web.com

ИКТИСОД

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

RELEVANT

Tajikistan's Debt Leaps Over Billion

Mounting Debt Geopolitics

Charitable Investment

Probe into Tajik Loan Guarantees

Cottony Fiasco

Punishment or Conspiracy?

IMF Scandal Hovering Over Dushanbe

Рафаэл Миндер дар Бангкок ва Изабел Горст дар Маскав
Financial Times
Баргардон аз инглисй:
tajikistanweb.com

Сандуки Байнулмилалии Пул (СБП) иддаъо кардааст, ки тазмини карзхо аз суи Бонки Миллии Точикистон барои бахши ошуфтаи пунбакории ин кишвар чузъан ба хотири иштибохи хисобдорони ширкати бозрасии бонкии PwC (PricewaterhouseCoopers) сурат гирифтааст, чун онхо мутаваччехи вукуъи тазминоти молй нашудаанд.

Хафтаи гузашта СБП аз Точикистон хост, ки ба хотири накзи кавоъиди ироаи гузориши молй 47.4 милюн дулор бипардозад. Ин дастур метавонад хам истехкоми молй ва хам эътибори факиртарин кишвари Осиёи Миёнаро тахдид кунад. Мухсин Хон, мудири бахши Ховари Миёна ва Осиёи Марказии СБП ба
Financial Times
гуфт, ки Точикистон «тайи чандин сол» ба ин созмон гузоришхои молии нокис додааст, аммо СБП хамчунон аз ин кишвар химоят мекард, чун аз вокеъияти амр аслан огох набуд.

Вай афзуд: «Пурсиш ин чост, ки чаро мо онхоро зудтар нагирифтем. Ба мо санади монда (болонс)-и Бонки Марказиро нишон медоданд, ки дорои гузориши бозрасии комили
PwC дар шахри Рутердом буд. PwC
ба мо мегуфт, ки ин хисобхо мушкиле надорад ва мо хам эътимод мекардем. Мо барои чандин сол ба ин гузоришхои бозрасй муттакй будем.»

Аммо мушкил замоне ошкор шуд, ки вомдихандагони дигари бахши тавлиди панба – мухимтарин унсури иктисоди Точикистон - ба монанди Бонки Осиёии Тавсеъа ба бозрасии хисобхои ин кишвар пардохтанд.
Ин бахш зери бори гарони бидехихо, зерсохти фарсуда ва даромади ру ба кохиш такалло мекунад. Ба гуфтаи СБП, ин костй дар ироаи гузориш хамчунин замоне бармало шуд, ки Казкоммертсбанк – бузургтарин бонки Казокистон бо мушкили камбуди эътибори молй дар кишвари худ рубару шуда буд ва дигар намехост ба хамсояаш Точикистон вом бидихад.

PwC дар посух ба иддаъои Сандуки Байнулмилалии Пул дар бораи Точикистон гуфт, ки танхо як муштарй метавонад дар бораи кори он назар бидихад. Майнт Ватерландер, сухангуи PwC дар Хуланд
гуфт: «Бар мабнои кавоъиди бозрасй, мо ичоза надорем дар бораи масоили марбут ба бозрасихои муштарихоямон назар бидихем.»

Бонки марказии Точикистон кавл додааст, ки бахши нахуст аз шаш мавриди бозпардохтро дар мохи септомбр ба СБП бипардозад.
Афзун бар ин, СБП мунтазири анчоми бозрасии чадиди Бонки Миллии Точикистон аст . Дигар дихишгарон (донорхо) хам талош мекунанд дарёбанд, ки худуди 500 милюн дулор эътибори молие, ки ба бахши пунбаи Точикистон ихтисос додаанд, кучо рафтааст. Бештари ин маблаг аз тарики як ниходи молии махаллй мавсум ба Кредитинвест
хавола шудааст.

Окои Хон гуфт: «Натичаи бозрасии чадид ба пурсишхо посух хохад гуфт. Танхо он замон ман метавонам мутмаин бошам, ки тасвир комил аст. Оё ин як кулохбардорй (фиреби молй) буд ё иштибох ё як навъ сиёсати усулй? Ин кишвар мачбур аст захмати зиёде бикашад, то дубора сохиби эътибор шавад.
»

English