РАСОНАХО
МУРТАБИТ
Youth
Entertainment
Гуфтугу бо Саъди Мухсинй; 23.04.08; ба порсй
tajikistanweb.com
Ин дар холест, ки Хомид Карзай, раисичумхурии Афгонистон аз дастури Вазорати фарханг химоят карда ва гуфтааст, ки сериёлхои хиндй дар вокеъ бо фарханги мардуми Афгонистон созгор нестанд. Абдулкарими Хуррам ба чанбаи «зиддиисломй»-и бархе аз сахнахову тасвирхои сериёлхои хиндй ишора кард.
Мухсинй гуфт: «Ин бардошти галат шояд ба хотири он ба вучуд омада, ки мусалламан мавзуъи ин сериёлхо хиндист ва дар онхо
хиндихо бозй мекунанд. Аммо мо унсурхоеро, ки хилофи ислом ба назар мерасад , сонсур мекунем. Масалан , бутхои хинду ва намози хиндухоро сонсур мекунем . Ин иддаъахо вокеъан дакик нест .»Химояти Карзай аз тасмими Хуррам мудирияти Тулуъро шигифтзада накардааст. Мухсинй мегуяд: «Вокуниши Карзай табиъй буд. Кишвари мо ба интихоботи саросарии соли 2009 наздик мешавад. Шояд бад-ин хотир у андаке эхтиёт кунад. Аммо ба хар хол, мо бо макомоти кишвар мувофик нестем, чун чизе, ки онхо мехоханд, хилофи конун аст.»
Иттиходияи Рузноманигорони Афгонистон низ рузи чахоршанбе бо пахши баёнияе тасмими Вазорати фархангро махкум кард ва гуфт:
«
Вазорати иттилоъот ва фарханг аз ихтиёроте, ки дар киболи расонахои давлатй ба он эъто шуда, суиистифода карда, алайхи родю ва телевизюни Афгонистон, ба вижа истгоххои телевизюнии хусусй изхороти барангезандае пахш кардааст , ки авокиби он тарснок аст ва хатто метавонад хатароти чонй дар пай дошта бошад. Иттиходияи Рузноманигорони Афгонистон ва телевизюни Тулуъ дар мавриди амнияти кормандони Тулуъ дар Кобул ва вилоятхо ва амнияти аъзои иттиходия бисёр нигаронанд.»
Телевизюни Тулуъ бо тархи ин такозо, ки мушкил дар додгох хал шавад, Вазорати фарханги Афгонистонро ба чолиш кашидааст.