ХСДТ дар Хоруг рохпаймойи мекунад

web.com

СИЁСАТ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Порахое аз Гуфтугуи Ошкори Би-Би-Сии форсй бо Р. Зоиров (150308)

<BGSOUND SRC="_RefFiles/Zaherov_tajweb.mp3" loop=FALSE>

tajikistanweb.com

190308 –
Ба гузориши хабаргузории Asia-Plus, Хизби Сусиёл - Демукроти Точикистон касд дорад рузи 8 оврил (апрел ) дар шахри Хоруги Бадахшон тазохуроти эътирозй созмон дихад . Бахши вилоятии ин хизб бо интишори баёнияи вижае аз ин руйдоди карибулвукуъ хабар дод . Рахматуллох Зоиров , рахбари хизб , таъкид кардааст , ки сарфи назар аз адами мувофикати макомот ин рохпаймойи баргузор хохад шуд
.

Зоиров мегуяд, вогузории 1000 килуметри мураббаъ аз хоки Точикистон дар минтакаи Помир ба Чин дар соли 2002, интиколи идораи шаш рустои нохияи Дарвози Бадахшон ба минтакаи Тавилдара ва бадрафтории кормандони созмонхои амниятию интизомй дар миёни масоиле хохад буд, ки дар ин тазохурот матрах хохад шуд.

Зоиров муътакид аст, ки давлати Рахмон бо вогузории порае аз замини Точикистон ба Чин Конуни Асосиро накз кардааст. Асли хафтуми Конуни Асосии Точикистон сарзамини онро гайри кобили таксим ва масун (гасбнакарданй) эълом кардааст. Аммо тавофукномаи миёни Точикистону Чин дар бораи тачдиди марзхо худуди шаш сол пеш ба имзо ва тасвиби тарафхо расид. Давлати Чин бо имзои он тавофукнома аз иддаъои арзии худ барои 28 хазор килуметри мураббаъ аз хоки Точикистон чашмпушй кард. Дар соли 2006 хар ду кишвар кавл доданд, ки аломатгузории дубораи марзхоро огоз хоханд кард, аммо дар он давра сахнаи сиёсии Точикистон комилан хомуш буд ва эътирози баланде ба гуш намерасид.

Ду мавзуъи дигари тазохурот нисбатан тоза аст ва то кунун хам рохпаймоихоеро барангехтааст. Рузи душанбеи гузашта худуди 300 тан дар шахри Хоруг гирди хам омаданд ва алайхи «бадрафторй ва зиёдаситонии ниходхои амниятй ва интизомй» ва тасмими ахири порлумон дар мавриди интиколи идораи шаш рустои Бадахшон ба Тавилдара эътироз карданд. Ин тасмимро Мачлиси Миллй (мачлиси улёи порлумон) рузи 7 морс иттихоз кард ва ба эътирози як намояндаи мардум, ки мегуфт ин мавзуъ бояд ба мачлиси вилоятии Бадахшон хавола шавад, таваччухи чандоне дода нашуд. Рахматуллох Зоиров мегуяд: «Ин мавзуъ бояд аз пеш бо мачлиси махаллии намояндагони мардум дар миён гузошта мешуд.»

Ба гуфтаи Зоиров, Хизби Сусиёл Демукрот дар устони Бадахшон худуди 500 узв дорад ва ин хизб дар минтака аз химояти густардае бархурдор аст. Аммо интихоби Хоруг ба унвони сахнаи ба чолиш кашидани давлат шояд ба хотири мусоъидтар будани чавви сиёсии он чо сурат гирифтааст, ки тайи моххои ахир сахнаи чандин тазохурот дар баробари сохтмони хукумати махаллй буд. Афзун бар тазохуроти мохи морс, дар маркази Хоруг мохи феврие (феврал) низ худуди 500 тан бозаргони зан тачаммуъ карданд ва алайхи тархи афзоиши кимати парвона (мучаввиз)-и кори бозаргонон эътироз карданд. Ин бонувон нигаронанд, ки бо афзоиши кимати парвона, ки бидуни он хам гарон аст, шояд шугли худро аз даст диханд.

Дар холе ки Хизби Нахзати Исломии Точикистон тадричан ба самти давлат сур мехурад, сусиёл-демукротхо мухолифони нисбатан чиддие дар баробари давлати Рахмон ба назар мерасанд. Ин хизб, ки соли 1998 бо номи Адолат ва Тараккиёт созмон ёфт, дар соли 2002 ба Хизби Сусиёл Демукроти Точикистон тагйири ном кард. Рахбари он Рахматуллох Зоиров дар соли 2003 дар эътироз ба хамапурсии ислохи Конуни Асосй, ки ба Рахмон ду давраи хафтсолаи дигари раёсати чумхуриро эхдо кард, макоми мушовирии раёсати чумхурй дар умури хукукиро тарк гуфт. Хизби у бар ин бовар аст, ки хатто бино ба Конуни Асосии ислохшуда давраи феълии раёсати чумхурии Эмомалии Рахмон номашруъ аст. Сусиёл-демукротхо хостори тафвиз (таксим)-и дакики кудрат миёни шохахои конунгузорй, ичроия ва додрасй (казоия) хастанд, ки дар асли нухуми Конуни Асосй омадааст.

Зоиров дар гуфтугуи ахири худ бо бахши порсии Би-Би-Си гуфт: «Моддаи 69-уми Конуни Асосй, ки масъулиятхои зиёдеро бар шохаи ичроия бор кардааст, сабаби асосии бухрони кунунист.» Ин асли Конуни Асосй, ки мураккаб аз 26 банд аст, вазифахои раисичумхуриро таъйин мекунад, ки тайфи васеъе аз вазоифи хукуматро низ дарбар дорад.

Хизби Сусиёл Демукрот дар порлумон курсй надорад. Зоиров ин бенасибиро маълули такаллубот дар интихобот медонад.

English