Набарди кудрат?
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
Eurasianet.net
Тайи рузхои ахир афроди наздик ба Хасан Саъдуллоев, яке аз тавонмандтарин мардони Точикистон ва бародари хамсари Эмомалии Рахмон,
ба шиддат талош кардаанд шоеъоти марбут ба кушта шудани у дар авоили мохи май тавассути Рустам – писари раисичумхуриро рад кунанд. Дар айни хол Саъдуллоев аз замоне, ки гуфта мешавад он ходиса иттифок уфтода, то кунун дар малаи ом зохир нашудааст.Умед Давлатзода – муъовини Ориёнбонк, ки тахти раёсати Саъдуллоев аст, дар гуфтугу бо Родю Урупои Озод
/ Родю Озодй гузоришхои марбут ба тирандозии Рустами Рахмон ба самти Саъдуллоевро ба истехзо гирифт ва онро харфи муфти «гайбатчихои сари куча » тавсиф кард. Давлатзода гуфт: «Агар ин достон сарчашмаи муътамаде медошт, мо хатман раддияи расмй мунташир мекардем.» Ин макоми бонк таъкид кард, ки Саъдуллоев «зиндаву солим» аст.Катъи назар аз ин ки Саъдуллоев зинда ё мурда аст, нафси пахши ин шоеъот метавонад бар давлати Рахмон зарбае маргбор ворид кунад. Барои хар режими худкомае тасаввури шикастнопазирй як унсури ногузир аст. Мочарои Саъдуллоев бардоштеро ба вучуд меоварад, ки хонадони раисичумхур аз кор уфтодааст. Дар даврахои шуравй ва пасошуравй хар рахбаре, ки натавонистааст тасаллути худ бар авзоъро нишон дихад ва баръакс, нишонахое аз заъф ё дудилию тардидро ба намоиш гузоштааст, маъмулан кудраташ мавриди чолиши пурзур ва голибан муваффак вокеъ шудааст. Тозатарин намунаи накохат (синдром)-и «шохи заъиф», ки мунчар ба тагйири режим шуд, сарнагунии Аскар Окоеви
Киргизистон дар соли 2005 буд.Гайбат (набудан)-и Эмомалии Рахмон дар маросими хамагонии тачлил аз Рузи Пирузй дар рузи 9 май доманаи шоеъот дар бораи нооромихо дар садри хирами сиёсии Точикистонро густардатар кард.
Хадсу гумонхо дар бораи тазалзули кудрати Рахмон аз мохи нувомбр (ноябр)-и гузашта огоз шуд; замоне ки инфичори як бумб худрави расмии женерол Рачабъалй Рахмонъалиев – фармондехи Горди Миллии Точикистонро пора-пора кард. Горди Миллй дар вокеъ мухофизи шахси раисичумхур аст. Рахмонъалиев дар он лахза дар даруни худрав набуд
ва аз он ходиса осебе надид. Чанд руз пас аз он бумби дигаре дар маркази шахри Душанбе мухавватаи як толорро такон дод. Карор буд дар он толор як нишаст ба рахбарии Иттиходияи Урупо баргузор шавад. Макомот бедиранг гуфтанд, ки ин ходиса кори дасти «теруристон» аст, аммо бархе аз тахлилгарони минтака бо нигохе ба гузашта хадс мезананд, ки шояд он инфичор бо огози набарди дохилии кудрат муртабит буда бошад.Рузи 16 нувомбр (ноябр)-и 2007 дар торнамои
« Ориёно » (Ariana) як матлаби тахлилй мунташир шуд, ки мегуфт, ворисони Рахмон дар холи чашму хамчашмй (ракобатварзй) барои чойгузинии макоми рахбарй дар сурати «тагйири ичбории нухбагон (элита)-и хоким» хастанд. Бино бар ин матлаб, Рахмонъалиев яке аз муддаъиёни аслии варосат аст ва ин ки таррохони бумбгузорй дар худрав мехостанд уро аз сахна ба куллй дур кунанд.Номи Саъдуллоев низ дар фехрести афроди муддаъии макоми раёсати чумхурй омадааст. Муддаъиёни дигар, бино ба тахлили «Ориёно», Махмадсаъид Убайдуллоев – шахрдори Душанбе, Амиршо Миръалиев – дастёри аршади раисичумхур ва Нуриддин Рахмонов – аз хешовандони раисичумхур ва шахси бонуфуз дар сиёсати кодрии давлат хастанд
.Шоеъоте дар бораи бемории Рахмон дар мохи нувомбр (ноябр) гумоназанихои бештареро дар бораи тагйири эхтимолии кудрати сиёсй матрах кард. Аммо бо гузашти шаш мох тасаввури ношоистагй ва бекифоятии давлати Рахмон дар холи шакл гирифтан аст ва ранче, ки мардум дар зимистони гузашта кашиданд, ин тасаввурро комилтар мекунад. Дар паи нохушнудии зимистонй хашми бахорй омад, чун бисёре аз точикхо нигарони афзоиши шадиди киматхо, ба вижа кимати нон хастанд. Адами эътимоди мардум ба тавоноии давлат дар таъмини гизои мардум эхтимолан Рахмонро дар мавкеъияте заъифтар аз гузашта карор хохад дод.
Фарзияи бархе аз тахлилгарон ин аст, ки даргирии эхтимолии Рустами Рахмон дар он ходисаи мармузи марбут ба Саъдуллоев шояд бо талоши у барои варосати курсии раёсати чумхурй муртабит бошад. Дар бораи Рустами бисту андсола иттилоъи зиёде дар даст нест. Гуфта мешавад, ки у дар Иёлоти Муттахидаи Омрико тахсил кардааст.
Ба гуфтаи тахлилгарони сиёсй дар минтака, ба далели чилавгирии макомот аз пахши ахбори марбута хеч рохе барои санчидани дурустй ё нодурустии хабари хамла ба Саъдуллоев вучуд надорад, ва ин ки агар вокеъан ба у хамла шуда, у акнун зинда аст ё на. Вокеъиятро руйдодхои сиёсии чанд хафтаи оянда дар Точикистон равшан хохад кард. Дар холи хозир замона ба коми Рахмон нест.