web.com

ХУКУКИ БАШАР

МУРТАБИТ

Punished for Using Persian

Khurram Defends His Decision

Persian-speakers to Rally in London

Draconian Measures...

London Rally...

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Вокуниши Алиасгари Шеърдуст, сафири Эрон дар Точикистон ба тасмимхои Хуррам (шунидорй; 19 фев. 2008)

<BGSOUND SRC="_RefFiles/SherdoustPersianInAfghanistan.mp3" loop=FALSE>

tajikistanweb.com

200208 -
Рузи сешанбе (19 феврийе) вазири иттилоъот ва фарханги Афгонистон ба мачлиси ин кишвар фаро хонда шуд, то ба пурсишхои намояндагон дар мавриди чизе, ки «корзори вазир алайхи забони порсй» унвон шуда, посух бигуяд. Торнамохои порсй ва паштуи Би-Би-Си бо шикастани яхи сукут дубора ба мавзуъи мучодилаи забонй дар Афгонистон пардохтанд ва аз ин нишаст гузориш доданд.

Кумисиюни фархангии мачлиси Афгонистон ба рахбарии Мухаммади Мухаккик шаш мавриди «тадобири Абдулкарими Хуррам алайхи забони форсй»-ро сабт кардааст. Кумисиюн Хуррамро ба сутурдани номи порсии вазорати фарханг аз руи сардари он, чойгузинии вожаи порсии «нигористон» бо «голерй»-и инглисй, мучозоти се корманди телевизюн ба хотири корбурди вожахои порсии «донишгох» ва «донишкада», дасткорй дар бофти забонии бархе аз барномахои телевизюнй ва номгузории мучаддади бечои хиёбонхо ва нохияхои Кобул муттахам мекунад. Ба далели сарусадое, ки шуморе аз намояндагони мачлис бапо карданд, аъзои кумисиюни фархангй муваффак шуданд танхо ба ду мавриди нахусти иттихомот расидагй кунанд ва ба шур бираванд.

Хуррам дар мавриди «Голерии Кобул» гуфт, ки як кумисиюни нав барои гирифтани тасмим дар бораи бозгашт ба «нигористон»-и пешин ё эчоди вожае ба тамом тоза ба чои он поярезй хохад шуд. Гуфта нашуд, ки ин кумисиюн кай ва чи гуна ва бо шумули чи афроде шакл хохад гирифт.

Абдулкарими Хуррам мувофикат кард, ки номи хамаи созмонхои давлатй ва вазоратхонахо бояд ба ду забони расмии «дарй » ва пашту навишта шавад.

Равшан нест, ки чараёни нишасти тавзехотии вазири фарханги Афгонистон кай аз сар гирифта хохад шуд.

Бо ин ки бахши порсии Би Би Си нахустин расонае буд, ки рузи 9 феврийе хабари тавбих (танбех)-и як хабарнигори балхй тавассути вазири фарханг ба далели корбурди вожахои порсиро дод, дар паи он сукут ихтиёр кард. Чун ин хабар дар Афгонистон ва берун аз он мавчи эътирозотро барангехт. Порсигуён дар шахрхои Ландан ва Мазори Шариф даст ба намоишхои эътирозй заданд ва шуморе аз хаводорони Хуррам дар шахри Кандахор нишони Бахши Чахонии Би-Би-Сиро ба далели гузориши рузи 9 феврийеаш ба оташ кашиданд. Хич як аз ин руйдодхо тавассути Би-Би-Сии порсй ва пашту пушиш наёфт. Гуфта мешавад, ки ин бахш аз ин ба баъд низ дар мавриди ин мунокишаи хассоси забонй бо эхтиёт бархурд хохад кард.

Бархе иддаъо мекунанд, ки як номаи шикояти элуктруникй, ки аз суи «доктар Спингар Атал» номе «аз Афгонистон» ба макомоти баландпояи Бахши Чахонии Би-Би-Си фиристода шуда, бахши порсй ва паштуро аз пайгирии руйдодхои марбут ба чанги забонии миёни ду кавми аслии Афгонистон мунсариф кардааст.

Афзун бар се макоми Би-Би-Си дар Буш Хауси Ландан ин номаро торнамои паштуи tolafghan.com  низ дарёфт кардааст. Акнун онро метавон дар ин торнамо дид. Муаллифи нома, ки гумон мекунад, Би-Би-Сии порсй алайхи паштунхо «хатти машйи фошистона»-еро иттихоз кардааст, дар хичча ва навишти номхо ва макомхои масъулини Би-Би-Си кучактарин иштибохе надорад. Ин диккати хорикулъода ва дониши дакики силсила-маротиби Би-Би-Си ба навбаи худ дар дохили бахши порсй / пашту ин шубхаро барангехтааст, ки ачаб нест агар «доктар Спингар Атал» канори худи онхо нишаста бошад. Бино ба гузоришхои таъйиднашуда, нишонии интернетии фиристандаи нома ба сервери интернетии bbc.co.uk мутаъаллик аст.

English