ФАРХАНГ
МУРТАБИТ
Youth
Entertainment
tajikistanweb.com
Аммо бархе аз нозирон бар ин боваранд, ки хамоно анвоъи махалгаройии точикй буд, ки
боъиси бурузи чанг шуд.Дар баробари ин иддаъо метавон истидлол кард, ки дар авохири дахаи 1980 гуруххои мухолифи давлат (дастикам бештари онхо) таъаллукоти махаллй надоштанд. Таксимоти махаллй танхо пас аз он огоз шуд, ки кишвар ба гирдоби чанги дохилй галтидан гирифт. То он замон танхо як созмон бо унвоне махаллй, аммо ормоне миллй вучуд дошт бо номи «Лаъли Бадахшон».
Вале
тайи он панч соли хунин созмонхои бисёре бо номхо ва ормонхои башиддат махаллй падид омаданд, ба монанди «Мехри Хатлон», «Эхёи Зарафшон», «Эхёи Ягноб», «Хисори Шодмон», «Эхёи Хучанд» ва гайра. Вожаи «эхё» ба маънии боззод ё таваллуди дубора хокй аз нигаронихои минтакахо дар солхои нооромист, ки гуё хар кадом ба танхойи мехостанд номуродихоро пушти сар бигзоранд ва дубора зода шаванд.Чанги дохилй нуктаи заъфи умдаи точиконро ошкор кард ва миллате резро ба тиккахои резтар таксим кард; ормони миллии миллати тозаистиклол ба куллй фаромуш шуда буд. Хар навъ
шакку гумоне дар мавриди заъфи хамбастагии миллй бардошта шуд. Гудозаи махалгаройи аз оташфишони чанг сарозер шуд ва чунбишхои миллигарое чун «Растохез»-ро, ки дастури корашон боззод ё эхёи миллй буд, на махаллй, гудохту мунхал кард. Бархе аз минтакахо ба фикри эъломи истиклол аз Душанбе уфтоданд.Таъвизи
накшхоХарчанд миёни Чабхаи Халкй ва Хизби Нахзати Исломй намешуд хутути мушаххаси махаллй кашид, тасвири куллй хокй аз хамбастагии
муттахидони кадимй – Кулоб ва Ленинобод алайхи минтакахои ракиб буд. Хатто шахрхои Хучанду Кулоб, ки хар ду дар як кишваранд, «бародаршахр» эълом шуда буданд.«
Харчанд ин тагйир ба султаи хучандихо бар арсаи сиёсии Точикистон поён ниход, он ба маънои поёни махалгаройи дар кишвар набуд. Дар вокеъ, танхо тагйир ин буд, ки кудрат аз як минтака ба минтакае дигар мунтакил шуд. Аз он замон то кунун кудрат дар дасти кулобихо бокй мондааст . Дигар манотики кишвар , бо чанд истисно , аз мушорикат дар хукумати миллй канор монданд. Мухимтарин макомхои давлатй ва иктисодй ба кулобихо дода шуд .» (Nasrin Dadmehr in Robert Rotberg’s State Failure and State Weakness in a Time of Terror, p. 253).«
Аммо боз хам ин нукта ба тавзех ниёз дорад, ки чаро мардум мустаъид ва пазирои кунтрул шудан буданд. Ин навъ тавзех мутаъаллик ба бархурди «холатй» бо низоъи хуввият аст. Дар холатхои ноамнй, ки фурупошии импротурии шуравй намунаи он буд, мардум ба хар навъ хамбастагии фархангй ва сиёсии мавчуду мухайё мечаспанд.» (Barnett R. Rubin, Jack L. Snyder, Post-Soviet Political Order, p. 145).«
Бо ин ки рохкори шуравй зохиран навъе аз хуввияти миллиро арза мекард, Маскав дар айни хол , шояд амдан (касдан) , сохтори махалгароёнаи кудратеро сохта буд, ки бо вахдати миллй сари ситез дошт. Эхтимолан хамин танокузхо монеъ аз табйин ва изхори миллигаройи шуданд, чун миллигаройи барои Маскав хушоянд набуд. Ва ин ин сиёсатхо баъдан окибатхои фачеъ дар пай доштанд, замоне ки масъулиятхои истиклоле ногахонй бар души кишваре ноомода хавола шуд.» (Paul Bergne, The Birth of Tajikistan, p. 134).Давлати чадиди Точикистон, ки бо ваъдаи баркарории «сохтори конститутсионй (яъне кумунистй)» сари кудрат омад, ба зудй
арзишхои кумунистиро канор гузошт. Эмомъалии Рахмон, рахбари режими нав, суфуфи Хизби Кумунистро тарк кард, то Хизби Халки Демукроти худаштро бисозад. Дар амал Хизби Кумунист аз доираи нуфуз берун монд ва хамрохони кумунисти Рахмон низ ба хизби чадид пайвастанд. Зохиран у зарурати эчоди сиёсати миллигароёнаро дарк кард, то битавонад бар кишваре вохиду муттахид хукм биронад, на ба кунфедеросиюни хонигарихои пароканда. Бад-ин гуна силсилаи Сомонй (819-992) бунёдгузори давлатдории точикон эълом шуд ва корзори густарда ва гарони таблиги Сомониён дар саросари кишвар рох уфтод. Тандиси шох Исмоъили Сомонй дар маркази пойтахт чойгузини Фирдавсй шуд. Пули миллии точикй хам аз « рубл » ба « сомонй » тагйири ном кард . Раисичумхурй хам бо хазфи пасванди русии «- ов» аз номи хонаводагиаш «Рахмон» шуд.«
Зикри ин нукта мухим аст, ки таблиготи миллигароёнаи Точикистон хадафе дигар дошт ва он вокуниш ба хатти машйи хасмона ва зиддиточикистонии Узбакистони хамсоя буд. Хукумати Точикистон мехост ононеро хадаф карор дихад, ки мункири инсичом ва ягонагии точикхо ба унвони миллат буданд, то зарурати мавчудияти як давлати точикистониро собит кунад.» (Nasrin Dadmehr in Robert Rotberg’s State Failure and State Weakness in a Time of Terror, p. 253).Норохатии махалхои дигар, ки тавассути режим нодида гирифта шуда ё тард шудаанд, дар амал аз мизони эътибори давлат ба унвони як давлати миллй костааст. Таъкидхои ошкору пинхони режим бар решахои минтакайии худ
мардумро беш аз пеш аз давлат бегонатар мекунад.Миллигаройии дифоъй
Ин дар холест
, ки кишваре чун Точикистон бо ин хама ракиб ва муттахиди андак дар атроф ба миллигаройии ростини миёнарав, аклонй ва дифоъй ниёз дорад. Он гуна ки Ёкув Руъи дар китоби “Уруосиёи мусалмон: меросхои мутахосим” менависад: “барои нахустин ё охирин бор нахохад буд, ки миллигаройии дифоъй метавонад чун сипаре алайхи бегонагон заминасози якпорчагии миллат бошад.”