Сафири Бритониё ХНИТ-ро сарзаниш кард
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
tajikistanweb.com
Сафири Бритониё ба муносибати 35-умин солрузи поярезии танхо хизби исломии конунии Осиёи Миёна дар Душанбе суханронй мекард. У гуфт, ки ба бовари у интикод аз давлат ба хотири нотавонихояш бо механдустй мугоират надорад, балки баръакс, баланд кардани садои мухолиф дар чунон шароите ва пешниходи рохи бурунрафт аз бухрон айни механпарастист.
Аммо Мухйиддин Кабирй, рахбари ХНИТ, муътакид аст, ки заъфи давлат дар чараёни бухрон ошкор буд ва хизби у интикод аз давлат дар он шароитро муносиб надид, чун кишвар метавонист мутахаммили бохти бузургтаре шавад. Кабирй афзуд, ХНИТ хостори эчоди бесуботй дар кишвар набуд, аз ин ру аз сарзаниши макомот худдорй кард. Рахбари ХНИТ бар ин назар аст, ки акнун замон иваз шуда ва аз ин ба баъд метавон мушкилоти чомеъаро зикр кард ва ба омилхои он мушкилот ишора кард.
Мумкин аст тагйири сареъи мавзеъи Кабирй ба далели интикоди бесобикаи як сафири хоричй аз холати инфиъолии ХНИТ анчом
гирифта бошад. Граем Лотен дар гузашта бо сарохати лахча ( ошкоро ) мушкилоти дохилии Точикистонро баррасй намекард. Дар вокеъ, Точикистон то кунун сафиреро надида буд, ки бо часорат рафтори давлатро ба чолиш бикашад. Аммо диплумосии бритониёйи бо пешинаи доштани сафири бепардагуву ошубгаре чун Крейг Муррей дар Узбакистон собит кард, ки метавонад дар Точикистон низ рафторе мутафовит дошта бошад.Рузи 1 жуие (июл)-и 2007 Сафорати Бритониё дар Душанбе раёсати махаллии Иттиходияи Урупо дар Точикистонро пазируфт ва дар мохи нувомбр (ноябр)-и 2007 Граем Лотен ба унвони раиси махаллии Иттиходияи Урупо ба кутохй ва костихо дар конунгузории Точикистон ишора кард. Вай гуфт: «Конунхои дархаму бархам бояд сода шавад, иттилоъот дар бораи сармоягузорихо бояд шаффоф бошад ва мухимтар аз хама, алайхи фасод дар хамаи сутух бояд мубориза кард.»
Дар икдоме дигар барои барчаста кардани мавзуъи хамдастии эхтимолии макомот дар фасод
, Лотен ба нохияи Кулоб сафар кард ва кумакхои башардустонаи Бритониёнро на аз тарики мачрохои хукуматй, балки шахсан ба мардуми махаллй дод; икдоме, ки андак касе аз рахбарони намояндагихои диплумотик анчом додааст.Интикоди Лотен аз Хизби Нахзати Исломй
ба таври талвехй давлати Точикистонро хадаф карор дода буд. Сафир бо андарзе, ки ба хизб дод, дар вокеъ, бар нокоройии давлат дар халли ибтидойитарин мушкилоти чамъият таъкид дошт. Эхтимолан, давлати Точикистон, ки ба сарохати диплумотик одат надорад, аз ин навъ «мудохила»-и сафир хеле норохат хохад шуд. Аммо дар сурати бурузи хар навъ мунокишаи диплумотик миёни Ландан ва Душанбе Бритониё, ба унвони яке аз дихишгарон (кумаккунандагон)-и аслии Точикистон бозанда нахохад буд.