Рахбари Точикистон хомй мечуяд
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
tajikistanweb.com
190208 - Точикистон хостори 25 милюн дулор кумаки дигар шудааст. Аммо ин бор ин дархостро Созмони Милали Муттахид аз суи ин кишвари бенавои зимистонзада эълом кард . Ба эхтимоли зиёд, макомоти Точикистон пас аз эъломи омори мутаваррими бидихии хоричй ва чандин дархости кумаки дигар дар гузашта аз дархости мучаддади имдод ин бор ибо варзидаанд.
Созмони Милал бар ин бовар аст, ки ду милюн тан (наздик ба як севвуми чамъият) дар Точикистон аз сармои шадид, набуди сухт ва оби гарм ва беморихои гуногун ранч мебаранд. 1.2 милюн дулори тарххои пешбинишуда то кунун тазмин шудааст ва ба маблаги газофи 24 милюн дулор хануз ниёз хаст. Афроди бадбин дар Душанбе мегуянд, замонате вучуд надорад, ки ин маблагхо пеш аз расидан ба мардуми ниёзманд дар сиёхчоле мармуз нопадид нахохад шуд.
Обу хаво ахиран бо Точикистон мехрубонтар буда ва дируз дар пойтахти кишвар хаво мулоим ва хатто офтобй буд. Аммо паёмадхои мавчи сармо бехтар аз худи сармо нест. Хануз шахрхои марказй камтар аз 10 соъат барк доранд, нируи барк дар бемористонхо пайваста катъу васл мешавад, мардум мачбуранд аз берун бо сатл ба хонахои худ об бикашанд, чун тулумба (насос)-и об хам вобаста ба нируи барк аст. Интизор меравад то бахори оянда танхо аз 40 дарсади зарфияти ниругоххои обй бахрабардорй шавад.
Бо омадани бахор мушкилоти бештаре макомоти точикро гич хохад кард, ба вижа агар бахор ба монанди зимистон онхоро гофилгир кунад. Бориши гайриодии барф дар зимистони имсол мумкин аст дар бахори оянда боъиси чорй шудани селобхои хорикулъода ва резиши гайримаъмулии хок шавад. Аммо дар холи хозир, бино ба бароварди Созмони Милал, 260 000 тан аз мардуми Точикистон ба кумаки гизойи ниёзи мубрам доранд.
Мавчи сармо танхо Точикистонро хадаф карор надодааст . Хамаи кишвархои Осиёи Миёна мавриди ин озмоиши табиъат барои зинда мондан карор гирифтаанд. Ва хамаи кишвархои минтака, ба истиснои Точикистон, тавонистанд аз эхтимолан бадтарин бахши ин озмун сарбаландона берун оянд ва ба дархостхои хоркунандаи кумак тан дар надиханд. Метавон истидлол кард, ки дигар кишвархо аз захоири гании энержй бахра мебаранд ва хатто метавонанд мозод (изофа)-и тавлидоти барки худро ба кишвархои дигар содир кунанд. Аммо ин як хакикати маълум аст, ки хич як аз онхо ба андозаи Точикистон аз манобеъи барки обй бархурдор нест. Акнун равшан шуд, ки 16 соли сарусадо аз барномахои баландпарвозонаи Точикистон дар заминаи энержй чизе чуз лофи газоф набудааст.
Макомоти точик, ки бо хамаи вобастагй ба Русия амикан даргири «бозофарии як миллати ориёйи» будаанд, ба ногох мутаваччех шуданд, ки сипари Русия меравад, ки ба пайкари душмани бузургашон Узбакистон панох дихад.
Тошканд савор бар боди сиёсат чанд бор даст ба даст шуд. Аммо Душанбе мутмаин буд, ки нихояти садокат ва нимамустаъмара (нимамустамлика) будани он ишки вижаи Русияро танхо барои Точикистон хифз хохад кард. Барои тазмини ин ишк Точикистон (бар хилофи дигар кишвархои Осиёи Миёна) ниходи низомии Шуравй дар каламрави худро миллй накард, балки эчоди артишишро аз сифр бино ниход . Ин танхо пораи мероси андаки Шуравй барои Точикистон набуд, ки ба коми Русия рафт. Дар мохи уктубри соли 2004 Душанбе вазиши насими сардеро аз самти Кремлин эхсос кард ва мучтамаъи мунхасир ба фарди назорати тараддуди хавойии Норак ( мавсум ба «Окно»)-ро ба Русия тахвил дод. Умедвор буд, ки «бародари бузург» дар канори муттахиди факир, аммо вафодораш хохад монд. Фазои иктисодии Точикистон низ барои Русия бози боз буд ва судовартарин карордохои бозаргонй ба ширкатхои русй ихтисос меёфт. Алорагми ин хама гузашту хадоё Русия Ислом Каримову пушаймон, аммо кавиро бар Рахмони вафодор, аммо нотавон тарчех дод.
Акнун Каримов бо берахмии тамом талош мекунад монеъ аз ичрои тарххои Точикистон дар заминаи энержй шавад. Комгории ахираш дар таълики сохтмони ниругохи Рогун тавассути ширкати русии РусАл уро ташвик ва дилгарм кардааст. Акнун Душанбеи навмед хозир аст бидуни чоназанихои маъмулй эхтимолан бо Казокистон карордоди эхдоси ниругохи обии деринтизори Рогунро имзо кунад. Ачаб нест, агар фардо худрави Мерседеси Ислом Каримов дар хиёбонхо Олмотй гашту гузор кунад ва худи у ба тагйири назари Назарбоев дар мавриди тархи энержиаш дар Точикистон бикушад. Каримов муътакид аст, ки хар навъ тархи эхдоси ниругоххо бар рудхонахои чорй дар чанд кишвар бояд бо хамаи кишвархои марбута баррасй шавад. Аз бахти бад, хамаи рудхонахои бузурги мунтахй ба Узбакистон аз Точикистон сарчашма мегиранд. Рузномаи «Независимая Газета» чопи Маскав муддаъист, ки ин таваккуъи Каримов маъкул аст. Дар ин сурат, бо такя бар ин мантик, метавон гуфт, ки шояд бехтар аст дар мавриди гоз хам сиёсати хамонанде иттихоз шавад ва шояд тамоми гози узбакистонй аз зери хоки Точикистон мегузарад.
Мавзеъи Ислом Каримов билофосила « добро» - и русхоро сазовор шуд ва ташрехи он муфассалан дар карордоде, ки миёни Путин ва Каримов рузи 7 феврийе имзо шуд, омадааст. Бад-ин гуна, Узбакистон дар заминаи тарххои энержй химояти Русияро ба даст овард.
«
Независимая Газета» бо истинод ба суханони Андрей Грозин, корманди шуъбаи Осиёи Миёнаи Муассисаи пажухишхои кишвархои мустакилли хамсуд менависад: «Маскав бо имзои баёнияи пешниходии Тошканд нишон дод, ки дар кадом суи сангар карор дорад. Он баёния паёме барои Душанбе буд, то бидонад, ки Кремлин дар ин замина хамсуи Тошканд аст.»
Влодимир Путин ба худ ичоза дод, ки нози Ислом Каримовро бикашад, чун медонист, ки дар изои он чи чизеро ба даст хохад овард: пурнуфустарин кишвари минтака бо захоири табиъии фаровон ва мавкеъияти жеупулитики муносиб. Нозе, ки Эмомалии Рахмон ба хич руй наметавонист бифурушад. Аз ин ру, Рахмон дар сахттарин бухрони табиъиаш ру ба Кремлин наовард, балки ба Техрон шитофт ва аз тасмими Казокистон барои сармоягузорй дар арсаи энержии Точикистон истикбол кард. Ачаб нахохад буд, агар фардо Иёлоти Муттахидаи Омрико аз тархи сармоягузорй дар бунёди ниругохи обии Даштичум хам по фаротар бигзорад. Эмомалии Рахмон дунболи хомй мегардад.