Дахшати сапед
Дориюши Рачабиён
tajikistanweb.com
Хатто дар як кишвари ганй аз гозу барк дамои хавои 20 дарача зери сифр метавонад мардумро ба шароити токатфарсои зиндагй биафканад. Акнун зимистони сахт Точикистонро ба чолиш кашидааст, ки аз манобеъи кофии энержй бархурдор нест. Сармои шадид зиндагии рузмарраи милюнхо нафарро ба хам рехтааст
Шоира Шатманова аз шахри Турсунзода дар гуфтугу бо як хабарнигори хабаргузории Reuters дар Точикистон гуфтааст
Ширкати давлатии Барки точик рузи сешанбе (22 жонвийе) изъон кард, ки бо вазъияти фавкулода дасту панча нарм мекунад
: мизони оби садди Норак то ба 867 метр кохиш ёфтааст ва агар сатхи об 10 метри дигар уфт кунад ва чораи изтирорие пиёда нашавад, мумкин аст Точикистон дар авохири соли мелодии чорй дучори фачеътарин бухрони энержй шавад . Садди Норак бо 300 метр туле, ки дорад, баландтарин садди мавчуд дар чахон ба шумор меояд. Аммо макомоти точик ин нуктаро равшан карданд, ки хатто ин садди мунхасир ба фард кодир нахохад буд кишварро аз бухрони бузургтари отй начот дихад.Харчанд харгиз дар тавони ниругохи Норак набудааст, ки кишварро бо энержии мавриди ниёзаш ба таври тамому комил таъмин кунад. Точикистон бо ду хамсояи ганй аз энержии худ
– Узбакистон ва Туркманистон – паймонхое имзо кардааст, ки чараёни рузона 10 милюн килувот дар соъат барк ба Точикистонро тазмин мекунанд. Акнун ба назар мерасад, ки Узбакистон моил нест таъаххудоти худро ба ёд дошта бошад. Тошканд рузи 10 жонвийе интиколи барк ба Точикистонро ба тамом катъ кард. Дар холи хозир Точикистон мачбур аст факат бо се милюн килувот дар соъат барки Туркманистон иктифо кунад, ки хатто барои гарму равшан нигах доштани танхо шахри Душанбе басанда нест.Заъфи хофизаи Узбакистон зохиран макомоти Точикистонро наозурдааст. Шарифхон Самиев
- раиси Барки точик накзи ахди Узбакистонро ба унвони як зарурат тавчех кард ва гуфт, ки хамсояи шимолй низ бо шароити обу хавоии носозгор ва камбуди энержй мувочех шудааст.Рузи сешанбе тафовути миёни дамои хавои Тошканду Ашкобод ду дарачаи Селсиус буд
: мутаносибан 15 ва 13 дарача зери сифр. Лобуд ин ду дарача бисёр сарнавиштсоз будааст, ки таъсири дардноки онро дар Душанбе метавон эхсос кард. Дар Душанбе дамои хавои имруз (чахоршанбе) 18 дарача зери сифр аст ва интизор меравад он дар рузи одина ба 23 дарача бирасад, ки боз хам камсобика аст.Ба унвони гоми нахуст дар ростои халли бухрон Шарифхон Самиев аз мардуми кишвар хост, ки дар истифода аз нируи барк сарфачуи кунанд. Дар холе ки барки Точикистон муддатхо пеш аз ин хам сахмиябандй шудааст ва мардуми бисёре аз манотик танхо барои ду соъат (як соъат бомдоду як соъат шаб) аз неъмати барк бахра мебаранд.
ENVIRONMENT
Youth
Entertainment