web.com

ФАРХАНГ

МУРТАБИТ

Afghan Language Policy Revealed. Part 1

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Бахши 2

tajikistanweb.com

Дар саросари гузориши диплумотики Х . Леггетт ба Вошингтун ("Indications that RGA May Place More Emphasis on Pashtu"; July 13, 1963) номи забон «форсй» омадааст. « Дарй» хатто як бор зикр нашудааст. Танхо як сол баъд аз он кормандони Сафорати Омрико бо истилохи чадиди «дарй» ошно шуданд, ки ба таъйиди Зохиршох расида буд ва вориди матни Конуни Асосии навин шуда буд.

Конуни Асосии Зохиршох ба вузух барои эчоди як давлати якпораи кавмй барои расидан ба чомеъае таккавмй тархрезй шуда буда. Шояд у аз шевахои таксозй (унификатсия)-и шуравй илхом гирифта буд, ки ба таври маснуъи мехостанд садхо кавми мухталифро дар чорчуби як «миллати шуравй» бигунчонанд. Он талошхо паёмадхое фачеъе дошт, ки ба фанои ин абаркудрат анчомид.

Аммо дар дахаи 1960 таксозии кавмии Шуравй натоиче ба бор овард ва забонхои кавмии узбакй, озарй, мулдовй, туркманй, порсй (точикй), киргизй ва казокй ва чандин забони кучаки дигар ба хадди кофй тахриф ва бо вожагони русй олуда шуданд. Зохиршох сахт кушид, ки хамин шевахоро барои паштун кардани аквоми Афгонистон ба кор гирад. У дар ин росто номи кавитарин забони кишварро аз «форсй» ба «дарй» тагйир дод, то донандагони он дар инзиво карор бигиранд ва пайвандашон бо хамзабонони бурунмарзишон катъ шавад. У хамчунин вожахои паштуро чойгузини муъодилхои порсии онхо кард. Барои намуна, дар Точикистон миллат дастур гирифта буд, ки ба чои «дорулфунун » ё «донишгох» «университет»-и русиро ба кор бибарад, дар холе ки хамкавмони онхо дар Афгонистон мачбур буданд вожаи паштуи тозасунъшудаи «пухантун»-ро даври забонашон бичархонанду бо он ху бигиранд.

Сарфи назар аз ин ки Конуни Асосии соли 1964-и Афгонистон (асли 3) забонхои пашту ва «дарй»-ро забонхои расмии кишвар эълом мекунад, дар идомаи матни он, дар асли 35, тамоюли шохи афгон танхо ба яке аз ин ду забон ошкор мешавад:

« Ин вазифаи давлат аст, ки барномаи муассиреро барои инкишоф ва таквияти забони миллй – пашту тадвин ва ичро кунад.»

Истилохи «забони миллй» дар Конуни Асосй ба таври ногахонй падидор мешавад. Ин истилох дар усули каблии конун наомадааст. Аммо ин асл ба забони пашту, ки дар вокеъ забони акаллияти мардуми Афгонистон аст, макоми вижае медод. Ёдамон бошад, ки бино ба додахои ахири Ожонси Иттилоъоти Марказии Омрико, забони порсй (дарй) забони модарии дастикам 50 дарсади чамъияти Афгонистон аст ва танхо 35 дарсад ба забони пашту сухбат мекунанд.

Гузоришгари Сафорати Омрико дар Кобул дар мохи жуийе (июл)-и 1963 эхсос кард, ки набарди густардае алайхи забони порсй дар Афгонистон дар рох аст. У аз фармони салтанатии соли 1932 ё 1933, ки мегуфт «забони пушту то се соли дигар танхо забони расмии кишвар хохад буд», огох буд. Таклифе, ки ичрои он сахлу сода набуд.

Ба бовари Херберт Леггетт, ройзани Сафорати Омрико дар умури сиёсй, эхтимолан карор буд Донишгохи Кобул пеш аз хама паштунизе шавад. У дар гузориши худ ба Вазорати хоричаи Омрико дар мохи жуийе (июл)-и соли 1963 менависад:

« Гузоришгари сафорат такрибан тайи ду соли ахир аз вожаи форсии «донишгох» истифода мекард ва то тозатарин мавриди дидораш аз Донишгохи Кобул касе корбурди ин истилохро ба чолиш накашида буд. Аммо ин бор макомоти донишгох бо эхтироми тавъам бо котеъият ба у тазаккур доданд, ки номи расмии афгонии донишгох «пухантун» аст, ки як вожаи паштуст. Дуруст аст, ки ин истилох чандин сол аст, ки мавриди корбурд буда, аммо ба тозагй бо корбурди истилохи форсии «донишгох» ошкоро мухолифат мешавад. Дар чараёни гуфтугу макомоти донишгох хамчунин ба гузоришгар тавсия кардаанд, ки ба чои ду ё се истилохи форсии дигар аз муъодилхои паштуи онхо кор бигирад.»

Дар вокеъ, гузоришгари Сафорати Омрико дар Кобул чузъиёти огози поксозии забонии афгонхоро тавсиф мекунад, ки факат бо забони афгонй (пашту) махдуд намешуд. Паштунхо номи забони форсиро ба «дарй» тагйир доданд ва дар садади он буданд, ки вожагони ин забонро хатталимкон афгонй кунанд. Ин санади махрамонаи собики Омрико ба ин хакикат ишора мекунад, ки кабл аз соли 1963 вожаи «донишгох» роич будааст ва танхо баъд аз он корбурди ин истилох мамнуъ шудааст.

Леггетт чунин натичагирй мекунад:

« Эхтимоли ин ки давлати Афгонистон муваффак шавад забони пуштуро ба унвони мухимтарин забони кишвар тавсеъа дихад, хеле вокеъй чилва намекунад. Ин икдом барои омузишу парвариши Афгонистон мавонеъи зиёдеро эчод хохад кард ва бегумон, монеъ аз барномахои дарозмуддати рушди иктисодии Афгонистон хохад шуд.»

Далеле вучуд надорад, ки диккат ва дурустии ин натичагириро зери суол бибарем.

Бино ба ин санад, гузоришгари сафорат хатто сарзаниш шуда, ки чаро аслан захмати омузиши забони порсиро кашидааст. «Ин навъ бархурд ба вижа дар манотики марзии (пуштуннишини) шарки Афгонистон мушохида мешавад. Бархе аз пуштунхо бо истехзо забони форсиро забони «занона» номиданд, дар холе ки худашон ба ин забон харф мезаданд.» Ин бахши гузориш ба мизони хусумати паштунхо алайхи забони порсй ишора мекунад ва ин хакикатро ошкор мекунад, ки хатто дар манотики дурдасти кишвар паштунхо забони порсиро медонанд.

Дар соли 2003 Конуни Асосии Афгонистон тасвиб шуд, ки лахне нармтар дорад ва аз баёнхои кавмгароёна андаке фосила гирифтааст. Дар дебочаи он шахрвандони кишвар «мардуми Афгонистон» унвон шудаанд ва дар асли 4-и фасли 1-и он мехонем:

« Миллати Афгонистон аз кавмхои паштун, точик, хазора, узбак, туркман, балуч, пашайи, нуристонй, аймок, араб, киргиз, кизилбош, гучур, брахвуйи ва гайра муташаккил аст.»

Асли 16- и фасли 1 ташрех мекунад:

« Аз миёни забонхои пашту, дарй, узбакй, туркманй, балучй, пашайи, нуристонй, забонхои помирй, арабй ва дигар забонхои роич дар кишвар пашту ва дарй забонхои расмии давлат махсуб мешаванд.»

Асли машкуки 35-и Конуни Асосии 1964 дар матни чадид нест. Бо вучуди ин, Хомид Карзай, ки як паштуни хаводори Зохиршох буд, бандеро хифз кардааст, ки бар мабнои он «хамаи шахрвандони Афгонистон «афгон» номида мешаванд.»

Метавон хурдагирии бештаре ба харч дод ва тартиби чидани номи забонхоро низ зери суол бурд. Чаро пашту бояд хамеша дар садри фехрести забонхо карор дошта бошад? Дар холе ки медонем, ки шумори порсигуёни Афгонистон бештар аз паштузабонхои он чост.

Вале метавон бо котеъият гуфт, ки Абдулкарими Хуррам, вазири фарханги Афгонистон , бо мучозоти хабарнигорон ба хотири корбурди вожахои порсй дар вокеъ асли 16-и Конуни Асосии кишварашро накз кардааст. Бино ба ин асл:

« Давлат тарххои муассиреро барои таквият ва инкишофи хамаи забонхои Афгонистон тасвиб ва ичро мекунад. Нашарот, родю ва телевизюн ичоза доранд ба хамаи забонхои роич дар кишвар матолиб дарчу пахш кунанд

Чолиб аст, ки оё Хуррам кодир хохад буд аз , масалан, арабизабонони кишвараш хам бихохад, ки ба чои «дорулфунун»-у «дорулъулум» «пухантун» бигуянд ё ин сахтгирй танхо дар мавриди забони порсй сидк мекунад?

Окои Хуррам метавонад дар пойтахту фаротар аз он гаште бизанад ва аз мардум бипурсад, ки ба чй забоне такаллум мекунанд. Бештари онхо ба эхтимоли зиёд хоханд гуфт: форсй. Хадди акал бехтар хохад буд агар давлати паштуни Афгонистон ба забони, ба истилохи Херберт Леггетт, «лакнатбори пушту» таваччухи бештар мабзул кунад ва порсигуёну забонашонро ба холи худ бигзорад.

Абдулкарими Хуррам дар мохи ут (август)-и 2006, ки тоза ба макоми вазорати фарханг ва чавонони Афгонистон мансуб шуда буд, эълом кард, ки мухолифи чудойии забонхои пашту ва «дарй» аз якдигар аст. Дуруст аст, ки забонхои афгонй (пашту) ва порсй аз лихози забоншинохтй аз чумлаи забонхои эронй хастанд. Аммо ин забонхо дируз аз хам чудо нашудаанд. Хар кадоми онхо садсолахо пеш рохи худро ихтиёр кардааст. Равшан нест, ки манзури Хуррам аз хифзи ин ду забон канори хам чи будааст . Мутмаиннан, бо нобудии вожахои порсй ва коштани муъодилхои пашту ба чои онхо у ба хадафи худ нахохад расид. Ин икдом танхо низоъи кавмиро дар Афгонистон доман хохад зад.


English