tajikistanweb.com
120308 –
Баёнияи муштараки се хизби сиёсии Точикистон дар паи сахттарин бухрони зимистонии чанд дахаи ахир андаке обхои сиёсии ороми кишварро ба хам задааст. Рузи сешанбе (11 морс) хизбхои демукрот, сусиёл-демукрот ва сусиёлист (чинохи гайрирасмии Назриев) давлатро ба хотири бурузи вазъияти сиёсй ва ичтимоъй-иктисодии кунунй сарзаниш карданд ва «роххои бурунрафт ва вазъият»-ро пешниход карданд.
Хабаргузории Asia-Plus
ба накл аз ин баёния менависад: «Дар арсахои ичтимоъй ва давлатй гушае нест, ки имкони фаъъолияти одиро дошта бошад, дар холе ки девонсолорй (бурукросй), табохии конун, чиноёт ва фасод заминаи мусоъидеро барои рушду нумувв ёфтаанд.»
Хар се хизб муътакиданд, ки Конуни Асосй бояд дар як хамапурсй ислох шавад, то битавон вазъияти феълиро сару сомоне дод. Онхо пешниход мекунанд, ки бо афзудани курсихои Мачлиси Намояндагон (мачлиси суфло) ва ихтиёроти он ба хисоби кохиши ихтиёроти раёсати чумхурй чихати бехбуди авзоъ талош сурат бигирад.
Онхо
хамчунин
муътакиданд, ки аз барои шаффофияту додварзй (адолат) идораи ожонси давлатии мубориза бо фасод ва Додситонии кулли кишвар ба порлумон вогузор шавад. Сиёсати кодрии давлат ва вижагихое, ки «минтакагаройи, таборсолорй ва вафодории шахсй»-и роич дар давлат унвон шуда, низ ба унвони мавонеъи бузург дар рохи расидан ба шукуфойи мавриди хамлаи хизбхои мухолифи давлат вокеъ шудаанд.
Мухолифони номунсачими давлати Точикистон дар гузашта низ баёнияхои муштарак мунташир кардаанд. Аммо он чи баёнияи рузи сешанберо аз бештари баёнияхои муштараки каблй мутафовит мекард, набуди Хизби Нахзати Исломй (ХНИ) дар миёни имзокунандагони он буд.
Мухйиддини Кабирй, рахбари ХНИ бо гилоя аз се хизби ёдшуда гуфтааст, ки муфодди баёния кабл аз имзои он бо хизби у баррасй нашудааст ва ХНИ наметавонист зери баёнияе, ки дар тахияи он даст надоштааст, имзо кунад. Афзун бар ин, Кабирй ишора кард, ки раисичумхурй Рахмон дар суханронии
мохи жонвие (январ)-и худ вахомати авзоъро икрор кардааст.
Кабирй бо таъкид ба мохияти «созанда»-и мухолифати ХНИ бо давлат гуфт, ки хизби у барои ёфтани рохи халли мушкилоти мавчуд ба давлат кумак хохад кард. Гузашта аз ин, у бовар надорад, ки интикод аз давлат дар бехбуди вачха (имич)-и хизбаш корсоз хохад буд.
Гумон намеравад, ки Кабирй комгор шуда бошад дар суфуфи хизби голибан мухофизакори худ нуфузашро баст (густариш) дихад ва фармонбардории ошкори у аз давлат метавонад мухотираомез бошад. Бо ин ки руйкарди Кабирй ба давлат дар суханони рузи сешанбеаш бепардатар аз гузашта буд, бархурди мухтотонаи вай бо хатти машйи хукумат аз вижагихои рахбари ХНИ аз огози раёсаташ дар соли 2006 то кунун ба шумор меояд.
Вай аз хамон огоз муддаъии баландпарвозии сиёсй набуд ва ин вижагии уро бисёре ба хисоби амалгаро будани рахбари нави хизб гузоштаанд.
Кабирй дар соли 2006 дар тавзехи тасмими хизбаш мабнй бар адами пешбарии номзад ба макоми раёсати чумхурй ба хабарнигори родю Озодй
гуфта буд, ки хузури як чунин номзаде дар интихобот ба худии худ таваччухи хасмонаи атрофиён ба Точикистон ва худуди хафт милюн чамъияти онро бар хохад ангехт. У аз вачхаи хизбаш дар миёни мухолифони ХНИ хушнуд набуд ва мехост онро тагйир дихад. Вай мохи уктубри соли 2006 гуфт:
«
Дар интихоботи мачлис мухолифони мо гуфтанд, ки Хизби Нахзати Исломй кишварро ба акиб хохад бурд ва ин ки хамаи мушкилоти кишвар зери сари хамин хизб аст. Онхо гуфтанд, ки агар Хизби Нахзати Исломй баранда шавад, тамоми дастовардхои демукросй ва давлати гайримазхабии мо дар маърази хатар карор хохад гирифт.»
Ва у аз хамон огоз дар паи интихобаш ба макоми рахбарии Хизби Нахзати Исломй мавзеъашро равшан карда буд:
«
Мо ба онхо (давлат) фурсат медихем, то нишон диханд, ки мехоханд бо ин демукросй чи кор кунанд ва аз он чи гуна кор бигиранд. Оё хоханд тавонист ин демукросиро идора ва хифозат кунанд ё на? Чун онхо муддаъианд, ки агар Хизби Нахзати Исломй пируз мешуд, Точикистонро ба Афгонистони дувум табдил мекард.»
Аммо хануз норавшан аст, ки оё фурсати додаи Кабирй замоне ба сар хохад расид ё на. Он чи равшан аст, ин аст, ки хамин фурсати дода ва руйкарди
мулохизакоронаи Хизби Нахзати Исломй аз суи бисёре унсури пайванди миёни давлат ва душманони дуоташаи собики он талаккй мешавад
.
Ин наздикй бисёре аз мусалмонони нисбатан тундравро аз танхо хизби исломии расмии минтака бегона кардааст. Дар натича, химоят аз исломи тундрав дар Точикистон ру ба афзоиш аст. Афзун бар хизби гайриконунии Тахрир гароишхои мазхабии тозавориде чун салафия ва самария, ки хар ду баромада аз мактаби вахобй хастанд, дар кишвар доман пахн мекунанд.
Давлат дар талоше, ки зохиран барои дархам кубидани мухолифони исломии расмиаш анчом дод, мохи жонвие (январ)-и гузашта аз пайравони салафия химоят кард ва ононро мусалмонони мусолиматчуи шабехи пайравони мазхаби ханафия номид, ки хич хадафи сиёсие надоранд (Azadi)
.
Рахбарони ХНИ аз дидгоххои исломихои тундрав дар мавриди ин хизб ба хубй огоханд.
Боз хам дар соли 2006 Салохиддин Хусейнзода, аз рахбарони ХНИ дар устони Сугд дар мусохиба бо родю Озодй Хизб-ут-тахрирро ба рохандозии корзоре барои бадном сохтани ХНИ дар миёни тудахо муттахам кард.
Хусейнзода
афзуд: «Дар бархе аз манотик, дар чохое, ки Хизб-ут-тахрир ва дигарон фаъъоланд, мо наметавонем хузури кавй дошта бошем. Аммо дар манотике, ки Хизби Нахзати Исломй хузури кавй дорад, ному нишоне аз Хизб-ут-тахрир ё дигар гуруххои гайриконунй нест.»
Вале
барои Бобочон Бобохонов, додситони кулли Точикистон, Хизб-ут-тахрир на теруристй буд ва на ифротгаро. Вай соли гузашта гуфт, ки ин гурух дар холи парокандани паёми сиёсии худ танхо аз рохи таблигот аст. Бад-ин гуна, Хизб-ут-тахрир ба холи худ рахо шуд
ва бо чалби пайравони билкувваи Хизби Нахзати Исломй ба суфуфи худ таквият ёфт. Танхо рузи сешанбе (11 морс) Додгохи Олии Точикистон Хизб-ут-тахрирро шомили фехрести гуруххои ифротгаро кард, то шояд бад-ин минвол чилави рушди махбубияти гайримунтазираи хизбро бигирад.
Бо ин васф, барои Мухйиддини Кабирй, ки миёни оташу об гирифтор мондааст, хатман иттихози хар тасмиме амри душворест. Афзун бар ин, у ба монанди Абдуллохи Нурй, рахбари факиди ХНИ, аз фарру чазбаи рухонй бархурдор нест ва бар хилофи Нурй, бо дониши амикаш дар улуми исломй шухрат наёфтааст. Аз ин ру, ба назар намерасад, ки тамоюли у барои наздикии бештар бо давлати ру ба шикаст ва пархез аз хамсаффони пешинаш
ба комгории сиёсие барои Хизби Нахзати Исломй бианчомад.