HUMAN RIGHTS
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
Дориюши Рачабиён
Дар соли 1925 точикхои нохияи Ургути устони Самарканд талош карданд вокеъияти талхро бипазиранд ва гуфтанд: «Мо точикем, аммо фарзандони мо узбак хоханд буд.»
(I. I. Zarubin, ‘Spisok narodnostei Turkestanskogo kraia’, Trudy Komissii po izucheniiu plemennogo sostava Rossii i sopredel’nykh stran, Numberg, Leningrad, 1925, p.7).Лахзаи тагйир
Горбачев бо барномаи бозсозиаш дар дармони импротурии бемори бедармон
бисёр талош кард. Тайи хамон давра, дар авохири дахаи 1980 буд, ки точикони узбакистонй дар эътироз ба поймол шудани ибтидойитарин хукукашон тавассути Тошканд садои эътироз баланд карданд. Макомоти узбак, ки зери туфони шикоятхои фаровон даступо мезаданд, табъиз алайхи точикон дар гузаштаро эътироф карданд (Olivier Roi 1991: 24-5). Чунбиши точикон дар домони Самарканд парварида шуд ва ду созмони точикон хамон чо шакл гирифтанд: Анчумани ичтимоъи ва фархангии «Сайкал»-и Уктам Бекмухаммадов (1989) ва Маркази фахангии точикон ва точикзабонони Чамол Мирсаъидов (1990). Дертар ин ду созмон эътилофи вохидеро ташкил карданд, ки бо номи «Самарканд» маъруф шуд.Тасаввури ин мавзуъ акнун сахт аст, ки ойинномаи «Самарканд» бо он лахни далеронаи миллиаш ба таъйиди режими Каримов расида буд. Дар айни хол ин ойиннома имкони тааммули жарфтар дар мавриди гирифторихои точикони узбакистониро фарохам мекунад, ки тайи дахсолахо ногуфта монда буд. Дар яке аз бандхои ин ойиннома омадааст:
«
Хадафи нихойии ин ташаккул ва фаъъолияти Анчумани ичтимоъиву фархангии «Самарканд» дастёбй ба хадафхои иктисодй, сиёсй, фархангй ва омузишии бозсозй дар минтакахои точикнишин ва точикзабоннишини Узбакистон аст. Зарурист, ки ин мардум бедор шаванд ва хисси ифтихору худшиносии миллй дар онхо парвариш ёбад, то батадрич ахлоки кории мусбат ниходина шавад, кушишхои мушаххасе барои решакан кардани девонсолорй (бюрократия), фасод ва махалгаройи анчом бигирад, иттиходи хамаи чунбишхои демукротики минтака ва кишвар устувортар шавад, инзиботу конуну интизом баркарор бошад ва хамаи кудрат ба шурохои демукротики намояндагони мардум вогузор шавад. » (Political Organization in Central Asia and Azerbaijan: Sources and Documents; 2004, p. 401).«
Самарканд» хамчунин хакки тахрими « тасмимхои зиёнбор, гумрохкунанда ва шитобзада, катъи назар аз маншаъи он»-ро барои худ хифз карда буд. Ин тахрим метавонист «дар сурати беасар мондани хамаи талошхои конунй барои даст ёфтан ба баробарии вокеъй то ба мархилаи такозои худмухтории миллй барои точикону точикзабонони Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Узбакистон бирасад.» (Хамон чо).
Эътои озодихо ба точикхо
«
Тайи солхои 1989-92 дар заминаи фархангу омузиши акаллияти точик ислохоти мусбати махдуде сурат гирифт. Ин давра барои омузиш ба забони точикй муфид буд. Густариши доманаи омузишу парвариш ба забони точикй, аз чумла гушоиши даврахои омузишии точикй дар муассисоти тахсилоти олй дар Бухоро, Самарканд ва Тирмиз «меваи истиклол» унвон шуд. Ба гуфтаи Точибой Икромов аз Маркази фархангии точикони Тошканд, такрибан 200 мадраса дар Узбакистон ба забони точикй омузиш медиханд.» (Stuart Horsman in Ethnicity and Democratisation in the New Europe, 1999, p. 204).Лагви озодихо
Он
замон тасаввур намешуд, ки ин хама тагйироти хаячонангез мукаррароте муваккатист, ки ба зудй фасх хохад шуд. Андаке пас аз эътои озодихои нисбй ба точикхои Узбакистон Тошканд ба пайгарди рахбарони чунбиши точикхо шиддат бахшид.«
Уктам Бекмухаммадов, рахбари чинохи родиколи « Самарканд» соли 1991 ба хабси таъликй махкум шуд ва дар поёни соли 1992 дубора боздошт шуд. Пруфессур Чамол Мирсаъидов – яке дигар аз рахбарони родикол аз макомаш дар Донишгохи Самарканд барканор шуд.» (Political Organization in Central Asia and Azerbaijan: Sources and Documents; 2004, p. 401).(
дунбола дорад )