web.com

ФАРХАНГ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Educataion

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Судхо Ромочондрон
Asia Times

Банголур – Замони умри яке аз шукуфотарин кишрхои чомеъаи Хинд – порсиён ба сар мерасад. Чамъияти порсихо, ки хамеша кучактар аз дигар акаллиятхо буда , акнун бо шитоби сахмгине кохиш меёбад ва бими он меравад, ки шояд то сад соли дигар дар Хинд порсие бокй намонад.

Бино ба саршумории соли 2001, дар Хиндустон 70 000 порсй ба сар мебаранд, ки 40% камтар аз шумори порсихо дар соли 1941 аст. Дар он сол теъдоди порсихои Хинд худуди 114 900 тан буд. Аз соли 1941 ба баъд чамъияти порсихо дар хар дахсола ба микдори дах дарсад кохиш доштааст , дар холе ки чамъияти кулли Хинд дар дах сол 21 дарсад афзоиш меёбад .

Дар паи саршумории 2001 омори нигаронкунандатаре мунташир шуд. Бино ба як назаранчй, дар хашт мохи соли 2007 (то мохи ут-август) танхо 99 порсй ба дунё омадаанд, дар холе ки шумори навзодони порсй дар соли 2001 223 тан, дар соли 2002 206 тан ва дар соли 2006 174 тан буданд. Агар рушди ворунаи чамъияти порсй ба хамин минвол идома ёбад, то соли 2020 шумори порсихо дар Хинд бештар аз 23000 тан нахохад буд.

Хамзамон бо уфти мизони зоду валад синни чамъияти порсихо ба шиддат боло меравад. Дар Хиндустон 15 дарсади кулли чамъият зери шаш сол син доранд, аммо танхо 4.7 дарсади порсихо шомили ин гурух мешаванд. Беш аз 30 дарсади порсихо болои 60 сол син доранд, дар холе ки танхо хафт дарсади кулли чамъияти Хинд ба ин син расидаанд.

Вале чамъияти порсихо на танхо пир мешавад, балки дар дами марг аст. Мизони маргу мири порсихо се баробар бештар аз мизони зоду валади онхост.

Порсихо пайравони кеши Зартушт хастанд, ки кухантарин дини нубувватии чахон аст. Онхо дар садаи 8 мелодй аз пайгарди мазхабй дар Эрон ба Хинд панох бурданд. Бештари онхо дар сарзаминхое, ки акнун иёлоти гарбии Мохороштро ва Гучароти Хинд махсуб мешавад, сукно гузиданд. Худуди ду севвуми чамъияти порсй дар шахри Мумбой (Бамбаии пешин) ба сар мебаранд, ки маркази молию бозаргонии Хинд аст. Дар саросари чахон шумори порсихо худуди сад хазор тан аст.

Шумори онхо шояд андак бошад. Онхо танхо 0.0069 дарсади чамъияти Хиндро ташкил медиханд, аммо сахми онхо дар пешрафти кишвар бисёр калон аст. Порсихо такрибан дар хар арсае радди пое аз худ ба чо гузоштаанд , аз бозаргонй гирифта то хунару саргармихову башардустиву варзиш. Хамонхо буданд, ки нахустин хизби сиёсй, нахустин бозори бурс, нахустин корхонаи охану пулод, нахустин донишгох, нахустин бемористони хамагонй, нахустин рузнома, нахустин чопхона ва студиюи филми Хиндустонро бунёд ниходанд.

Порсихо дар пешрафти иктисодии Хинд накши боризе доштанд. Бархе аз барчастатарин чехрахои арсаи бозаргонии Хинд порсианд. Чамшедчй Тото – бунёдгузори маркази саноеъи Тото, нахустин корхонахои охану пулоди кишварро поярезй кард ва таъсиси Муассисаи Илмии Хинд дар Бонголур низ кори хамуст. Чахонгир Ратанчй Додобой Тото, аз наводагони Чамшедчй Тото, ширкати хутути хавоии Хинд ( Air India)- ро таъсис кард. Ратан Тото, раиси ширкати Гурухи Тото, ки ахиран ширкати гулосои Corus Steel ва ду ширкати мошинсозии маъруфи Jaguar ва Land Rover- ро ба даст овард, нихоли наврустаи хонадони барумандаш аст. «Гурухи Тото» яке аз бузургтарин ва муътабартарин мучтамаъхои бозаргонии Хиндустон аст, ки тайи солхои 2006-07 даромади он 28.8 милёрд дулор буд.

Раёсати «Гурухи Гудреч», комгортарин тавлидкунандаи собун, лавозими рузгор ва тачхизоти дафтари Хинд низ порсист. Ширкати «Водиё», ки 250 сол пеш кори киштисозиро огоз кард ва акнун коргоххои бофандагиву як ширкати хавопаймойи дорад низ порсист.

Чандин порсй дар набарди Хиндустон барои озодй аз юги истеъмори Бритониё ширкат кардаанд. Маъруфтарини онхо Додобой Наврузчй, Бикочй Комо ва Фирузшох Мехто хастанд. Наврузчй китобе хам навиштааст, тахти унвони «Бенавойи ва фармонравойии но-бритониёи дар Хиндустон», ки таваччухи хонандагонро ба мавзуъи даркашидани сарвати Хинд тавассути Хиндустон чалб мекард. Вай аз зумраи поярезони Кунгреи Миллии Хинд буд, ки чунбиши озодии Хиндустонро рахбарй кард.

Дар заминаи улум метавон аз Хумй Чахонгир Бобхо – бунёдгузори барномаи хастаии Хиндустон ва Хумй Сетхно – рохнамои нахустин озмоиши хастаии Хинд дар соли 1974 ёдовар шуд. Моршол Сом Монекшо – фармондехи артиш дар чанги Хинду Покистон дар соли 1971, ки ба эчоди Банглодеш анчомид, равшангароне чун Нонй Полкиволо, Фолй Наримон ва Сулй Сухробчй, охангсоз Зубин Мехто ва овозхони аслии гурухи « Куин» (Queen)- и Бритониё Фреддй Меркурй (Фаррух Булсаро) аз зумраи дигар чехрахои барчастаи порсианд.

Порсиён бо 98 дарсад мизони босаводй аз босаводтарин кишрхои чомеъаи Хинданд. Хадди таносуби чинсии онхо, бар хилофи кулли чамъияти Хинд, 1050:1000 ба суди духтарон аст. Аъзои ин чамъият ба маротиб доротар аз соири чавомеъи Хинданд.

Зохиран хамин комгории чамъияти порсихост, ки бакои онхоро тахдид мекунад. Порсихо рогибанд пеш аз издивоч тахсилоти олй дошта бошанд, хирфаи хубе ихтиёр кунанд, опортумон ва мошин бихаранд. Ин ба маънои таъхир дар издивоч ё адами издивоч аст; 30 дарсади порсихо мучарраданд. Ононе, ки издивоч мекунанд, моиланд камтар фарзанд дошта бошанд.

Миёни шукуфойи, савод ва андозаи хонавода пайванде хаст. Комгории иктисодии хонавода хар чи бештар бошад, ба хамон андоза шумори фарзандонаш камтар аст. Ин як гароиши чахонист, ки дар мавриди порсиён низ ки голибан сарватманданд, сидк мекунад.

Дар чамъияте кучак худдории хатто чандсад тан аз чавонон аз доштани фарзанд метавонад руи андозаи кулли чамъият таъсири кобили таваччухе дошта бошад. Мухочират яке дигар аз авомили кохиши чамъияти порсиён аст. Порсиёни бисёре ба Гарб мухочират кардаанд.

Аммо ин суннатхои чамъияти порсист, ки зохиран дар марги тадричии он бештарин сахмро дорад.

Суннати порсй издивоч бо нопорсиро намеписандад. Агар як марди порсй бо «бегона»-е издивоч кунад, хамсари у порсй махсуб намешавад, харчанд фарзанди онхо порсй хохад буд. Чолиб ин чост, ки имтиёзи порсй донистани зодагони як марди порсиро на худи чамъияти зартуштиёни Хинд, балки Додгохи Олии Бамбайи ба онхо додааст. Як зани порсй, ки бо як марди нопорсй издивоч мекунад, дигар харгиз порсй дониста намешавад.

Дар соли 2003 бархе аз рухониюни мухофизакор катъномаеро тасвиб карданд, ки бар мабнои он издивочи чи марду чи зани порсй бо як нопорсй муътабар дониста намешавад ва фарзанди онон низ ба чамъи зартуштиён рох намеёбад . Ин мусавваба эътирози зартуштиёнро барангехт.

Бо таваччух ба ин ки худуди 35 дарсади порсихо бо нопорсихо издивоч мекунанд, ачиб нест, ки чамъияти порсихо ру ба кохиш аст. Чамъияти порсихо на танхо вуруди довталабонаи навбоваронро мучоз намедонад, балки бархе аз аъзои худро хам тард мекунад.

Ба манзури чилавгирй аз кохиши чамъият порсихои Хинд дармонгоххои вижаеро таъсис кардаанд, ки борварии аъзои чамъияти зартуштиро таквият мекунад. Созмони Parsi Panchayat, ки мувозиби бехзистии иктисодии порсиён аст, завчхои порсиеро, ки фарзанди севвумашонро ба дунё меоваранд, ташвики молй мекунанд. Бархе пешниход кардаанд, ки ба завчхои порсй манзилхои гушодтар дода шавад, то онхо ба тавлиди мисли бештар ташвик шаванд.

Аммо зохиран рохкор бисёр чиддитар аз ин харфхост – таъйини дубораи кистй (хуввият)-и порсихо. Либеролхо мусиррона таъкид мекунанд, ки занони порсие, ки шавхари «бегона» доранд, бояд порсй шинохта шаванд ва шавхарону фарзандони онхо низ бояд хакки интихоб дошта бошанд ва агар мехоханд, битавонанд ба дини зартуштй бигараванд. Онхо мегуянд, бехтарин рохи зинда нигах доштани чамъияти порсихо истикбол аз аъзои тозаи он аст, ба вижа афроде, ки бо порсихо издивоч мекунанд . Ба гуфтаи онхо, дастикам фарзандонеро, ки аз як завчи махлути порсию нопорсй ба дунё меоянд, набояд аз чамъияти порсиён тард кард . Хаводорони издивоч бо «бегонагон» ба ин нукта хам ишора мекунанд, ки дарунхамсарй ба суди чамъияти порсй набудааст ва боъиси ихтилолхои женетикй ва кохиши борварй шудааст.

Мухофизакорон истидлол мекунанд, ки мушкили пешоруи чамъияти порсй марбут ба теъдоди аъзои он намешавад, балки бояд мурокиби покии он буд. Аз ин ру онхо мухолифи издивоч бо намояндагони бовархо ва нажодхои дигаранд.

Аммо мухофизакорон бояд ин хакикатро дарк кунанд, ки руйкарди онхо зохиран мунчар ба нобудии чамъияти зартуштй дар Хинд хохад шуд. Бо идомаи ин руйкард дигар чамъияти порсие бокй нахохад монд, ки дар борааш сухбате сурат бигирад, чи бирасад ба мувозибат аз покию дастнахурдагии он, ки дагдагаи аслии мухофизакорони зартуштист.

English