web.com

ИКТИСОД

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Брус Панниер
RFE/RL

Эмомъалии Рахмон, раисичумхурии Точикистон ба хангоми дидораш аз Казокистон талвехан ишора кардааст, ки дар изои равобити наздиктар бо Казокистон аз тархи он кишвар барои эчоди Иттиходи Кишвархои Осиёи Миёна химоят хохад кард. Киргизистон низ аз ин тарх химоят мекунад, аммо Узбакистон, ракиби минтакайии аслии Остона, онро баногох рад кард. Ба назар намерасад, ки Русия хам ин тархро биписандад.

Рахмон барои «бехтар кардани равобити дутарафа», аз чумла ба умеди дарёфти кумаки иктисодии хамсояи нафтхезаш , тайи хафтаи равон ба пойтахти Казокистон сафар кард.

Тавофукномахое, ки Рахмон бо Нурсултон Назарбоев, хамтои казокаш, имзо кард ва барномахое, ки ду раисичумхур баррасй карданд, метавонад хокй аз сафбандии чадиди минтакайи ба зиёни нуфузи Русия ва Узбакистон дар Осиёи Миёна бошад.

Назарбоев аз дербоз дар паи эъмоли нуфузи бештари кишвараш бар минтака буд, аммо ахиран ба назар мерасад, ки у бар талошхояш дар ин росто афзудааст.

Беш аз понздах сол пас аз фурупошии Иттиходи Шуравй Казокистон дастикам дар чанд замина ба унвони як кудрати минтакайи зухур мекунад. Оидоти нафтии Казокистон, ки акнун дар хачми калон хосил мешавад, ба Остона дасти бозе додааст, ки хамсоягони он дар Осиёи Миёна метавонанд танхо орзуяшро дошта бошанд. Бонкхои он дар миёни пешохангони чалби бозори сахоми хоричй дар минтака аст . Казокистон дар дигар кишвархои Урупо ва Осиё ва хамчунин дар кишвархои хамсояи Киргизистон ва Точикистон сармоягузорй мекунад. Ширкатхои казокй дар бонкхо ва саноеъи мухталифи ин ду кишвар сахм доранд.

Сармоя обруву эътибор меоварад. Соли 2010 раёсати давраии Созмони Амният ва Хамкории Урупо ба души Казокистон хохад уфтод ва бар эътибори байнулмилалии он хохад афзуд.

Аз ин ру шигифтовар нест, ки Рахмон, рахбари кишвари бенавои кишоварзие, ки чанде пеш сахттарин зимистони чандин дахсолаи ахирро пушти сар кард, дар талаби кумак дари хамсояи шимолиашро бикубад. Назарбоев дар нишасти хабарии муштараке бо Рахмон рузи 13 май дар шахри Остона эълом кард, ки хатман ба Точикистон кумак хохад кард.

Вай гуфт: «Мо имруз ба тавофук расидем, ки хар чи зудтар як сандуки сармоягузорихои казокй-точикй гушоиш дихем. Тарафи казокй ба ин сандук 100 милюн дулор ворез хохад кард. Бо истифода аз ин маблаг дар Точикистон тарххои тоза ва муштарак рохандозй хоханд шуд.»

Умедхои обй

Назарбоев бидуни ироаи чузъиёти бештар гуфт, ки Казокистон ба Точикистон тайи хафтахои оянда кумакхои дигаре хам хохад кард. Аммо идомаи сухбатхои у, ки ба барномахои баландмуддат ишора мекард, хокй аз тарххои баландпарвозонаи Казокистон барои шарки Осиёи Миёна буд.

Назарбоев гуфт: «Мо ба манобеъи барки обии Точикистон алокамандем. Имруз мо мувофика кардем, ки агар карор аст дар истгохи барки обии Рогун як кунсерсиюм кор бикунад, Казокистон низ дар он хузур хохад дошт ва масолех хохад дод ва ба унвони сармоягузор низ кумак хохад кард. Мо хамчунин ба дигар тарххои эхдоси ниругоххои обй алока дорем; мо алокамандем хутути интиколи барк аз тарики Киргизистон ба Казокистон кашида шавад, то аз кишвари шумо барк харидорй кунем.»

Киргизистону Точикистон дар холи хозир вобаста ба гози табиъии Узбакистонанд ва Узбакистон нишон додааст, ки дар мавриди зарбулъачали пардохти кимати гоз бисёр сахтгир аст.

Таъмини гози Киргизистону Точикистон муназзаман бар сари масъалаи пардохти бидехихо, ки зери се милюн дулор аст, хатто дар фасли зимистон катъ мешавад. Чануби Казокистон низ гози худро аз Узбакистон ворид мекунад. Аз ин ру макомоти Казокистон дар ин маврид дар киболи Киргизистону Точикистон хисси хамдардй доранд.

Дар вокеъ таъминоти энержии хамсоягони шаркии Узбакистон дар инхисори Тошканд аст. Аз ин ру эхтимолан ачиб нест, ки Узбакистон барои кумак ба Киргизистону Точикистон барои истифода аз зарфияти бузурги барки обиашон харгиз алока зохир накардааст.

Назарбоев масирхоеро барои кашидани хутути барк пешниход кардааст, ки аз канори хоки софу мусоъиди Узбакистон бигузарад. Бино ба пешниходи у , хутути барки Точикистон ба Казокистон бояд аз тарики хоки нохамвори кухистони Помиру Тиёншон убур кунад.

Назарбоев бо ишора ба ин тарххо афзуд: «Яке аз мухимтарин тарххои хамкории мо дар оянда марбут ба бахши энержй хохад буд ва дар ин замина хам мо ба тавофукоти мушаххасе даст ёфтаем. Ба вижа ин ки Казокистон дар сохтмони як неругохи обй дар маркази Точикистон (Рогун) сармоягузорй хохад кард.»

То поёни соли гузашта карордоди эхдоси ин неругох дар дасти ширкати РусАли Русия буд. Аммо мунозеъоти миёни ин ширкат ва макомоти Точикистон бар сари андозаи садди неругох ба илго (лагв шудан)-и карордод анчомид.

Муштарии писандидатар?

Казокистон акнун бо нихояти диккат ба манофеъи худаш кумаки молй ироа мекунад.

Казокистон хамчунин моил аст дар тарххои неруи обии Киргизистон сармоягузорй кунад, дар холе ки то чанде пеш ба назар мерасид ширкатхои русй хамаи тарххои Точикистону Киргизистон дар каронаи рудхоро, ки манбаъи оби бахши аъзами Осиёи Миёна аст, масдуд кардаанд.

Ба Рахмон ваъдаи мубхаме дода шуд, ки Казокистон дар заминаи мушкили таъмини гизои мардуми Точикистон низ кумак хохад кард. Чун такрибан мусаллам аст, ки Точикистон тайи чанд мохи оянда дучораи мазика хохад шуд. Галахо ва базрхои зимистонии Точикистон ба далели яхбандони ахир талаф шуданд. Барфе, ки бар тораки куххо анбошта шуда , ба зудй об хохад шуд ва селобхоро ба водихо равон хохад кард. Афзун бар ин, дар саросари чахон мушкили камбуди гизо буруз кардааст, ки дар натичаи он Казокистон тасмим гирифт то рузи якуми септомбр (сентябр)-и имсол ба хорич аз кишвар галла содир накунад, то мардуми худаш дучори мушкил нашаванд.

Зохиран илтимоси Рахмон барои муъофияти Точикистон аз мамнуъияти содироти галлаи казокй Назарбоевро ба риккат овард, аммо рахбари Казокистон ваъдаи газофе хам накард ва гуфт: «Мо бисёр моилем, ки ба хамсояамон Точикистон гандум содир кунем ва албатта, дар нахустин фурсати мумкин ин корро хохем кард. Ман ин мавзуъро (бо Рахмон) каблан баррасй кардам. Мамнуъияти содироти галла то мавсими ояндаи бардошти махсул, яъне то якуми септомбр (сентябр) идома хохад дошт ва табъан, он гох мо пеш аз хама ба Точикистон гандум хохем фиристод.»

Рахмон хамчунин хостори кумаки Казокистон дар таълиму тачхизи марзбонони точики мустакар дар марз бо Афгонистон шуд, ки хатти мукаддами чабхаи Осиёи Миёна алайхи кочоки маводди мухаддир ба шумор меояд .

Назарбоев аз нахустин соли истиклоли кишвараш хостори эчоди «Камарбанди Уруосиё» будааст, ки дар тасаввури у бояд як эътилоф ё иттиходи минтакайи бошад. Кишвархои Осиёи Миёна борхо кушиданд як чунин созмони минтакайи бисозанд, аммо хеле комгор набуданд.

Акнун Назарбоев бори дигар пешниходи ташкили як иттиходи кишвархои Осиёи Миёнаро тарх мекунад. Курмонбек Бокиев, раисичумхурии Киргизистон, ки дар нимаи дуввуми мохи оврил (апрел) аз Казокистон боздид кард, гуфт, ки кишвараш бо ин тарх мувофик аст. Камтар аз як хафта баъд аз он Ислом Каримов – раисичумхурии Узбакистон ва ракиби Назарбоев, ки аз замони истиклол дар соли 1991 то кунун орзуи рахбарии минтакаро дар сар мепарварад ба Казокистон сафар кард ва гуфт, ки Тошканд аслан моил нест узви як чунин гурухе бошад.

Аммо бо химояти Душанбе ва Бишкек аз ин тарх ба хотири кумакхои дарёфтиашон аз Казокистон ба назар мерасад, ки гардунаи Остона барои таквияти накши рахбариаш дар Осиёи Миёна бидуни раисичумхурии модомулъумри узбак хам дар харакат аст.

English