Чошуа Кучера
Eurasianet
баргардон аз инглисй:
tajikistanweb.com
Давлати Иёлоти Муттахидаи Омрико касд дорад родюеро ба забони озарй барои Эрон поярезй кунад, то бар афкори умумии чамъияти кобили таваччухи озарии он кишвар таъсир бигзорад.
Тархи тоза хангоми баррасии будчеи Вазорати хоричаи Омрико пешниход шуд. Огози истифода аз ин будче мохи уктубри соли 2008 аст. Ба гуфтаи Чефф Тримбл – мудири барномарезй дар Шурои хуккоми суханпарокании Омрико, дар сурати таъйиди пешниход, Родю Урупои Озод
/
Родю Озодй хамаруза руи мавчи кутох ба муддати ду соъат барномаи озарй барои Эрон пахш хохад кард.
Иёлоти Муттахида хамин холо хам аз тарики родю Фардо ба таври шабонарузй барои Эрон ба забони порсй барнома пахш мекунад. Порсхо аксарияти чамъияти Эронро ташкил медиханд ва порсй забони расмии Эрон аст. Аммо ба гуфтаи Тримбл, «пажухишхо нишон медихад, ки мардум тарчех медиханд хабархову барномахоро ба забони модарии худ дарёфт кунанд. У афзуд: «Эрон дар ин маврид як намунаи бориз аст, чун чамъияти озарии он бисёр бузург аст ва худуди як чахоруми кулли чамъиятро ташкил медихад.» Бештари мардуми озаритабори Эрон дар шимоли кишвар ба сар мебаранд.
Родю Озодй ба забони озарй хам барнома пахш мекунад, ки мухотабони умдаи он дар Чумхурии Озарбойчонанд. Тримбл мегуяд, харчанд барномахои он бештар ба руйдодхои Чумхурии Озарбойчон марбут аст, шумори зиёде аз озарихои Эрон низ ба он гуш медиханд. Вай гуфт: «Тархи чадид руи руйдодхои марбут ба Эрон ва озаризабонони он таъкид хохад дошт.»
Бино ба назарсанчихое, ки родю Озодй анчом додааст, худуди се чахоруми озарихои Эрон ба дастгоххои гирандаи мавчи кутох дастрасй доранд ва 12 дарсади онхо ба таври хафтагй ба барномахои родюйи руи мавчи кутох гуш медиханд. Ба эътикоди Чефф Тримбл, ин нишондод кобили мулохиза аст ва шумори мухотабони билкувваи родюи чадид низ бисёр зиёд аст.»
Бо таваччух ба танишхои дерпои миёни Иёлоти Муттахида ва Эрон, бархе аз коршиносон бар ин боваранд, ки Техрон ба эхтимоли зиёд ин тархро талоши Омрико барои парварондан ва тахрики чудоихохии озарй арзёбй хохад кард. Нохушнудии озарихои Эрон аз сиёсатхои давлати Ахмадинажод таи солхои ахир афзоиш ёфтааст. Дар соли 2006 хазорон тан озарй дар паи чопи корикотуре, ки суск (нонхурак)-ро дар холи такаллум ба забони туркй нишон медод, эътироз карданд. (Корикотурнигор ва сардабири он рузнома дар паи чопи корикотур боздошт шуданд).
Чефф Тримбл ин фарзияро рад кард, ки хадаф аз поярезии родюи чадид ба забони озарй барангехтани кашокаши кавмист. Вай гуфт: «Низомномаи хирфаии хабарнигорй дар родю Озодй... пахши барнома ба химоят аз тачзияхохиро акидан мамнуъ кардааст. Аз ин ру, тархи чадид аслан ва абадан чунин касде алайхи Эрон надорад... Дар саросари торихи родю Озодй мо дорои суннати пахши барномахо ба забонхои акаллиятхо будаем.»
Мухсини Милонй, устоди улуми сиёсй дар Донишгохи Флуридои Чанубй, ки дар масоили Эрон тахассус дорад, гуфт, ки ин тавзехот барои рафъи нигаронихои Техрон кофй нахохад буд. У афзуд: «Сарфи назар аз ин ки Вазорати хоричаи Омрико чи мегуяд, давлати Эрон ин икдомро як навъ таъарруз ва дахолат дар умури Эрон талаккй хохад кард. Онхо муътакиданд, ки тархи таъсиси родю бахше аз тархи густардатаре барои бахам задани субот дар Эрон аз тарики химоят аз акаллиятхои кавмй алайхи Чумхурии Исломй аст.»
Махмудалй Чехрагонлй, мухочире, ки дар раъси
«
Чунбиши Бедории Озарбойчони Чанубй
»
карор дорад, аз тасмим дар бораи таъсиси родюи озарй барои Эрон истикбол кард. У гуфт, ки алорагми талошхои таблиготии вай сиёсатгузорони Омрико пазирои андешаи тахрики як ошуби кавмй дар Эрон нестанд.
Чехрагонлй афзуд: «Дар паи огози чанг дар Ирок, аз соли 2003 то 2006, ман бо макомоти Кохи Сафед, Вазорати хорича ва Вазорати дифоъ садхо дидор доштам. Ман ба онхо гуфтам, ки Иёлоти Муттахида метавонад аз тарики кумак ба гуруххои кавмй ба осонй режими Эронро аз байн бибирад. Аммо онхо харгиз ба мо кумак накарданд.» Чехрагонлй гуфт, ки аз соли 2006 то кунун дигар бо хич макоми омрикойи дидор надоштааст.
Эндерз
Вимбуш
,
раиси
пешини
родю
Озодй
мегуяд
: «
Хунсардй
дасти
боло
гирифт
.
Хатто
дар
таркиби
феълии
Кохи
Сафед
,
ки
баъзан
даст
ба
корхои
гарибе
мезанад
,
касе
нест
,
ки
хостори
пайдоиши
15 «
мачнунистон
»-
и
дигар
бошад
.»
Милонй мегуяд: «Он андеша рох ба чое набурд, чун хаводорони он дар Эрон бисёр андаканд. Миллигаройии эронй бар эхсосоти кавмй чира аст. Шумо ин чо бо кишваре чун Чекуслувокй сарукор надоред, ки дар паи чанги чахонй тавассути Шуравй сохта шуд. Сухбат аз 2500 сол торих аст ва ин гуруххои кавмй дар тули ин хама сол чузъе аз Эрон будаанд. Ба вижа озарихо, ки чандин силсилаи шохони Эрон аз миёни онхо бархостаанд. Замоне ин андеша вучуд дошт, ки чудойихохии кавмй вокеъан Чумхурии Исломиро тахтушшуъоъ карор хохад дод, аммо тайи се соли ахир онхо дарёфтаанд, ки ин андеша рох ба чое намебарад.»
Бо вучуди ин, Вимбуш мегуяд, ки тархи чадид барои озарихои Эрон хадафи зарифи сиёсй низ дорад. У гуфт: «Бештари нухбагони мунтакидони давлат дар Иттиходи Шуравй забони русиро медонистанд, аммо мо ба 14 забон барои он кишвар барнома пахш мекардем, чун он мухотабони бештареро ба мо чазб мекард. Ин расона аз чанд чихат як паёмро ба шунавандагонаш мунтакил мекард ва он ин буд: «Омрикойихо ба хар хол гами моро мехуранд ва моро ба забони худамон мухотаб карор медиханд ва муътакид нестанд, ки барои эчоди тамос бо мо бояд аз софй (филтр)-и забони русй бигзаранд.» Ва ман бар ин боварам, ки диди мушобехе дар пушти барномаи чадид барои Эрон карор дорад.
Ин як чамъияти бузург аст ва агар онхо дар Болкон ё Урупои Шаркй буданд, мо муддатхо пеш барояшон барномахои вижа пахш мекардем.
»
Ёддошти
Eurasianet:
Чошуа
Кучера рузноманигори озоди мукими Вошингтун аст, ки дар масоили амниятии Осиёи Миёна, Кафкоз ва Ховари Миёна тахассус дорад.