ФАРХАНГ
МУРТАБИТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Тахкими махалгаройии сиёсй
Дар фаргард (фасл)-и гузашта яке дигар аз вилоятхои Точикистони дахаи 1920 аз калам уфтод, чун умри он кутох буд: вилояти Гарм, ки таркибе буд аз минтакахои Каротегин ва Дарвози шарки аморати пешини Бухоро. Пас аз даврае кутох ин вилоят мунхал шуд ва дар дахаи 1950 шуморе аз мардуми Гарм ичборан ба гарби Точикистон кучонда
шуданд.
Дар хамон дахаи 1950 давлати махалгарои шимолии чумхурй хамаи вохидхои идории вилоятхо дар чануби Точикистонро низ мулго (лагв) кард ва кунтрули мустакими худро бар якояки нохияхои ончо густард.
«
Як чунин сохтор онхоро парешон нигах медошт ва аз бурузи икдоме дастачамъй барои ба чолиш кашидани кудрати ленинободихо чилавгирй мекард... Пора-пора кардани мухолифони билкувва аз чорахои идории маъмул дар минтака буд, ки голибан ба порагии бештар меанчомид; давлати салтанатии Афгонистон низ аз ин шева кор гирифта буд ва танхо кавмхои махаллии кучакро ба унвони тарафи муровидоти худ мешинохт, на кавмхои бузургро.» (Barnett R. Rubin, Jack L. Snyder, Post-Soviet Political Order, с .150).Хамаи ин тахаввулоту муъомилоти махалгароён пушти парда сурат мегирифт ва мардуми одй хамчунон бо вазифаи сангини ташаккули хисси
миллии шуравй дасту панча нарм мекарданд. Хамкавмони онхо дар Узбакистон хадафи мавчи тозаи узбаксозй вокеъ шуданд, ки як тархи фарогири давлати шувинисти Шароф Рашидов буд. Ононе, ки моил буданд дар Узбакистон бимонанд, водор мешуданд худро узбак номнавис кунанд, вагарна имкон дошт ба Точикистон табъид шаванд, чун бино ба таърифи давлати Рашидов аз Узбакистон, он чумхурй хонаи узбакхо буду бас. Миллигаройии точикй миёни нухбагон ( элита)-и хоким дар Точикистон ба хадде вопасмондаву заъиф буд, ки харгиз алайхи чиноятхои давлати Узбакистон ба гунае муковимат накарданд. Безории точикхо аз мучодила бо шувинисми узбакй боъиси натичагирии галати бархе аз пажухишгарон шудааст, ки гуё хуввияти точикй аслан вучуд надошт , то дар ин эътирозот моя бигзорад. Чон Макинлей ва Питер Кросс ин нуктаро ба нахви зер ташрех кардаанд:«
Ин бад-он маъно нест, ки хуввияти точикй вучуд надошт. Он вокеъан вучуд дошт ва замоне ки гуфтугуву тичорат бо хамсоягон ба равобити дутарафа бо Узбакистон, Киргизистон ё Афгонистони паштун табдил шуд, [ нишонахое аз хуввияти точикй ] буруз кард . Аммо дар холе ки, масалан, дар Лахистон (Полша) хуввияти лахистонй ба хадде неруманд буд, ки хамаи лахистонихоро дар давраи ихтилофот ба хам меовард , дар Точикистон хуввияти махаллии, масалан, хучандихои минтакаи Ленинобод метавонист онхоро бо узбакхо муттахид кунад, то алайхи точикхои манотики дигар пайкор кунанд.» (John Mackinlay, Peter Cross, Regional Peacekeepers: The Paradox of Russian Peacekeeping, p. 161).Тахаввулоти баъдй нишон дод, ки набуд ё камбуди хисси махалгаройи танхо мухтасси нухбагони хучандй набуд
. Давлати кунунии Точикистон хам, ки тавассути коршиносони махалгаройи «кулобй» унвон мешавад, бо такя бар химояти низомию сиёсии Узбакистону Русия алайхи точикони манотики дигар ба кудрат даст ёфт.Ишголи Афгонистон дар миёни миллигароёни точикистонй вокунишхои гуногунеро барангехт. Чумхурии Точикистон аслан ба манзури эчоди улгу (намуна)-е сусиёлистй
барои порсигуёни хамсоя ташкил шуда буд, бо ин умед, ки дар сурати бурузи имкон ва фурсат сарзамини онхо низ ба каламрави шуравй замима шавад. Аз ин ру, дар миёни миллигароёни умдатан хашмгин афроди вокеъан хурсандро хам мешуд ёфт, ки мепиндоштанд лахзаи висоли дубора бо хамкавмонашон дар каронаи чанубии руд саранчом фаро мерасад. Поёни достон акнун барои мо равшан аст.Шуру харорати зиддишуравй ва афгонистонгароёна замоне ба авчи худ расид, ки шуморе аз кухнасарбозон ва мутарчимони чанги Афгонистон, ки дар таркиби нерухои шуравй хидмат карда буданд, соли 1989 ва пас аз он дар Душанбе гувохиномахои худро оташ заданд.
1989
Бар хилофи назари бархе аз нозирон, чунбиши Растохез
махсур ба хеч минтакаи бахусуси Точикистон набуд. Рахбари он Тохири Абдулчаббор аз шимол буд, дар холе ки муъовинон ва аъзои хизб аз дигар бахшхои кишвар хам буданд. Гузашта аз ин, Растохез дар киболи махалгаройии шимолии хоким эъломи созишнопазирй кард.«
Рахбарони он равшанфикрони тахсилкарда ва муътарифан «гарбгаро» буданд... Растохез хамвора хостори поён додан ба «вафодорихои хонадонй, кавмй ва махаллй» буд , ки дар Хизби Кумунист ва рахбарии сиёсй реша давонда буд.» (Kathleen Collins, Clans and Regime Transition in Central Asia, pp. 151-152).
Лахзаи сардаргумй
Нухбагони хоким бо суиистифода аз дурии физояндаи точикхо аз забони порсй тафсири расмии худ аз вожаи «растохез»-ро мунташир карданд, ки бино бар он, «растохез» ба маънои «киёмат» буд ва ин чунбиш талош мекард бо эчоди харчу марчу бесарусомонй киёмат бапо кунад.
Тазохуроти мусолиматомези мохи феврие (феврал)-и 1990 баногох ба харчу марче вокеъй табдил шуд;
дору дастахои чинойи ба фурушгоххову истгоххо юриш бурданд, онхоро горат карданду ба оташ кашиданд. Бахманмохи хунин 25 кушта ва чандин захмй ба чо гузошт. Бад-ин гуна, пешдаромади чанги дохилй навохта шуд. Давлат созмони «Растохез» ва дигар гуруххои мухолифи тозатаъсисро ба тархрезии руйдодхои хунин муттахам кард ва кушид дубора кунтрули кишварро кабза кунад. Аммо дигар дер шуда буд.