web.com

ФАРХАНГ

МУРТАБИТ

Intelligentsia Stirs Up Regionalism

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Regionalism: a rebel without a cause

Regionalism Vs Nationalism. Part 1

tajikistanweb.com

Хисси маъюби миллият

Хамон гуна ки дар фасли каблй ёдоварй шуд, дар натичаи марзбандихо ва саршуморихои номунсифонаи барномарезони шуравй, ки бар узбакхо ричхон мениходанд, порсигуёни Осиёи Миёна аз имкони парвариш ва тавсеъаи хисси вахдати миллй махрум шуданд. Бегумон эчоди Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон пирузие барои точикхо ба шумор меомад, аммо нахваи эчоди он хисси миллият ва миллигаройиро дар миёни точикхо нокис ва маъюб кард.

Насрини Додмехр бар ин бовар аст, ки «бо бокй мондани Самарканду Бухоро – ду пойтахти фарханги точикй дар каламрави Узбакистон точикхо мачбур буданд бидуни марказхои фархангии торихии худ хуввияте тоза бисозанд. Ин бохти гарон зарбаи бунёдине буд бар раванди миллатсозии точикхо ва дар зиндагии сиёсии онхо асароти жарфе бокй гузошт. Равшанфикрони точик, ки умдатан дар хамин ду шахр мутамаркиз буданд, дар Узбакистон монданд.» (Robert I. Rotberg, State Terror and State Weakness in a Time of Terror, p. 247).

Бад-ин минвол, дар миёни булшевикхо тасаввури козибе буруз кард, ки точикхо умдатан кухнишинанд. «Пажухишхои илмй»-и бешуморе барои исботи ин нукта чаъл (сохта) шуд, ки эрониёни Осиёи Миёнаро фотехони турктабори минтака аз водихо ба куххо рондаанд. Хадаф аз анчоми он «пажухишхо» тавчехи марзбандии чумхурии Точикистон буд, ки ба таври номутаносибе аз куххо иборат буд, бо ин ки касе наметавонист мункири хузури шумори бештари точикхо дар водихо бошад.

« Ба точикхо пораи бисёр номусоъиди заминро доданд, ки чамъияташ ба таври ночуре пахш шуда буд ва точикхо мачбур буданд бо чунин имконоте миллат бисозанд.» (William O. Beeman, "The Struggle for Identity in Post-Soviet Tajikistan," Middle East Review of International Affairs (MERIA), III (1999).

Ин руйкард ба ночор хисси хокимияти миллии точикхоро тахт-уш-шуъоъ карор дод.

Бо вучуди ин, дар огози садаи 20-и мелодй миллигаройии точикй дар холи ташаккул буд , аммо ба зудй тавассути маъмурони столинисти шурависозй дар нутфа хафа шуд. Афроде, ки рогиб буданд хисси миллии точикхоро бедор кунанд ( ки дар фасли гузашта номашон зикр шуд) , бо чон кимати талошхояшонро пардохтанд. Шириншо Шотемур, дабири дуввуми Кумитаи Марказии Хизби Кумунисти Точикистон соли 1937 ба зарби гулула кушта шуд. Нусратуллох Махсум, раиси Кумитаи Ичроияи Марказии хизб дар хамон сол ё як сол пас аз он (1938) эъдом шуд. Абдуррахим Хочибоев, раиси Шурои Кумисерхои Мардумии Точикистон низ ба монанди Махсум ба гароишхои буржуозй-миллигароёна ва инхирофи миллигароёна муттахам шуд. У дар хилоли солхои 1937 ва 1938 ба катл расид. Назруллох Бектош ( Хайдарй), раиси бахши адабиёти шуъбаи точикии Фархангистони Улуми Иттиходи Шуравй низ дар дахаи 1930 ба зарби гулула кушта шуд. Садриддин Айнй, ки тайи дахаи 1930 ба хотири мавзеъи точикгароёнааш ба шиддат сарзаниш шуда буд, танхо ба хотири иншои чанд достони инкилобй ва шуравидустона зинда монд ва зохиран танхо бозмондаи куштори миллигароён дар дахаи 1930 буд.

Истикрори махалгаройии сиёсй

Кишваре, ки 93 дарсади хоки онро кухистон фаро гирифтааст, ба нохияхову устон (вилоят)-хо таксим шуд. Бад-ин гуна дар шимол устони Ленинобод (Сугди кунунй), дар марказ Душанбе ва 13 нохияи «тобеъи чумхурй», дар шарк устони худмухтори Кухистони Бадахшон ва дар чануби гарб устонхои Кулобу Кургонтеппа шакл гирифтанд. ( Кулобу Кургонтеппа ахиран яке шуданду Хатлон ном гирифтанд ). Ба манзури махор кардани хар чи бештари хисси миллигаройи дар миёни равшанфикрони точик кудрати сиёсй руи шонахои намояндагони гуруххои минтакайии хоссе карор гирифт.

« Идораи кудрати сиёсй ба мавзуъи чиддии ракобат миёни минтакахои мухталиф табдил шуд. Нухбагон (элита)-и Хучанд аз дахаи 1950 то огози чанги дохилй дар соли 1992 кудратро дар даст доштанд. Дар чунин шароите махалгаройи чойгузини миллигаройи шуд .» (Robert I. Rotberg, State Terror and State Weakness in a Time of Terror, p. 248).

Насрини Додмехр дидгохи худро ин гуна шарх медихад: «Махалгаройи на танхо бар миллатсозй таъсир гузошт, балки он хокимияти миллии Точикистонро низ бо вакфа рубару кард. Бартарии сиёсии хучандихо, ки аз лихози фархангй, сиёсй ва иктисодй бо Узбакистон дар пайванди танготанг буданд, боби дахолатхои густардаи хамсояи бузургтарро гушуд. Нуфузи Узбакистон то поёни давраи шуравй давом овард ва пас аз истиклоли Точикистон низ унсури мухимме дар зарба задан ба суботи Точикистон буд.»

Хучанд, ки як минтакаи умдатан точикнишин аст, то соли 1929 ба точикхо пас дода нашуда буд ва то замони эчоди Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон дар каламрави Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Узбакистон бокй монд. Далели иттихози як чунин тасмими ба таври гайриъодй точикгароёнаи булшевикхо камбуди чиддии кодрхои кумунист дар чумхурии худмухтори Точикистон буд. Аз ин ру, тасаввур мерафт, ки афзудани Хучанд ба хоки Точикистон раванди сусиёлисм дар Точикистонро шитоб хохад бахшид, чун Хизби Кумунисти Хучанд нисбат ба дигар бахшхои Точикистон аъзои бештар дошт ва созмонёфтатар буд.

« Дар он давра, хизб (-и кумунист)-и Хучанд 1572 узв дошт, ки метавонист шумори кумунистхои Точикистонро якбора афзоиш дихад. Хануз ба куллй равшан нашудааст, ки чаро хамин истидлол дар мавриди Самарканд пазируфта нашуд. Афзудани Самарканд ба хоки Точикистон метавонист бар шумори кумунистхои Точикистон ба маротиб бештар аз Хучанд биафзояд.» (Paul Bergne, The Birth of Tajikistan, pp. 109-110).

Аз ин ру Хучанд ба унвони мухаррики Точикистони кумунист баргузида шуд ва дар айни хол махалгаройии сиёсй ба унвони абзори корсози Маскав барои кунтрули минтака шакл мегирифт.

Ба гуфтаи Чеймз Минохон, нависандаи китоби «Импротурихои заррайи: фарханги торихии кишвархои мустакилли навин», Точикистон танхо чумхурии шуравии пешин аст, ки дар он махалгаройи зери пушиши Хизби Кумунист парвариш ёфт ва ба хатти машйи давлат табдил шуд.

Минохон менависад: «Давлати Иттиходи Шуравй барои беш аз ним сада ичоза дод, ки кудрат дар дасти намояндагони як махал ё як минтака бошад. Сомона (систем)-и махаллии хукумат ахрум (фишанг)-и сиёсие буд чихати чамъоварии сарвату кудрат барои рахбарони минтакае дар шимол бо истифода аз имконоти бокии чумхурй. Рахбарони махаллии шимол аз сомона (систем)-е химоят мекарданд, ки « сусиёлисми феудолй» ном дорад, ки як сомонаи олуда бо хешовандсолорй ва фасод аст.» (James Minahan, Miniature Empires: A Historical Dictionary of the Newly Independent States p.260).

Чорахое , ки барои чилавгирй аз дастёбии равшанфикрон ба як пиндори муштарак аз миллати точик пиёда шуда буд , ба Маскав ичоза дод , ки аз накшааш суде бибинад . Махалгаройии сиёсии тамомъайёр тавассути махалгароёни точик ниходина шуд ва мавриди корбурд карор гирифт; устони Ленинобод то замони фурупошии Иттиходи Шуравй пойгохи кудрати хуккоми кишвар бокй монд.

Махалгаройии точикй дар хамаи пояхои хукумат силсиламаротиби хосси худро шакл дод, ба гунае, ки макомоти баландпоя аз чумлаи намояндагони минтакахои мушаххасе буданд . Мархилахои ташаккули махалгаройии точикй дар фаргард (фасл)-и баъдии ин матлаб баррасй хохад шуд.

(
дунбола дорад )

Regionalism Vs Nationalism. Part 3 (Cyrillic Persian)

Regionalism Vs Nationalism. Part 4 (Cyrillic Persian)

English