web.com

РАСОНАХО

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

tajikistanweb.com

160308 – Бо ин ки маъмурони амниятии Русия хабари расонахо дар бораи суикасди нофарчом ба чони Владимир Путин дар рузи 2 морс (март)-ро такзиб кардаанд, сархатти торнамои рузномаи «Твой День» бетагйир бокй мондааст: «Тавтеаи суикасд ба чони раисичумхурй хунсо шуд.»

Рузномаи «Твой День»-и Русия нахустин расонае буд, ки рузи одина (14 морс) дар бораи «суикасди нофарчом» ба чони Путин гузориш дод. Ин гузориш ба хич манбаъе ишора намекунад. Ба иддаъои ин рузнома, афсарони амниятии Русия соъати хашти шомгохи 2 морс ба опортумоне дар мучовирати Майдони Сурх юриш бурданд ва як шахрванди 24-солаи Точикистонро, ки «аслихаву мухиммоти чангии фаровон» дошт, боздошт карданд. Номи ин "шахрванди Точикистон» «Шахвелад Османов» зикр шуда ва акси у хам дар рузнома дар канори тасвири як кабза туфанги худкори Калашников дар як кифи варзишй мунташир шудааст.

Ин хабар аз тарики хабаргузории расмии Фаронса чун оташи харик бо суръат дар саросари чахон пахш шуд ва рузномахои бонуфузе чун Telegraph-и Ландан аз ин «руйдод» гузориши муфассал доданд. Аммо такзибияи маъмурони амниятии Русияро танхо яке-ду хабаргузорй пахш кардаанд.

Хабаргузории Интерфакс ба накл аз як афсари амниятии Русия, ки номашро наовардаанд, менависад: «Гузоришхо дар бораи кадом як тавтеа алайхи рахбарии кишварамон комилан козиб ва дуругин аст.»

Ин афсар мегуяд, ки дар мохи морс чанд мавриди боздошти «одамони силохдор» сурат гирифта, аммо он маворид хич рабте ба суикасд ба чони Путин надорад. У дар тавзехи гуфтахояш афзудааст: «Сухбат аз як гурухи созмонёфтаи табахкор аст.»

«Твой День» хануз далели пахши гузориши дуругини худро тавзех надодааст ва бад-ин гуна пурсишхои бисёре бепосух мемонанд. Хануз равшан нест, ки он чавон дар аксе, ки рузнома чоп кардааст, дар вокеъ кист ва чаро у ба унвони як «теруристи точикистонй» муъаррифй шудааст. Ва оё рузнома ба хотири пахши матлабе гумрохкунанда мучозот хохад шуд ё на?

Гузориши рузи одинаи «Твой День» бо изхороти каблии Николай Патрушев, раиси Сервиси Федероли Амният (ФСБ) пайванд дошт, ки гуфта буд, нирухои амниятии Русия тайи давраи корзори интихоботи раёсати чумхурй ва дар рузи интихобот чанд «хамлаи теруристй»-ро хунсо кардаанд. Ва достоне, ки «Твой День» таъриф мекард, дорои чузъиёти фаровони «тавтеа» аст, ки дар канори он накшаи «хамлаи теруристии ноком» хам чоп шудааст. Ин рузнома муддаъй шуда буд, ки як суханчин чанд руз пеш аз интихобот ба макомоти ФСБ хабар дода буд, ки тархи суикасд ба чони Путин дар дасти ичрост. Рузнома хатто такрибан нишонии опортумонеро, ки «терурист» ичора карда буд, додааст.

Бархе аз веблогнависони точик ин гузориши рузномаи русиро бедиранг машкук хонданд ва гуфтанд, ки номи он «шахрванди Точикистон» бо имлои роичи порсии сириллик (точикй) намехонад. Номи нодири порсй-арабии «Шохвалад» маъмулан дар Точикистон ба шакли «Шахвелад» иншо намешавад. Имлои номи хонаводагии у низ («Османов» ба чои «Усмонов») дар Точикистон роич нест.

Гузашта аз ин, бино ба иддаъои рузнома, Усмонов бидуни муковимат дар соъати хашти шомгох таслим шудааст, дар холе ки Путин дар канори Майдони Сурх буд ва табъан касе, ки касди чони уро дошт, бояд туфангбадаст ва машгули ичрои маъмурияташ мебуд. Танокуз ва ночурии нукоти кулли достон ин шакро барангехтааст, ки эхтимолан худи рузнома дар холи тархрезии тавтеае бошад, ки хадафе дигар дорад.

Бархе аз нозирони точик бар ин боваранд, ки гузориши галати «Твой День» эхтимолан бо хадафи додани рахнамудхо ба раисичумхурии мунтахаб Медведев дар заминаи сиёсати мухочирати корй дар Русия тархрезй шуда бошад. Аз суи дигар, чунин иттилоъоти галатандоз метавонад оташи нафрати шуълавар алайхи мухочирон дар Русияро шуълавартар кунад. Ин танаффури нажодй хамасола дар Русия ба марги фачеъи садхо тан меанчомад.

English