Хузури низомии Хинд дар Точикистон

Рузномаи The Times of India менависад, бо вучуди норохатии Русия, Хиндустон аз фикри хузури низомй дар минтакаи Осиёи Миёна мунсариф нашудааст ва хамчунон талош мекунад чои пои худро дар пойгохи низомии Айнй дар Точикистон хифз кунад.

То кунун 150 сарбозу афсари хиндй дар пойгохи Айнй мустакар шудаанд, ки халабонхо ва хадамаи нируи хавоии Хинд барои болгардхои Ми-17 дар он миён хастанд. Дар пайи дидори А.К. Антонй, вазири дифоъи Хинд ва женерол Шералй Хайруллоев, хамтои точики у дар рузи одина бархе манобеъ таъйид карданд, ки пойгохи Айнй хамчунон дар дидраси родорхои хиндй карор дорад.

Ин дар холест, ки Русия зохиран чароги сабзашро барои барномахои “дарозмуддат”-и Хинд чихати истикрори чанд фарванд чангандаи МиГ-29 хомуш кардааст. Дар гузашта нируи хавоии Хинд теъдоди зиёде аз болгардхои Ми-17-и худро дар пойгохи Айнй барои “кутохмуддат” мустакар карда буд.

Ба гуфтаи як манбаъ, “гуфтугухо барои халли масоили марбут ба пойгохи Айнй дар чараён аст. Мусалламан, ба назари русхо дар ин маврид бояд таваччух дошт, чун Русия дар Точикистон нуфузи фаровоне дорад.”

Тагйири мавзеъи Русия дар авохири соли мелодии гузашта сурат гирифт; замоне ки пойгохи хавоии Айнй дар 15-килуметрии Душанбе – пойтахт тибки як карордоди сетарафаи Хинд, Точикистон ва Русия комилан коромад ва кобили истифода шуд.

Созмони Артиш ва Роххои Хиндустон барои тамдид ва тармими бонди парвози пойгохи хавоии Айнй то кунун як милёрд рупия хазина кардааст ва афзун бар он, дар холи сохтани се ошёнаи хавопаймо, як бурчи кунтрули трофики хавои ва нарда (панчара)-и хифози атрофи пойгох аст.

Нохушнудии Русия аз он бармеояд, ки Хиндустон дар холи наздикии истротежики бештар бо Омрикост ва бар хилофи гузашта, ки барои химояти тадофуъй сирфан муттакй ба Русия буд, акнун бо кишвархое ба монанди Иёлоти Муттахида, Исроил, Фаронса ва Бритониё наздикй мечуяд.

Мусалламан, хадамоти амниятии Хинд то кунун аз изъон бар талошхояшон барои истикрори як пойгохи низомй дар Айнй худдорй кардаанд. Як макоми вазорати дифоъ дар бораи далели дидори Антонй бо Хайруллоев гуфт: «Ин як дидори маъмулй барои тахкими пайвандхо буд.”

Вале вокеъият ин аст, ки дар соли 2002, замоне ки пойгохи Айнй дар вазъи низоре карор дошт, Хинд онро зери назар гирифт. Чун Хиндустон дар паи рохи халле барои бароварда кардани ниёзи рузафзуни мардумаш ба энержй мегашт ва моил буд минтакаи Покистон-Афгонистон дар дидрасаш карор дошта бошад.

Доштани як пойгохи низомй дар минтака хамчунин ба Хиндустон имкон медихад, ки нирухои вижаи худро дар мавокеъи изтирорй - ба монанди ходисаи хавопайморубоии мохи десомбри 1999 ба максади Кандахор – дар минтака мустакар кунад.

Точикистон бо Афгонистон 1200 метр марз дорад ва Хиндустон аз соли 1990 то кунун дар Точикистон амалиёти низомие анчом додааст. Дехли ва Душанбе ба Нирухои Эътилофи Шимоли Афгонистон кумак карданд, ки алайхи режими Толибон бичанганд.

Хиндустон хамчунин дар минтакаи Фархор дар мучовират бо Афгонистон бемористонеро барои мудовои сарбозони Эътилофи Шимол таъсис карда буд.

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

web.com

POLITICS

Education