web.com

ФАРХАНГ

МУРТАБИТ

Intelligentsia Stirs Up Regionalism

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Regionalism: a rebel without a cause

tajikistanweb.com

Махалгаройи дар Точикистон, ки замоне унсури аслии сиёсати «тафрика биандозу хукумат кун»-и шуравй буд, акнун монеъи аслй дар ростои эчоди миллигаройии маданй ба шумор меояд. Дар паи истиклоли гайримунтазираи Точикистон аз Русия ин кишвар шохиди суъуди ногахонии махалгаройи ба шакли хам идеулужии нонавиштаи давлатй ва хам бахсхои ошкори равшанфикрони точик аз манотики мухталифи кишвар шудааст. Тибки ваъда, tajikistanweb талош мекунад ба муъаммои махалгаройи дар Точикистон равшанй биандозад ва хатароти ношй аз он барои хамбастагии миллиро баррасй кунад.

Махалгаройи , ки умдатан ба чомеъахои вопасмонда нисбат дода мешавад , дар бархе аз пешрафтатарин чомеъахо , ба монанди Бритониё низ хузур дорад . Аммо тафовутхои миёни чануби Инглистон ва бокии сарзамини Бритониё сирфан чанбаи иктисодй ва фархангй дорад ва ба сиёсат марбут нест . Зодгохи як фард наметавонад дар корномак ( CV)- и у накши таъйинкунандае дошта бошад. Дар холе ки махалгаройии точикй умдатан муттакй бар сиёсат аст ва зодгохи як фард метавонад дар таъйини ояндааш мухимтар аз дарачаи илмию тахсилй ва пешинаи кории у бошад.

Махалгаройии точикй, ки дар гузашта дар номхои хонаводагии мардум (Бухорй, Самаркандй, Хучандй, Ванчй) буруз меёфт, тахти хукумати шуравй ба чизе бештар аз ишора ба махалли таваллуди афрод табдил шуд
. Таъйини худуди миллй ва сарзаминй, ки тайи солхои 1924-1929 тавассути барномарезони шуравй анчом гирифт, аксарияти точикон ва бештари минтакахои ононро берун аз каламрави чумхурии Точикистон карор дод, то кунтрули Маскав бар минтакаро тазмин кунад. Tajikistanweb ин мавзуъро дар маколаи «Табартаксими хуввияти порсй» баррасй кардааст. Дар ин чо пайвандхоеро миёни таъйини марзхои Точикистон дар замони шуравй, ки ошкоро номунсифона буд ва хезиши махалгаройии точикй равшан мекунем.

Порае аз гузориши Алексей Дяков – раиси Дафтари Созмондихй (Оргбюро)-и хавзаи Хучанд дар соли 1928 тавзех медихад, ки чи гуна Самарканд ва дигар бахшхои точикнишини Осиёи Миёна бар мабнои саршумории козиб ва мугризонаи соли 1926 ба Узбакистон эхдо шуданд:

« Зимни саршумории 1926 бахши кобили таваччухи чамъияти точик узбак номнавис шуданд . Масалан, дар саршумории 1920 дар Самарканд шумори точикон 44,758 тан сабт шуда буд дар баробари 3301 узбак. Аммо бино ба саршумории 1926, шумори узбакхо 43,364 тан аст ва точикхо факат 10,716 нафаранд. Дар бархе аз кишлок (русто)-хои хавзаи Хучанд, дар Ашт, Калъача, Окчари Точик ва гайра ки чамъияташон дар соли 1920 точик сабт шуда буданд, дар саршумории 1926 узбак номнавис шуданд. Хакоики хамонанде дар вилоятхои Фаргона, Самарканд ва ба вижа Бухоро ба мушохида расидааст.» (Paul Bergne, The Birth of Tajikistan, 2007, с . 106).

Ин кумунисти ошкоргу мохи ут (август)-и 1929 аз макомаш барканор шуд.

Шахрхои точикии Бухорову Самарканд бо пешинаи деринаи порсишон , агар ба баданаи чумхурии Точикистон мулхак мешуданд, метавонистанд дар бадви таъсиси импротурии шуравй хисси миллигаройии точикиро шакл диханд. Ин ду шахр, ки дар гузашта пойтахтхои импротурихои порсй ё порсигу буданд , то кунун алорагми куштори фархангй тавассути давлатхои мухталифи узбак умдатан порсинишинанд .

Бохтани марказхои сиёсй ва фархангии суннатии точикхо монеъ аз ташаккули точикхо ба унвони як миллати вохид шуд ва аз суи дигар ба рушди хисси махалгаройи дар миёни точикхо мусоъидат кард. (Vladimir Babak, Political Organisation in Central Asia, 2004, p. 290).

Мардуми дархамдаридаву порашуда наметавонист худро ба чашми як миллати вохид бибинад, чун бештари хамкавмон ва шахрхои он берун аз марзхои расмиаш монда буданд.

Ин нукта дар китоби «Низоми сиёсии пасошуравй» (Post-Soviet Political Order) ба калами Борнет Рубин ва Чак Снойдер ба хубй равшан шудааст:

« Тахлили ин самтгирй заъфи миллигаройии точикиро ба вижагихои ичтимоъии точикхо, торихи табакаи равшанфикри точик ( ки офаридагори билкувва ва маъмури миллигаройи тасаввур мешавад) ва нахваи таъсиси чумхурии миллии Точикистон пайванд медихад. Харчанд хамаи хуввиятхои Осиёи Миёнаи пеш аз шуравй аз хутути камранги каламрави миллй бархурдор буданд, хуввияти чугрофиёйии точикхо заъифтар аз хама буд. Агар карор аст миллигаройи як бовари сиёсй бошад, ки бар мабнои он марзхои кавмй ва сарзаминй бо хам хамхонй доранд, точикхо камтар аз хар кавми дигаре аз ин шароит бархурдор буданд. Барои точикхо мушкил ин набуд, ки хутути марзиро иштибох кашидаанд. Мушкили вокеъй он буд, ки хеч марзе наметавонист аз дидгохи миллигароёна « дуруст» арзёбй шавад. (Post-Soviet Political Order: Conflict and State Building, с . 135).

Бо вучуди ин, номуродии точикхо сирфан натичаи тасмимхои узбакгароёнаи хукумати шурохо набуд. Точикхо пеш аз давраи шуравй низ дар каламрави чандин аморат парешон буданд. Ин шароит метавонад яке аз далелхои набуд ё камбуди хисси миллигаройи миёни порсигуёни Осиёи Миёна дар огози садаи 20 бошад. Мунтстюорт Элфинстун, фиристодаи Бритониё ба дарбори Афгонистон дар огози садаи 19 навишта буд:

« Точикхо ба монанди бештари миллатхои дигар дар як ниход муттахид нестанд ё шомили оходи як кишвари вохид намешаванд, балки дар бахши азиме аз Осиё парешонанд ва бо хам иртиботе надоранд. Онхо дар бахши бузургтари манотики хузурашон бо узбакхо даромехтаанд ва дар навохии дигар ба хамин шева бо афгонхо (паштунхо) махлутанд... Онхо дар кухистони Каротегин, Дарвоз, Вахихо (Вахё) ва Бадахшон давлатхои мустакилле доранд. Ба чуз дар хамин кишвархои нируманд ва чанд махалли чудогонаи дигар , ки зикрашон баъдан хохад омад, точикхоро наметавон ба шакли чавомеъи мучаззо ёфт, балки бештари онхо бо миллати хокими махалли зисташон даромехтаанд...» (Montstuart Elphinstone, An Account of the Kingdom of Caubul and Its Dependencies in Persia, Tartary, and India…, Karachi: Oxford University Press, 1972 [First edition, 1815], vol. 1, сс . 403-4).

Ва ин хакикат , ки истилохи « точик » чизе беш аз мутародифи « порс » ва « эронй » нест , ки тавассути кабилахои турктабор ба кор рафтааст , ба точикхо имкон намедод , ки худро ба унвони миллате мучаззо бо пешинаи торихй , фархангй ва забонии хосси худ бишиносанд .

Бо ин хол, наметавон муддаъй шуд, ки точикхо аз хисси миллигаройи билкул бебахра будаанд. Пофишории миллигароёни кумунисти точике чун Шириншо Шотемур, Нусратуллох Махсум ва Абдуррахим Хочибоев буд, ки дар соли 1929 ба интиколи хавзаи Хучанд аз Узбакистон ба Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистони навпо анчомид.

(
дунбола дорад )

Regionalism Vs Nationalism. Part 2 (Cyrillic Persian)

Regionalism Vs Nationalism. Part 3 (Cyrillic Persian)

Regionalism Vs Nationalism. Part 4 (Cyrillic Persian)

English