РАСОНАХО
Youth
Science
Entertainment
МУРТАБИТ
Мухаммадризо Шермухаммадй
Ин дуввумин хамла дар зарфи хафтаи ахир дар Хирот аст. Ин хамла рузи чахоршанбе, 14 май, пас аз он иттифок уфтод, ки афроде Нилуфари Хабиб, гуяндаи телевизюни Хиротро тахдид карда буданд, ки шуглашро тарк кунад, вагарна кушта хохад шуд.
Нилуфари Хабиб мегуяд: «Он мардхо ба ман гуфтанд, ки агар телевизюнро тарк накунам, манро хоханд кушт. Пасон онхо омаданду дастхои манро бо тег хуншор карданд.»
Ин ходиса чанд руз пас аз он сурат гирифт, ки Сайид Хусейни Анварй, волии Хирот, ба кутаккорй (латукуб)-и муъовини нозири истгохи телевизюнии махаллии давлатй муттахам шуд.
Созмонхои мудофеъи хукуки рузноманигорон номаеро мураккаб аз панч банд ба кувваи додрасии Хирот фиристода ва хостори тахкики ходисаи латукуби Фарходи Чуё, корманди телевизюни вилоят шудаанд.
Волии Хирот мегуяд, озодихое, ки акнун рузноманигорон ва кормандони расонахои гурухй доранд, бесобика аст.
Анварй гуфт: «Ман фикр намекунам, ки рузноманигорон дар Хирот мушкиле дошта бошанд. Агар онхо мушкиле доранд, бояд ба дафтари ман оянд ва ба ман бигуянд. Мо аз неруи амниятй хохем хост, ки ба онхо кумак кунанд.»
Аммо бино ба иддаъои Фарходи Чуё, Анварй вориди студиюи у шуда ба у носазо гуфтааст ва сипас уро латукуб кардааст, чун Чуё хозир набуд номзади волии вилоятро ба унвони раиси дафтари истгохи телевизюнии Хирот истихдом кунад.
Як рузноманигори махаллй дар ин устон мегуяд: «Ман аз созмонхое, ки муваззафанд аз расонахо дифоъ кунанд ва аз гуруххои хукуки башар мехохам, ки ин мавридхоро баррасй кунанд ва дар ин замина чорае биандешанд.»