупулитик»-аш гушмоли муфассал диханд. Ба навиштаи ин торнигор, фишори физояндаи иктисодй ва бетафовутии Русия дар зимистони имсол Душанберо самти Техрон савк дод, ки табъан, ба мазоки на Вошингтун ва на Маскав хушоянд набудааст
.