Д. Атоуллох: Туфон дар рох аст
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
МУРТАБИТ
tajikistanweb.com
Додочони Атоуллох
Тайи як хафтаи ахир Хоруг, маркази устони Бадахшони Точикистон, дар конуни таваччухи расонахо будааст; ин шахр мизбони ду тазохуроте буд (18 ва 20 жуан (июн)), ки дар кишвар аз замони поёни чанги дохилй дар соли 1997 то кунун бесобика будааст. Мардум дар майдони Вахдати шахр гирди хам омаданд ва ангезаи аслии ин гирдихамойи шоеъоте дар бораи накшаи давлат барои боздошти чанд рахбари махаллй буд. Чанд руз пеш аз тазохуроти нахуст 160 сарбоз хамрох бо микдори зиёде силоху мухиммоти чангй вориди устон шуданд. Душанбе исрор мекунад, ки ин нерухо барои омода сохтани Хоруг барои дидори расмии раисичумхур Рахмон аз он ба минтака эъзом шудаанд.
Бархе дигар аз макомот, аз чумла Кодири Косим, устондори Бадахшон, гуфтаанд, ки нерухо барои тахкими мурокибат аз марзи Точикистон бо Афгонистон лозиманд. Ибхом дар гуфтахои макомот шоеъоти бештареро барангехтааст, ки далели аслии вуруди нерухо метавонад дастгирии бархе аз фармондехони сахроии нофармони Бадахшон бошад. Устондор кавл додааст, ки то рузи душанбе, 23 жуан (июн) нигаронии муътаризонро бартараф кунад. Д. Додочони Атоуллох, рахбари чунбиши Ватандор дар Маскав, бар ин бовар аст, ки руйдодхои Бадахшон огози тахаввулоти ба маротиб бузургтаре дар Точикистон аст.
Д
. Атоуллох : Ходисахои ахири Бадахшон боз як бори дигар исбот кард , ки Точикистон дар арафаи як туфони чиддии сиёсй аст . Дар мавриди ин ки пас аз ин туфон чй мешавад, ин туфон чиро мерубад, чиро мегузорад, чиро сарнагун мекунад, акнун чизе гуфтан мушкил аст. Вале он ки туфони сиёсй дар Точикистон бархост, ошкор аст. На Махмадназар Солехов, на Эмомалй Рахмонов, аъзои хукумати Рахмонов, дигар тавону кудрати онро надоранд, ки Точикистонро аз ин туфон бирахонанд.Tajikistanweb:
Манзуратон аз туфон чист? Яъне мумкин аст Худой накарда, ходисахои солхои 1992-97 такрор бишавад ё чизе дигар?Д. Атоуллох
: Ба назари ман, дигар марзи сабру тахаммулу токати мардуми Точикистон тамом шуд. Имсол хатман дар Точикистон, ба гумони ман, агар хизбхову гуруххои сиёсй амал кунанд, метавонанд, ки бо рохи гирдихамойи ин хукуматро мачбур кунанд, ки аз сари кудрат дур шавад. Хукумат хам метавонад бар зидди мардуми бегунохи худаш тир гушояд. Аслан далели интиколи неруи низомй ва мухиммоти чангй ба Бадахшон саркуби созмондихандагони ин гирдихамойи, фаъъолон ва он одамони бедоре буд, ки хостори озодианд.Tajikistanweb:
Вале хануз тазохурот баргузор нашуда буд, ки нерухову мухиммот вориди Бадахшон шуданд, на?Д. Атоуллох
: Бале. Зеро торихи баргузории тазохурот дар Бадахшон аз кабл эълом шуда буд. Хануз гирдихамойи баргузор нашуда, ба он чо куввахои зиёди низомй фиристода буданд. Факат часорат ва иттиходи мардуми Бадахшон тавонист хукуматро водорад, ки алхол хукумат ба зуроварй даст назанад. Он ки хукумат андаке пас нишаст ва таваккуф кард, нишони як хукумати инсондуст ва борахм будани хукумати Рахмоновро нишон намедихад. Ин заъфи онхо буд. Онхо мехоханд хар инсон ё гурухеро, ки дар Точикистон садое зидди хукумат баланд мекунад, нест кунанд. Аммо ин дафъа онхо тарсиданд, ки оё дар ин масоф мардумро метавонанд саркуб кунанд ё на.Tajikistanweb:
Вале агар давлат бихохад, ки дар баробари хостахои мардум муковимат нишон дихад ва Худой накарда, даргирие сурат бигираду хунрезй шавад, оё фикр мекунед, ки натичаи хубе хосил хохад шуд?Д. Атоуллох
: Ин хукумате, ки бо хун омадааст ва рахбараш борхо эълом карда буд, ки «ман бо хун омадаам ва бо хун хохам рафт», хамеша мардумро бо хун метарсонад. Тарси мардум хам хамин аст, ки хунрезй нашавад. Мардуме, ки дар Бадахшон чамъ омаданд, хунрезй намехостанд. Онхо аз пеш эълом карда буданд, ки мехоханд дар ин гирдихамойи масъалахоеро матрах кунанд, ки боъиси нигаронии мардуми Точикистонанд.Tajikistanweb:
Оё байни руйдоди Бадахшон ва ходисаи боздошти Сухроб Лангариев дар Кулоб пайванде вучуд дорад?Д. Атоуллох
: Ба назари ман, ходисахое, ки зимистони гузашта дар Каротегин (Рашт) шуда буданд, кушиши боздошти Мирзохуча Ахмадов, ки ба нокомй анчомид, ходисахои Кулоб ва ходисахои Бадахшон хама силсилаи як занчир хастанд. Рузе, ки хукумат нерухои худашро вориди Бадахшон мекард, аз Рашту Кулоб хам шуморе аз мардум ба самти Хоруг сафар мекарданд, то аз мардуми Бадахшон ва хадафхои онхо химоят кунанд. Ин маълумот хам ба гуши Душанбе расида буд. Ва хатто он рузхо дар Душанбе Кумитаи амнияти Точикистон бисёр одамонеро, ки аз руи тахмини онхо метавонистанд мардуми Бадахшонро дастгирй кунанд, ин даста аз сиёсатмадорону рузноманигоронро ба Кумитаи амнияти миллй даъват карданду хушдор доданд, ки даст ба амале назананд ва аз ин руйдодхо фосила бигиранд. Дар миёни онхо чандин дустони ман хам буданд ва гуфтанд, ки онхоро аз 3-4 соъат то такрибан як шаб он чо нигах доштанд ва аз онхо хостанд, ки фаъъолияте надошта бошанду хомуш бимонанд .Tajikistanweb:
Як идда хам нигаронанд ва мегуянд, ки ба эхтимоли зиёд ангезаи аслии тазохурот дар Бадахшон махалгаройи хаст. Шумо бо ин назар мувофикед?Д. Атоуллох
: На. Шояд яке аз масоил махалгаройи бошад, аммо масъалаи асосй нест. Мардуми Бадахшон хам ба монанди мардуми дигар зовияхои Точикистон аз ин зиндагй, бадбахтихо ва мушкилот, аз ин ноумедихо ба дод омадаанд. Барои хамин, ба назари ман, хукумат харчанд мехохад, ки пеши ин гирдихамойихоро бигирад, баъд аз бозгашти мухочирони кории Точикистон, ки мохи нувомбр огоз мешавад, ман пешгуйи мекунам, ки такрибан дар моххои жонвие (январ) то морс (март) ин гирдихамойихо тамоми Точикистонро фаро хоханд гирифт. Рахбарии Ватандор хам ба ин хулоса омадааст, ки аз мохи десомбр то феврие бо хизбхову созмонхои дигар дар Точикистон, ки аз хадафхои мо химоят мекунанд, гирдихамойихо созмон дихем. Гирдихамойихои комилан мусолиматомез бо талаби аз сари кудрат рафтани хукумати Рахмонов. Ин хукумат рохи дигаре ба чуз истеъфо надорад.Tajikistanweb:
Оё Ватандор бо руйдодхои ахир дар Точикистон пайванде дорад?Д. Атоуллох
: Бале, дар тамоми ходисахое, ки дар Точикистон мешавад, тарафдорону фаъъолони Ватандор хастанд ва хукумат хам инро медонад. Дар Кумитаи амнияти миллй аз бисёре аз одамон пурсиданд, ки оё шумо бо Д. Атоуллох Атовуллоев ё бо Ватандор робита доред ё надоред, вай ба шумо телефун мекунад ё на. Ман хайрон мешавам, ки онхо, ба масал, дар як хонаи торик гурбаро мечуянд. Дар чехраи хар кас як душман, мухолиф ва харифи худашонро мебинанд. Аммо ба худашон нигох намекунанд, ки худи онхо кишварро ба ин руз оварданд ва мардумро ба ин хол афканданд. Худи онхо сабаб шуданд, ки мардум ба гирдихамойи даст зананд ва одитарин хостахои худро ба гуши хукумат расонанд.Tajikistanweb:
Оё рохе вучуд дорад, ки Точикистон битавонад ба дур аз нооромихо ва тазохурот вазъиятро бехбуд бибахшад? Оё давлат метавонад дар ислохи вачхаи худаш бикушад ва бимонад?Д. Атоуллох
: Хукумати Точикистон ба бемории фалач гирифтор шудааст. Гирифтори тамоми дардхои бедавое, ки дар дунё хаст. Хатто агар худи Рахмонов як руз аз хоб бархезаду тавба кунад ва ба номи хар чи мехохад, савганд бихурад (чун у савганд ёд карданро дуст дорад), боз хам кумак нахохад кард. Рахмонов системе сохт, ки дигар наметавон онро навсозй кард ё онро тагйир дод. Танхо рохи Рахмонов рафтан аст. Агар ихтиёран наравад, мачбураш хоханд кард, ки биравад. Чун аз дасти ин хукумат дигар хеч кор намеояд.Tajikistanweb:
Хуб, хатто агар фарз бар ин бошад, ки Рахмон меравад, оё хукумати чойгузине хаст, ки чои у бишинад ё кишвар дастхуши нооромихои тулонй хохад шуд?Д. Атоуллох
: Ду эхтимол вучуд дорад: холо ки Рахмонов заъиф шудааст, мумкин аст байни гуруххои мухталиф даргирихо ба вучуд ояд. Эхтимоли дуввум ин аст, ки элита (нухбагон)-и сиёсии Точикистон метавонанд ба хам оянд ва ба хулосае оянду интихоботе одилона баргузор кунанд. Вакте ки ман «элитаи сиёсии Точикистон» мегуям, каме шарм мекунам. Дар Точикистони имруза «элита» вучуд надорад. Точикистон имруза ба шарофати Эмомъалй Рахмонов ба як кишвари акибмондаи ноумедихо ва кишвари Чамшуду Равшанхо табдил шудааст, бадбахтона. Равшанфикрони Точикистон хам мурдаву дур аз равшаноианд.Tajikistanweb:
Дар нишасти хабарии рузи сешанбе (24.06.08) хамин мавзуъотро баррасй хохед кард?Д. Атоуллох
: На. Максади ман ин аст, ки тавассути расонахо ба чомеъаи чахонй бирасонам, ки ба кишвари дуру барои бисёре ношиноси Точикистон ва мушкилоти мардуми он таваччух кунанд. Дигар ин ки аз кудратхо хохам хост бо бозихои жеупулитикии худашон Точикистонро азият накунанд. Ба точикони дарун ва берун аз кишвар хам мехохам хушдор дихам, ки бояд акнун хар яки мо эхсоси масъулият дошта бошем, бояд ба хам оем, то дигар вокеъахои гузашта такрор нашаванд. Кишвари харобу зори мо тоби як чанги навро надорад.Дар охирин чаласаи Ватандор мо ба хулосае омадем, ки баъд аз бозгашти мардуми мухочир ба Точикистон дар тамоми кишвар гирдихамойихо ташкил мекунем ва бовар дорем, ки дар Точикистон як инкилоби бехуни бидуни зуроварй, инкилоби аклхоро чорй кунем. Инкилоби ояндаи Точикистонро занони кишвар хоханд кард. Тайи хафт-хашт гирдихамойии кучаки як соли ахир дар Точикистон дидем, ки хамаашро занон созмон дода буданд.
Режими Рахмонов аз хамон огоз як режими гайриконунй буд. Режиме, ки тавассути тиру тупу тонкхои бегонахо дар натичаи як кудатои порлумонй сари кор омад. Аз ин ру хар коре, ки ин режим мекунад, берун аз конун аст, зеро худи он гайриконунист.
Дар холе ки кудакони кишвар дар сармо мемиранд ва хазорон хазор донишварону донишчуёну омузгорони он дар кишвархои дигар гуломвор кор мекунанд, ин режим хакки маънавии мавчудиятро аз даст додааст.
Худуди 15 сол Рахмонов Русияро гул заду мисли гове душид ва пушти сипари сарбозони Русия панох бурд. Акнун Рахмонов гуё демукроти гарбгаро шудааст, либоси демукротй ба тан кардааст ва мехохад кишвархои гарбиро гул бизанад. Ру овардани Рахмон ба Гарб ба арзишхои демукросй рабте надорад, балки ба хотири хифзи пулхоест, ки Рахмонов ва хонаводаи у дар бонкхои гарбй доранд.
Ёддошти сардабир: Пас аз чопи ин матлаб равшан шуд, ки макомоти Русия монеъ аз баргузории нишасти хабарии Додочони Атоуллох дар рузи сешанбе (24.06.2008) тавассути рузномаи "Комсомольская правда" дар Маскав шудаанд.