web.com

ФАРХАНГ

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Маркази расонахо ва студиюхои филми Муассисаи мутолеъоти ховарй ва офрикоии Ландан (SOAS) тайи рузхои 6-7 жуан (июн ) мизбони чехрахои мухимме аз санъати расонайи ва синемоии Эрон, Афгонистон ва Точикистон хохад буд. Дар ин кишвахо тахаввулоти кобили мулохиза ва мунозироте дар заминаи расонахо ва мухити фархангй дар чараён аст. Сарфи назар аз забону фарханги муштараки порсй , кормандони хирфаии расонахо ва филмсозони ин се кишвар нудратан дар чорчуби хамоише байнулмилалй гирди хам меоянд, то нигаронихо ва хадафхои муштараки худро баррасй кунанд.

Дар ин кунфронси дуруза бархе аз хабарнигорон, тахиякунандагони телевизюну родю ва веблогнависону филмсозони саршинос дар бораи тозатарин тахаввулоти марбута ба табодули назар хоханд пардохт. Донишчуёну донишварон имкони баррасии ояндаи расонахо ва синемо дар ин кишвархо ва имкони хамкории окодемикро баррасй хоханд кард.

Филмхо

«
Таквими интизор» соъати шаши шомгохи одина , 6 жуан (июн) дар толори Халилй намоиш дода мешавад. Сафарбек Солехов, созандаи филм, ба пурсишхо посух хохад гуфт.

« Чанги тарёк» соъати панчи шомгохи шанбе, 7 жуан (июн) дар толори Халилй намоиш дода мешавад. Сиддики Бармак, созандаи филм, ба пурсишхо посух хохад гуфт.

« Доираи зангй» соъати чахори баъд аз зухри якшанбе, 8 жуан (июн) дар Нигорхонаи Брунеи намоиш дода мешавад. Парисо Бахтовар, созандаи филм ба пурсишхо посух хохад гуфт.

Афроди зер аз чумлаи суханварони махфиланд:

- Умед Бобохонов, раиси хабаргузории Asia-Plus аз Точикистон;

- Парисо Бахтовар, филмсози чавони боистеъдоди Эрон;

- Шукрия Боракзай, сардабири мачаллаи «Ойинаи зан» аз Афгонистон ва барандаи унвони Сардабири Байнулмилалии созмони World Press дар соли 2004;

- Сиддики Бармак, филмсози сохибчоизаи Афгонистон;

- Фахими Даштй, сардабири хафтаномаи «Кобул»;

- Хушанги Гулмаконй, мунтакиди саршиноси филм аз Эрон;

- рузноманигорони насли чавон ба монанди Акбари Мунтачабй ва Касро Нурй ва хамчунин Шодии Садр, ки дорои чоизаи байнулмилалист;

- Саъди Мухсинй, мудири комгортарин расонахои мустакилли Афгонистон родю «Ормон» ва телевизюни «Тулуъ»;

- Сафарбек Солехов, филмсози сохибчоиза аз Точикистон;

- дигар суханронони нишаст аз чумлаи рузноманигорони саршиноси Точикистон Салимчон Аюбов, Додочон Атовуллоев, Шахло Акобирова ва Дориюши Рачабиён; аз Афгонистон Азиз Ахмад Хакимй ва Мухаммад Шафики Хакпал.

Маркази расонахо ва студиюхои филми Муассисаи мутолеъоти ховарй ва офрикоии Ландан умедвор аст аз тарики баргузории ин хамоиш гуфтугу ва мубохисоти миёни рузноманигорон, филмсозон ва донишварони ин кишвархо ва хамтоёнашон дар Урупоро содатар кунад ва бад-ин гуна дар бехбуди хамкорихо ва табодули назархо моя бигзорад. Мо талош хохем кард матолиби марбутаро мунташир кунем ва аз расонахои мукими Ландан барои пушиши ин руйдод даъват ба амал хохад омад.

Пруфесур Анабел Сребернй, FRSA
Мудири Маркази расонахо ва студиюхои филм

Барои посух ба пурсишхоятон дар бораи ин нишаст бо дуктур Маъсумаи Турфа тамос бигиред: mt69@soas.ac.uk

English