web.com

РАСОНАХО

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

tajikistanweb.com

Эмомалии Рахмон дар суханронии наврузии худ хитоб ба равшанфикрони Точикистон аз кори расонахои давлатии кишвар изхори нохушнудй кард ва онхоро ба хотири деркард дар ироаи ахбор сарзаниш кард.

Раисичумхурй гуфт: «Вакте ки дар кишвар чизе иттифок меуфтад, мардум хабари онро аз расонахои Русия мегиранд ва танхо баъд аз он радиову телевизиони Точикистон хабарро пахш мекунанд. Дар натича, суитафохум рух медихад ва хабару гузоришхои дуругин, супоришй, бадномкунанда ва игрокомез пахш мешавад.»

Рахмон эълом кард, ки ба Кумитаи Садову Симои Точикистон дастур додааст, ки шабакаи нави вижаеро таъсис дихад, то мардумро бедиранг аз руйдодхои кишвар ва фаротар аз он огох кунад.

Бархе аз коршиносон истидлол мекунанд, ки ин икдом дар боло бурдани огохии мардум таъсири андаке хохад дошт. Нуриддин Каршибоев, раиси Анчумани Миллии Расонахои Мустакилли Точикистон, мегуяд: «Тайи такрибан ним соли ахир мардуми Точикистон аз тамошои телевизюн махрум будаанд.» Ба чои он, Каршибоев пешниход мекунад, ки талошхое чихати зинда кардани рузномахои мустакил дар саросари кишвар анчом шавад ва бештари нашрияхои расмии махаллй, ки факат назари давлатро медиханд, таътил шаванд.

Каршибоев бар зарурати рохандозии рузномахо таъкид мекунад, ки дар паи фурупошии Шуравй дар Точикистон аз байн рафтаанд ва бештари нашрияхои он хафтанома аст. У бар ин бовар аст, ки нашрияхои расмии кунунй тахти кунтрули шадид карор доранд, мушкилоти ичтимоъй-иктисодиро тахлил намекунанд ва холу хавои ичтимоъиро бозтоб намедиханд.

Нозирони дигар мегуянд, ки бехтар аст Кумитаи Садову Симои Точикистон ба чои таъсиси як шабакаи хабарии нокоромади дигар дар шабакахои мавчуди родю ва телевизюн сармоягузорй кунад ва аз рохи чалби рузноманигорони хирфаии бештар, сабуктар кардани сонсури шадиди мавчуд ва иртикои фаннии шабакахо онхоро бехбуд бахшад. Ба бовари онхо, шабакахои родю ва телевизюни Точикистон ба як дастгохи дурушти таблиготи давлат табдил шудаанд, ки аз пахши назархои мухолифи дидгохи расмй метарсанд. Дар натича онхо мунтазири таъйиди расмии хабар мемонанд, дар холе ки он аз суи даххо расонаи хоричй ба шеваи худи онхо ба махзи бурузаш пахш мешавад.

Аммо Рахмон дар хамин суханронии худ ба таври талвехй аз сонсури давлатй химоят кард. У бар зарурати чилавгирй аз чопу пахши матолибе, ки «шарафи инсонии ба хусус макомотро хадшадор мекунад ва ба низоъхо, махалгаройи ва ифротгаройи доман мезанад» таъкид кард. Вай хамчунин аз рузноманигорон хост, ки аз пахши «беэътимодй ва бадбинй» дар миёни тудахо худдорй кунанд.

Макомоти кишвар метавонанд ин хостаи раисичумхуриро ба содагй ба рохнамуде барои эъмоли сонсури сахттар ва афзоиши фишор бар расонахо таъбир кунанд. Хидматкорони Рахмон хар навъ талоше барои мухолифат бо дидгохи расмиро метавонанд «кушиш барои бесубот кардани кишвар» талаккй кунанд.

English