web.com

СММ хостори бознигарии хукми эъдоми рузноманигори афгонистонй шуд

UN News Centre - Hамояндагии Созмони Милали Муттахид дар Афгонистон рузи панчшанбе (24 жонвийе) аз давлати ин кишвар хост, ки хукми эъдоми рузноманигор Сайид Парвиз Комбахшро бознигарй кунад. Комбахш ба чурми куфр ба мучозоти эъдом махкум шудааст.

Дар баёнияи ин созмон омадааст: «Фишор барои ичрои хукми эъдом ва баргузории мухокима пушти дархои баста бидуни додани хакки дифоъи хукукй ба окои Комбахш хокй аз суиистифодаи эхтимолй аз ин раванди хукукист. Ичрои ин хукм одилона нахохад буд.»

Сухангуи намяондагии Созмони Милал дар Афгонистон дар ин баёния таъкид кардааст, ки муфодди Конуни Асосии ин кишвар мубтанй бар асли арчгузорй ба арзишхои исломй ва чахонии хукуки башар аст, ки бо хам созгорй доранд.
Намояндагии СММ хостори «бознигарии дакик ва комил»
- и парвандаи окои Комбахш шудааст. Ин парванда дар мархилаи истиноф карор дорад.
Дар ин баёния хамчунин мехонем: «Мавориди казоии марбут ба мазхаб ва озодии баён дар кишвархои мухталиф вучуд дорад ва расидагй ба онхо бояд бо эхтиёту мувозибат сурат бигирад.»


English

MASS MEDIA

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Education