"Сафири Точикистон чосуси Русия аст"

web.com

СИЁСАТ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Le Monde, Нйу Йорк
баргардон аз фаронсавй : tajikistanweb.com

Comrade J.
Pete Earley
Penguin Group, 2008.
ISBN-13: 9780399154393

Сергей Третяков умедвор аст, ки чизе зиндагии уро тахдид намекунад. Чосуси пешини Русия, ки ба «душман» пайваста, ба рузномаи Le Monde гуфт: «Агар ронандае манро зери мошинаш бигирад, хама хоханд донист, ки ин кори Маскав аст.»

У, ки 51 сол дорад, худашро «Чеймз Бонди ростин» медонад ва айёми бознишастагии тилоиашро дар як шахри Омрико мегузаронад. Шахре, ки номашро намеоварад. Вай дар як хонаи мураффах дар минтакае зиндагй мекунад, ки саргармии сокинонаш бозии гулф аст ва хамсоягонаш уро гох ба зиёфати кабоб дар фазои боз даъват мекунанд. Елена, хамсари у худрави Porsche меронад ва духтараш Ксения форигуттахсили яке аз донишгоххои бонуфузи Лиги Айвй ( Ivy League) аст. Хонаводаи Третяков руъёи омрикоиашонро ба хисоби Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико (CIA) тачруба мекунанд.

Сарханги пешини КГБ бо шуру харорати касе сухбат мекунад, ки тоза ба дине мушарраф шудааст. У
мегуяд : « Ман хоин нестам . Ман як механпарасти омрикойиам

Аз мохи оврил ( апрел )- и 1992 то уктубри 2000 Сергей Третяков макоми вобастаи матбуъотии намояндагии Русия дар Созмони Милалро дар Нйу Йорк ба ухда дошт ва дар айни хол барои Маскав чосусй мекард . У тайи беш аз ду сол Дафтари Федероли Тахкикот (FBI) ва Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрикоро дар бораи мочарохои камахамияти Борис Елтсин ва Владимир Путин огох мекард ва ба ин бунгоххо худуди 5000 телегроми « комилан махфй » ва 100 гузориши махрамона тахвил дод . У аз арзишмандатарин муздурони торихи ахири муборизаи зиддичосусии Омрикост ва хамчунин пурдаромадтарин хоини рус аст.

Третяков ба Хадамоти иттилоъоти бурунмарзии Русия (СВР, баромада аз КГБ) нихояти густохиро раво дид ва мувофикат кард бо Пит Эрлй (
Pete Earley), хабарнигори пешини рузномаи « Washington Post» сухбат кунад. Натичаи он сухбат яке аз пурфуруштарин китобхои Омрикост (бо номи «Рафик Ч»; рузи 24 жонвие (январ) мунташир шуд), ки пардаи рамзу розро аз руи чахони чосусй бар медорад. «Рафик Чон» (номи рамзии у) рухашро ба хотири пул нафурухт – у хатто пул нахост. У хостори шухрат хам набуд, аз ин ру нахост вероиши китобро ба ухда дошта бошад Пит Эрлй мегуяд: «Хар касе, ки бар зодбуми худ пушт кардааст, хамеша ниёзи тавчехи ин амалро эхсос мекунад.» Ба гуфтаи Третяков, у мехостааст «Омрикоро мутаваччехи хатароти ношй аз Русия кунад.» Дар паи чопи китоб дар авохири мохи жонвие (январ) СВР лозим шумурд ёдоварй кунад, ки «хиёнат чиноятест, ки муртакиби он тахти пайгарди конун карор мегирад.»

Вакте ки Сергей Третяков нахустин бор дар мохи оврил (апрел)-и 1995 дар минтакаи Манхаттани Нйу Йорк пайдо шуд, комилан инсони дигаре буд: як чосуси умедбахшу вазифашинос, дастпарварди мактаби шуравй. У утоки кориашро дар «зердарёйи»-и СВР ихтиёр кард: дар табакаи хаштуми сохтмони намояндагии Русия дар Созмони Милал, бар фарози диплумотхои «маъмулй». Одам метавонад танхо бо истифода аз созукор (меконизм)-и вижае, ки шомили корбурди сиккаву ангуштари номзадй хам мешавад, дари онро боз кунад . Деворхои он бо сафхахои оханй ва як шабакаи муртаъиш (ларзон) пушида буд , то аз шунуд (истироки самъ) чилавгирй шавад. Уток панчара надошт ва бокии сохтмон чудо буд. Чосусони СВР барои тамос бо «манобеъ»-ашон аз телефунхои хамагонии канори фурушгохи Блумингдейл дар хиёбони шумораи 59-и Нйу Йорк кор мегирифтанд.

Поёни Чанги Сард авлавиятхои Русияро тагйир надода буд. Чосус ташрех мекунад: «Хадафхои умдаи Маскав Иёлоти Муттахида, НАТО ва Чин буданду монданд. Барои чамъоварии иттилоъот чосус ичоза дошт аз хар василае истифода кунад: кунтрули иродаи афрод,тахдиду шонтож ва маъмулан бахрабарй аз эхсосоти зиддиомрикойии диплумотхои хоричй, аз чумла аз кишвархои дусти Вошингтун. Бархеро ба ду пашиз мехариданд. Чосус дар ин китоб пузханде задаву гуфтааст: «Он диплумотхо намояндаи кишвархои худашон буданд ва хатари эъдоми онхо ба унвони чосус вучуд дошт. Он хам ба хотири чанд зеваролоти чаълие, ки чандсад дулор бештар кимат надорад.» Рузноманигорон низ хадафи чосусон вокеъ мешуданд. Третяков хушдор медихад:
« Агар як диплумоти рус шуморо ба як хутели панчситора бихонад ва бидуни ин ки хисобро бихохад, пули икомати шуморо бипардозад, у афсари СВР аст.» Худи у дар давраи чосусиаш як хабарнигори жопуниро бо номи рамзии «Самурай» аз хамин рох ачир (муздур) карда буд.

Тафтишу санчиши бисёре аз иддаъохои Третяков номумкин аст. Аммо у мегуяд, ки Элдар Кулиев, намояндаи Озарбойчон дар Созмони Милал дар соли 1994 низ дар вокеъ чосуси СВР будааст. Кулиев яке аз чандин чосусе буда, ки аз миёни донишчуён дар Омрико ачир шуда буданд ва баъдан дар таркиби хайъатхои диплумотики кишвархояшон чосозй шуданд. Рашид Олимов (бо номи рамзии «Амир»), намояндаи Точикистон, дар изои ваъдаи дарёфти як опортумон ва унвони пруфесурй дар Маскав барои ин созмон чосусй мекард. Барои чалби дубораи Алишер Вохидов – намояндаи Узбакистон ба шугли чосусй, СВР мачбур шудааст гузаштаи у ба унвони суханчини КГБ-ро ёдовар шавад.

Ба назари Третяков, яке аз бузургтарин комгорихои СВР рох ёфтани чосуси он Александр Крамар ба калби барномаи «Нафт дар изои гизо»-и Созмони Милал буд, ки карор буд асароти тахримхо руи мардуми Ирокро кохиш дихад. Крамар аз мохи жуие (июл)-и 1999 ба баъд танхо фарди масъули киматгузории нафти хоми Ирок буд ва русхои бисёре аз тарики у аз хар бушка нафти сахмияе, ки Саддом Хусейн муъайян карда буд, 35 сент бахра доштанд.
Пит Эрлй кулли он маблагро 500 милюн дулор баровард кардааст. Ба гуфтаи Третяков, Крамар «ба улигорш (олигарх)-хои перомуни раисичумхурй Елтсин кумак мекард, ки бидузданд». Третяков мегуяд, ки худи у ин иттифокро барои Русия нангину хиффатбор медонист.

Аммо тачассус хам нокомихои худро дорад. Як диплумоти чаълии Русия, ки бо Хенрй Киссинчер карори мулокот гузошта буд, мачбур шуд билофосила онро лагв кунад
. Чун мутаваччех шуда буд, ки як дакикаи гуфтугу бо вазири хоричаи пешини Омрико сад дулор кимат дорад.

Сергей кай ва чи гуна барои Дафтари Федероли Тахкикот ва Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико ачир шуд? У дар ин бора хомуш аст. Вай танхо мегуяд: «Ману хонаводаам ба натичае расидем, ки хидмат ба давлати кишварамон гайриахлокист.» Сергей пофишорй мекунад
, ки «харгиз як кирон пул нахостааст». Дар он давра у ошики Нйу Йорк буд ва сериолхои телевизюнии «Зайнфелд» ва «Дустон»-ро дуст дошт. Ба гуфтаи Пит Эрлй, духтари у далели ин тасмимгирй буд, чун Сергей зиндагии духтараш дар Русияи навро тасаввур намекард. Сергей бо ёде аз гузашта мегуяд: «Тарс дар он шароит бузургтарин душмани инсон аст», ба вижа вакте бидонй, ки агар кашфат карданд, «ду метр зери замин мефиристандат.»

Рузи 11 уктубри соли 2000 Сергей Третяков аз хоб бархост ва тасмим гирифт, ки замони поён додан ба зиндагии дугонааш фаро расидааст. У бо хамрохи хамсараш, духтараш ва гурбааш Мотилдо дар зерзаминии сохтмоне дар Ривердейл – махалли икомати диплумотхои рус чанд чамадонро даруни сандуки акиби мошинаш андохт
. Барои охирин бор санади шиносоиашро ба дарбон нишон дод ва тибки маъмул андаке мунтазир монд, то дарвоза пушти сараш баста шавад – ва зиндагии навро огоз кард. Пушаймон нест? Акнун у бо котеъият мегуяд: «Ман хисси дилтангй барои механ (нустолжй) надорам, чун кишвари ман дигар вучуд надорад.»

Ёддошти сардабир: tajikistanweb.com барои санчидани иддаъои Сергей Третяков дар бораи Рашид Олимов (сафири кунунии Точикистон дар Чин) чандин бор бо Сафорати Точикистон дар Чин тамос гирифт, аммо зангхои мукаррар бепосух монданд.

English