ИКТИСОД
Youth
Entertainment
Finchannel.com
Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа (БУБТ) дар паи муваффакияти мархилаи нахусти ичрои барномаи бехсозии зербинои сомона (систем)-и обрасонй дар шахри Хучанди Точикистон як воми 1.5 милюн уру (евро)-ии дигар ихтисос медихад.
Ин кумак бахше аз бастаи бузургтари сармоягузорист, ки 3.5 милюн уру кумаки билоъивази давлати Суис (Швейтсария) ва 1.365 милюн уру кумаки билоъивази фаннии як сандуки муштараки БУБТ ва Суисро дар бар мегирад. Он сандук (фонд) вижаи кишвархоест, ки мархилахои огозини давраи гузорро пушти сар мекунанд.
Ин воми тазминшуда карор аст вазъияти обрасониро аз рохи насби тачхизоти нав бехтар кунад. Аз чумла карор аст шумори бештари дастгоххои обсанч (метр)
дар сатхи шахр тавзеъ шавад, то таровиш ё нашти об кохиш ёбад ва дар кул, сомонаи обрасонй кобили эътимодтар шавад. Як барномаи арзаи сахом мушорикати густардатари мардумро ташвик хохад кард ва мувозиб хохад буд, ки мизони факр ва маъоши мардум дар ислохоти таъруфахои об мадди назар бошад.Хучанд
дуввумин шахри бузурги Точикистон аст , дар шимоли гарби кишвар, ки худуди 150 000 чамъият дорад. Ин шахр дар дахонаи водии хосилхези Фаргона вокеъ аст – минтакае дар Осиёи Миёна, ки миёни Узбакистон, Киргизистон ва Точикистон таксим шудааст.
То кунун БУБТ дар беш аз 30 тархи Точикистон ба арзиши беш аз 100 милюн уру сармоягузорй кардааст. Химоят аз тавсеъаи зербинои кишвар аз авлавиятхои ин бонк дар Точикистон унвон шудааст. Нахустин воми БУБТ ба шахри Хучанд мохи жуие (июл)-и 2004 дода шуда буд.