ФАРХАНГ
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
Film-Cen-Asia
«
Таквими интизор » тасвири чигунагии гузарони рузгори мардум дар хилоли умеду интизори оянда аст. Он дар нохияи баландкухи Нурободи Точикистон филмбардорй шуда ва бозтоби вокеъбинонаи зиндагии мардум дар шароити сахти чаввиву чугрофиёйи ва маъишист. Дар ин филм метавон танаввуъи кавмию мазхабй дар чомеъаи Точикистон, решахову пешина ва тахаввулоти феълии онро мушохида кард.Писари Самад яке аз хазорон точик аст, ки ба кор дар Русия тан додаанд. Хамсари
у Ира ва духтараш Мавлуда бо Самад мондаанд ва мунтазири ба хам омадани хонаводаи парешонашонанд.Бинандагон
бо Виктор ном мехмоне аз Русия ошно мешаванд , ки дар хамин рустои Нуробод зода ва бузург шудааст. Бо бад шудани вазъияти амниятй дар солхои чанги дохилии 1992-97 Виктор русторо ба касди Русия тарк карда буд. Акнун у ба зиёрати гури падараш омадааст, ки дар ин русто зиндагй мекард ва дар сохтмони пули минтака даст дошт. Ин сахна ёдовари гузаштаи кишвар аст ; замоне ки мардум аз кавмхои гуногун бо бовархои гуногун канори хам зиндагй мекарданд ва дар ободонии зистбуми муштаракашон сахм мегузоштанд. Ин чехрахо нишон медиханд , ки Точикистон на танхо гузаштаи чандмазхабй ва чандкавмй доштааст , балки ин гуногунй акнун хам дар шакле дигар бо шароите дигар вучуд дорад.Аз гуфтугухои миёни чехрахои филм метавон дарёфт, ки мардуми минтакахои кухистонии Точикистон бо чи чолишхое рубару хастанд. Вакте ки Самад ва Виктор аз канори як тунели дар холи сохт мегузаранд, тасвирхо ёдоварй мекунанд, ки дар шароити зимистонй чоддахои
миёни бахшхои мухталифи кишвар барои чандин хафтаи паихам зери пушиши барф мемонанд ва пайванди миёни онхо катъ мекашавад.Мусикии гании филм, ки голибан сохтаи Далер Назаров аст, бисёр гирост. Оханги
он мутанаввеъ аст ва бо сахнахову лахзахои гуногуни филм созгорй дорад.Аз захмати
Сафарбек Солиев, коргардон, тахиякунанда ва филмноманависи «Таквими интизор» дар кишвархои гуногун такдир шудааст. Он дар бисту хафтумин чашнвораи Се Кораи Нонт (Nantes) чоизаи Чашмандози Навро бурд. Хамчунин дар хаштумин чашнвораи филми Ховару Бохтар дар Боку ва дахумин хамоиши тахиякунандагони филми кишвархои мустакилли хамсуд ва каронаи Болтик дар Маскав, чашнворахои Порис, Рум ва Техрон, чашнвораи байнулмилалии филми Уруосиё III дар Казокистон, чашнвораи филмхои осиёйи ва арабй дар Хинд сазовори чоизахои мухталиф шудааст.