web.com

ХУКУКИ БАШАР

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

МУРТАБИТ

Tajiks of Uzbekistan. Part 2

Tajiks of Uzbekistan. Part 1

Tajiks of Uzbekistan. Part 3

Дориюши Рачабиён
tajikistanweb.com

Мавчи саркубхо

Созмони Дидбони Хукуки Башар аз чандин мавриди икдомоти саркубгаронаи давлати Узбакистон алайхи фаъъолони хукуки точикон дар огози дахаи 1990 гузориш додааст:

Пруфесур Чамол Мирсаъидов, узви анчумани « Самарканд » ва узви кумитаи муассисони Анчумани Миллии Точикони Узбакистон, мохи септомбр (сентябр)-и 1992 дар Хамоиши Чахонии Точикон дар Душанбе суханронй кард. «Ба махзи бозгашт ба Узбакистон дуктур Мирсаъидов ба накзи моддаи 62-уми Конуни кайфарии чумхурии Узбакистон муттахам шуд.» (Human Rights in Uzbekistan, 1993: 10).

Дуктур Уктам Бекмухаммадов, дабири аршад ва раиси кумитаи анчумани Самарканд ва раиси кумитаи муассисони Гурухи Хелсинкии Самарканд, «ба хотири фаъъолияти мусолиматомезаш борхо бар пояи иттихомоти дуругин боздошт шуд ва дар чанд маврид ба хабси таъликй махкум шуд. (Human Rights in Uzbekistan, 1993: 12).

Бениг Богдесориён, узви ифтихории арманитабори анчумани Самарканд, «рузи 4 жуан (июн)-и 1991 хамрох бо дуктур Бекмухаммадов ба хотири гуруснанишинй ба тарафдорй аз хукуки точикони Узбакистон бар пояи иттихомоти дуругин боздошт шуд.» (Хамон чо).

Ононе, ки талош карданд садои худро ба гуши чахониён бирасонанд, кимати газофе пардохтанд. Яке аз ин маворид хастаи китоби маъруфи «Катл дар Самарканд»-и Крейг Муррей, сафири пешини Бритониё дар Узбакистонро ташкил медихад. Сафир танхо ба шикоятхои пруфесур Мирсаъидов дар бораи вазъияти точикони Узбакистон гуш дод. Рузи баъдй часади нава (набера)-и навчавони Чамол Мирсаъидовро кашф карданд, ки дар баданаш нишонахои шиканча бо милахои оханй хувайдо буд ва бахшхое аз бадани уро дар об чушонда буданд.

« Алорагми таъкиди алании точикони Узбакистон бар риъояти хукукашон дар чорчуби чумхурй ва худдориашон аз такозои пайвастан ба Точикистон, дар паи касби истиклол фишори давлат бар фаъъолони хукуки точикон афзоиш ёфт. Давлат аз рохи саркубй онхоро ба хомушй водошт .» (John Anderson, The International Politics of Central Asia, p. 144).

Хамаи курбониёни саркубии режими Каримов мутаъаллик ба чунбиши миллигароёнаи точикон набуданд. Бархе аз онхо аз чумлаи мардуми одй буданд, ба монанди хазорон точики устони Сурхондарё, ки соли 2000 ичборан ба маркази Узбакистон кучонда шуданд. (Lena Jonson 2004: 163).

Ба навиштаи Мерй Ли Ноултон, дар паи судури як фармон дар соли 2002 китобхои точикй ба коми оташ рафтанд (Uzbekistan 2005: 62). Ин икдом ба унвони тадбире чихати поксозии китобхонахо аз адабиёти кумунистй тавчех шуд. Аммо фаъъолони хукуки точикон муддаъианд, ки дар миёни китобхои баднасиби ленинистй осори шоъирони клосики порсй низ нобуд шудаанд. Интишороти «Сугдиён»-и Самарканд теъдоди андаке китоби точикй мунташир мекунад (Foltz 1996: 215).

Шумори мадрасахои точикй дар Узбакистон низ ба шиддат кохиш ёфтааст. «Ба гуфтаи Мирсаъидов, тайи соли тахсилии 1996-7 шумори мадрасахои точикие, ки узбакй шуданд, ду то се баробар афзоиш ёфтааст.» (Stuart Horsman in Ethnicity and Democratisation in the New Europe, 1999, p.204).

«
Бухорои Шариф», нахустин рузномаи порсй (точикй)-и минтака, ба фишори физояндаи иктисодй тоб наоварду курбонии узбаксозй шуд. Он бо дарёфти кумаки билоъивази давлат дубора мунташир шуд, аммо ин бор ба забони узбакй.

Накши созандаву сузандаи Точикистон

Тайи солхои точикситезии режими Каримов Точикистон даргири ихтилофоти сиёсии дохилии худ буд, ки саранчом ба чанги дохилии тамомъайёре табдил шуд (1992-1997). Узбакистон хам аз бозигарони умдаи чанги Точикистон буд . Аммо пештар аз он Точикистон ба бехзистии точикон дар кишвари хамсоя алокаи вофир нишон медод.

« Дар соли 1988 Лоик Шеръалй, дабири Иттиходи Нависандагони Точикистон, империолисми зехнии Узбакистонро ба боди интикод гирифт. У узбакхоро ба лагву насхи осори файласуфону шоъирони форсу точик муттахам кард. Бо ин ки шояд ин гилоя махрамона буд, он хусуматхои кавмиро ошкор кард. Макомот нигарон шуданд. Мохи жонвие (яевар)-и 1988 сардабири рузномаи «Комсомоли Точикистон», вобаста ба Хизби Кумунист, ба хотири чопи маколоти тафрикаангези кавмй аз макомаш барканор шуд. Горбачев дар мубохисае дар бораи Кухистони Карабог ошкоро изхори нигаронй кард, ки мумкин аст точикон низ аз комгории арманихо дар Карабог илхом бигиранд ва иддаъохои арзии худро алайхи Узбакистон матрах кунанд. Бими Горбачев бечихат набуд. Соли 1989 миёни рустоиён дар имтидоди марзи Киргизистон хушунатхо буруз карданд ва такозои ислохи марз бо Узбакистон садо дод. Аммо дар айни хол мушкили мувозие вучуд дошт, ки метавонист ба тархи зиддииддаъохои арзй бианчомад: як милюн узбак дар Точикистон ба сар мебаранд.» (Bernard A. Cook. Europe since 1945: An Encyclopaedia, 2001, p. 1232).

Дар хамон давра Ислом Каримов аз як гурух донишварони Фархангистони Улуми Точикистон номаи саргушодае дарёфт кард, зери унвони «Хитоба ба окодемисянхо ва равшанфикрони халлоки Узбакистони бародар». Дар бахше аз ин хитоба бар зарурати тарки сиёсати омезиши кавмии точикони Узбакистон, тарки тасаввури доштани мероси муштарак бо узбакхо, густариши имконоти омузиши забони порсй (точикй), эътои расмият ба забони порсй (точикй) дар Бухорову Самарканд ва заминасозй барои «рушди бештари фарханги точикй» ба хотири «бародариву дустии суннатй» - и миёни ду мардум таъкид шуда буд. (Aleksandr Jumaev in Can Liberal Pluralism be Exported? 2001, pp. 339-340).

Баъзан равшанфикрони точик ибтикори таъмини китобхои дарсии точикии манотики точикнишини Узбакистон ва табдили мадориси он минтакахо ба мадрасахои точикиро ба душ мегирифтанд. Дар бархе аз маворид онхо комгор буданд ва нависандаи ин матлаб худ шохиди яке-ду мавриди муваффаки табдили мадрасахои узбакй ба точикй дар Бухорои авохири дахаи 1980 ва авоили 1990 буд. Аммо дере нагузашт, ки шохиди раванди воруна ( баръакс)-и он хам шудем.

Дар айни хол, Точикистон мекушид дар тахаммулу тасомух намунаи ибрати Тошканд бошад:

« Давлати Точикистон дар авохири давраи шуравй дар киболи акаллияти узбактабори ин чумхурй чанд икдоми оштичуёна анчом дод. Дар се шахри чанубии Точикистон китобфурушихои вижаи осори узбакй гушоиш ёфт. Як хафтаномаи узбакии чадид огоз ба кор кард; дар чумхурй кабл аз он хам ду нашрияи саросарии узбакй мунташир мешуд. Тайи солхо дар манотике, ки чамъияти кобили мулохизаи узбактабор дошт, мадрасахои узбакй фаъъол буданд. Худуди як дахуми барномахои родюйи ба забони узбакй буд .» (Karen Dawisha, Bruce Parrott, Conflict, Cleavage, and Change in Central Asia and the Caucasus, 1997, p. 299).

Хатто дар давраи чанги дохилй шуморе аз фаъъолони сиёсии Точикистон хамчунон нигарони хамкавмони зери ситами худ дар Узбакистон буданд.

« Такрибан хамаи хизбу чунбишхои мухолифини Точикистон иддаъо мекунанд, ки мушкили точикон дар Узбакистон халлу фасл нашудааст. Ин нукта дар изхороти рахбарони хизбхову чунбишхои мухолифон, ба монанди Мирбобо Миррахимов, Шодмон Юсуфов ва дигарон таъкид шудааст. (Conflicting Loyalties and the State in Post-Soviet Russia and Eurasia, 1998, p.183).

Аммо хамин чанги дохилй буд, ки чунбиши точикони Узбакистонро бадном кард ва ба дасти макомоти Узбакистон бахонае дод, ки «ба хотири хифзи субот» онро берахмона фуру бинишонанд. Стюорт Хорсман аз асароти зиёнбори чанги Точикистон бар равшанфикрони точики Узбакистон менависад ва ба суханони як узви анчумани фархангии «Самарканд» истинод мекунад, ки гуфтааст: «низоъи дохилии Точикистон сабаби аслии мушкилоти фархангии точикони Узбакистон аст.» (Horsman 1999: 202).

« Бино ба тахлилхои мухофизакоронаи руйдодхои Точикистон тавассути макомоти узбак, издиёд (зиёд будан)-и чунбишхои сиёсй ва такозои ислохоти сиёсии «бунёдин» аз далелхои умдаи бурузи чанги дохилист. Гуруххои сиёсии дохилиро хамдасти душманони берунй медонистанд, ки дар паи ба хам задани суботу оромиши Узбакистон хастанд. Бо ташдиди чанг дар Точикистон озору азияти чунбишхои мухолифи давлати Узбакистон низ шиддат гирифт (Brown 1993: 3-4). Режими Узбакистон таъкид мекард, ки метавон фаъъолиятхои чомеъаи точикони Узбакистонро бо бесарсумонй дар чумхурии хамсоя пайванд дод.» ( Хамон чо : 207).

Ба махзи ин ки Точикистон гарки чанги дохилй шуд, шумори зиёде аз мадрасахои точикии устони Самарканд дар мохи жуие (июл)-и 1992 таътил шуданд (Nissman 1995).

Аз суи дигар, Л.М. Дробижева муътакид аст, ки чанги дохилии Точикистон орзуи точикони Узбакистон барои пайвастан бо Точикистонро кушт, «чун аксаран суботу шукуфойии нисбии Узбакистонро тарчех медоданд.» (Drobizheva 1996: 293).

Дар ин миён бисёре дар Точикистон бар ин боваранд, ки Узбакистон дар бесубот кардани авзоъ дар кишвари хамсояаш даст доштааст, то точикони Узбакистонро аз фикри пайвастан ба Точикистон мунсариф кунад.

Коршиноси фаронсавй Оливер Руо бар ин назар аст, ки чанги дохилии Точикистон кишварро ба хадди кобили мулохизае камзур карда ва хар навъ хатари тархи иддаъои точикон бар Самарканду Бухороро аз байн бурдааст. У дар китоби «Осиёи Миёнаи навин: Жеупулитик ва миллатсозихо» менависад, ки ин чанг «миёни точикони Узбакистон ва мафхуми понточикисм (pan-Tajikism) фосила андохт... Дар вокеъ, агар имруз Точикистон кишвари тахт-ул-химояи Русия набуд, мумкин буд ба содагй дар мадори сиёсатхои Узбакистон карор бигирад.» (Roy 2007: 178).

Сиёсатхои точикситезонаи Узбакистонро лаффозихои «дустона»-и Каримов хамрохй мекард. Вай пас аз мусоъидат дар овардани режими феълии Точикистон ба сари кудрат гуфта буд: «Ман инро каблан хам гуфтаам ва боз мегуям: аслан мо як мардум хастем, ки ба ду забони точикй ва узбакй сухбат мекунем.» (Jumaev 2001: 340). Аммо вокеъиятхои талх ин суханхоро зери суол мебурд.

Дар Узбакистон хануз мадрасахои точикй вучуд доранд ва рузномахои точикй мунташир мешаванд. Шумори андаке аз онхо аз руйкарди нажодпарастонаи Каримов чон ба саломат бурдаанд. Дар мавриди нобудии тадричии онхо бахонахои фаровоне овардаанд, ки маъмулан аз сайри кахкаройи (пасрафт)-и иктисоди Узбакистон огоз мешавад. Бо вучуди ин, хеч бахонае наметавонад вазъияти асафбори точикхои Узбакистонро тавчех кунад, дар холе ки Точикистон, бо факре, ки дорад, дар ростои риъояти хукуки акаллияти узбаки худ мекушад ва барои мадориси узбакй китобхои дарсии узбакй мунташир мекунад. Аммо Узбакистон бо шукуфойии нисбиаш аз ичрои аслхои 4 ва 18-и Конуни Асосии худ сарпечй мекунад, ки хурмат ва баробарии хукуки хамаи шахрвандони он кишварро тазмин кардаанд.

Тибки омори расмй, танхо 5 дарсади чамъияти Узбакистон точиканд. Ин омор комилан гумрохкунанда аст. Аз ин ру, бештари рохнамохо, аз чумла рохнамохои чахонгардие чун World66, ба омори гайрирасмй ишора мекунанд:

« Ба далели сиёсати Иттиходи Шуравй, ки хутути кавмй ва забониро нодида мегирифт, бештари точикхо дар берун аз кишваре зиндагй мекунанд, ки мо акнун онро бо номи Точикистон мешиносем. Бештарин теъдоди точикхо дар Узбакистон ба сар мебаранд. Аммо дар ин кишвар аксарияти точикхо водор шудаанд, ки худро узбак номнавис кунанд . Бино ба бовари голиб, шумори вокеъии точикхои мукими Узбакистон наздик ба 42 дарсади чамъияти кишвар (11-14 милюн) аст.»

Танхо арчу эхтироми мутакобил метавонад зомини сулху шукуфойи дар ду кишвари хамсоя бошад .

English