Ёде аз бахманмохи 1990:
хулосаи вакоеъ
СИЁСАТ
Youth
Entertainment
Манси Мехротра
Тамрини чанги дохилии Точикистон бо шоеъоте дар бораи вуруди арманихо ба пойтахт ва тавзеъи хонахои нав миёни онхо огоз шуд. Ин шоеъот аз мохи маи 1989 ба сари забонхо уфтод. Бардошти аксарият ин буд, ки хукуки сокинони бумии кишвар, ки дар интизори ёфтани маскан ба сар мебурданд, поймол шудааст.
*Рузи 11 феврийеи 1990, чанд руз пеш аз интихобот, дар баробари сохтмони Кумитаи Марказии Хизби Кумунисти Точикистон тазохуроти гайрирасмие бапо шуд. Ширкаткунандагони тазохурот умдатан чавонон ва гуруххои сиёсии номуташаккил буданд. Шиъори «Марг бар арманихо!» низ садо дод. Муътаризон исрор мекарданд, ки арманихо бояд ба кишваршон бозпас фиристода шаванд. Дар натича 5000 нируи Шуравй ба Душанбе эъзом шуд, то эътирозотро саркуб кунанд. Бино ба гузоришхои расмй
, руёруии нируи вижа ва пулис бо мардум ба марги 25 чавон ва захмй шудани 70 тани дигар анчомид.Дар гузорише аз
SWB ( хулосаи матолиби расонахои чахон) аз Додочон Исмоъилов, раиси вакти Донишгохи Давлатии Точикистон накли кавл шудааст, ки «точикон хамеша бо мехрубонй ва мехмоннавозй машхур будаанд. Аслан боварнакарданист, ки вуруди чанд панохчу аз Кафкоз битавонад чунин вокуниши пуршуру шарреро барангезад.»У хамчунин ёдовар шуда, ки «пушти тудахо созмондихандагоне хастанд, ки издихомро хидоят мекунанд. Бегумон, ин афрод мехоханд аз ин рох ба кудрат даст ёбанд. Тасодуфй нест, ки ин руйдодхо дар остонаи интихоботи Шурои Олии чумхурй сурат мегирад. Ин
руйдодхо монеъ аз раванди интихобот мешавад .»Сиёсати шуравии
гластност дар миёни нухбагон (элита)-и фархангии бархе аз чумхурихои Шуравй шуру нишотеро барангехта буд. Нухбагони кавмй ва фархангии Точикистон мехостанд «растохези фархангии точикон»-ро бапо кунанд. Фарханги точикон тахти султаи русхову турктаборхо камранг шуда буд. Метавон бо котеъият гуфт, ки яке аз нирухои созмондихандаи чунбиши бахманмохи 1990 мухаррикони тахаввулоти фархангии авохири дахаи 1980 буданд. Комгории нахусти онхо, ки забони форсй (точикй)-ро расмй карданд ва шолудаи як давлати кавмй-миллии точикиро рехтанд, ба нухбагони фархангй чуръат дод, ки бо истифода аз абзорхои сиёсй ба тагйироти сиёсй низ даст ёбанд. Ин нухбагони фархангй дар Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон сиёсй шуданд ва аз давлате, ки намояндагони бонуфузаш хамагй аз Хучанд буданд, такозо карданд, ки нирухои дигарро низ мадди назар дошта бошанд.Нокомии иктисодии Иттиходи Шуравй низ ба ин чунбиши инкилобй мусоъидат кард. Бухрони иктисодй ба Точикистони Шуравй, ки дар хошияи иттиход карор дошт, бештарин латмаро зад
. Пас аз эъзоми нирухои Русия, ки Точикистонро ба як подгон (гарнизон) табдил карданд, вазъияти амниятй шикананда шуд. Озодихои мардум махор шуд, ки паёмадхои манфии дигареро ба бор овард. Душанбе тайи рузхои 11 то 14 феврийеи 1990 сахнаи даргирихо, горату чаповул, ягмову беэътидолй буд. Горатгарон илзоман хамонхое набуданд, ки дар эътирозот ширкат доштанд, балки ононе буданд, ки аз пеш дар табахкорихо даст доштанд ва мекушиданд аз инкирози ичтимоъй, сиёсй ва иктисодии кишвар бахра бибаранд.Мумкин аст ангезаи эхсосоти кавмй ва миллигароёна танхо бухрони сиёсй, иктисодй ва мадании худи Чумхурии Шуравии Точикистон на, балки кулли Иттиходи Шуравй буда бошад. Дар айни хол наметавон мутмаин буд, ки муътаризони бахманмохи 1990 касди эчоди як низоми исломиро доштаанд, чун чомеъаи Точикистон ба инкилоби исломй омода набуд. Хочй Акбари Турачонзода,
рахбари расмии рухониёни кишвар, ки дар раъси демукротхои исломй низ карор дошт ва аз чехрахои бонуфузи ичтимоъй ва сиёсии Точикистон буд, дар посух ба ин пурсиш, ки «Оё Точикистон як кишвари исломй хохад шуд?» гуфт: «Хатто агар ин хостаи хамаи рухониюн бошад, дар холи хозир чунин коре номумкин аст. Кишвари мо муддатхост дар масири дунявист ва мардум ба содагй тарки одат ва шеваи зиндагй нахоханд кард. Ман тарафдори як давлати порлумонй бо иктисоде озод хастам. Дин бояд аз давлат чудо бимонад, то гуноххои чомеъа ба номи ислом сабт нашавад, он тавре ки бо Хизби Кумунист иттифок уфтод.» Турачонзода хамчунин гуфт, ки танхо се дарсади мардуми кишвар оёти намозро ба дурустй медонанд.Сайид Абдуллохи Нурй, рахбари бочазбаи рухониюн, яке дигар аз чехрахои барчастаи мухолифони сиёсии давлати Точикистон дар чараёни чанги дохилй (1992-1997) буд. Вай тайи солхои шуравй бо фаъъолони исломгарои чавон Хизби Нахзати Исломиро созмон дод. Худи
у рахбари ин хизб шуд . Нурй дар соли 1986 хамрох бо 40 тани дигар ба хотири химоят аз хамалоти мучохидини афгонистонй аз хаволии шахри Имом Сохиб ва ба чурми пахши « таблиготи мазхабй » дар Точикистони шуравй ба 18 мох зиндон махкум шуд . Пас аз озодй у номашро аз Абдуллох Саидов ба Сайид Абдуллохи Нурй тагйир дод . Ба у пешниход шуд, ки дар Идораи Козиёт машгули коре шавад. Дар дахаи 1990 буд, ки Нурй ба чехраи барчастае дар арсаи сиёсй ва ичтимоъии Точикистон табдил шуд. У алайхи нирухои давлатй чангид ва дар музокироти сулх бо давлат дар раъси Иттиходи нирухои мухолиф карор дошт.Гузашта аз ин, зохири шики фарангии Кабирй ва барчаспи «миёнарав», ки бар у часпондаанд, точикхои гайримазхабиро наметарсонад. Онхо ин нуктаро равшан кардаанд, ки бо ташвики исломи ифротй намехоханд ба Афгонистоне дигар табдил шаванд. Занхои точикро низ наметавон ба рохатй ба хошия ронд. Бо ин ки интизор намеравад дар ояндаи наздик занхои точик ба рахбарии кишвар даст ёбанд, онхо аз лихози демугрофик бар мардхо дасти боло доранд, чун бештари мардони чавон барои таъмини маъош ба Русия ё дигар кишвархои мустакилли хамсуд мухочират кардаанд. Исломихои точик дар миёни кишвархои хамсоя ва Гарб, аз чумла Русия низ хамчунон номахбубанд.
Борхо зикр шудааст, ки аъзои Хизби Демукроти Точикистон дар мавриди усули махдудиятхои
исломй огохии андаке доштанд. Тайи давраи икомати онхо дар Эрон, дар пайи омадани Эмомалии Рахмон ба кудрат ва пайгарди рахбарони мухолифон, аъзои Хизби Демукрот наметавонистанд ба рохатй шеваи исломии зиндагиро бипазиранд.Дар пайи руйдодхои сарнавиштсози 11-14 феврийеи 1990 се руз суги миллй эълом шуд. Мардум дар майдони Ленин хотираи курбониёнро гиромй доштанд. Тазохуроткунандагон аз давлат хостанд, ки шароити зиндагиро бехтар ва кимати пунбаро бознигарй кунад. Точикхо, русхо, узбакхо, олмонихо ва тоторхои мукими кишвар барои таъмини амнияти шахр ва бозсозии он гуруххои довталаби худдифоъй ташкил карданд.
Дар хиёбон баландгухо насб шуда буданд, ба гунае, ки чараёни нишасти изтирории Хизби Кумунисти Точикистонро мешуд мустакиман шунид. Афзун бар он, барномахои родюии мукарраре аз мардум мехостанд, ки барои радёбии базахкорони хаводиси бахманмох ба давлат ёрй кунанд. Харчанд дар мохи феврийе давлат мутахаммили хисороти бузурге шуд, давлат дастмузди кормандони хирфаиро афзоиш дод ва кимати колоро поин овард, то ошуби ичтимоъй-иктисодиро махор кунад.
Бо афзоиши эътирозот Каххор Махкамов, Дабири нахусти Кумитаи Марказии Хизби Кумунисти Точикистон, рузи 15 феврийе номаи истеъфои худро таслими порлумон кард, аммо он рад шуд. Интихобот рузи 27 феврийе тахти вазъияти фавкулъода доир шуд. Сарфи назар аз гуруснанишинии аъзои Хизби Демукрот ва дигар созмонхои гайрирасмй Каххор Махкамов бо аксарияти мутлаки оро ба унвони нахустин раисичумхурии Точикистони Шуравй баргузида шуд.
Дар маколае, ки мохи маи 1990 дар
SWB тавассути А. Крухилин мунташир шуда, омадааст, ки баъд аз он руйдодхо 250 пизишки рус аз як бемористони шахр дархости истеъфо карданд. Гузашта аз ин, бештари афроде, ки дар чараёни даргирихои бахманмох мавриди хамла карор гирифтанду захмй шуданд, рустабор буданд. 82 дарсади мардуме, ки баъд аз бахманмохи 1990 Точикистонро тарк карданд, рустабор буданд.
Хуручи дастачамъии чамъияти нобумй (гайрибумй) аз Точикистон илзоман ба хотири сиёсати забонии давлат набуд, ки аз хама мехост забони расмиро фаро бигиранд. Чун ичрои он тарх замони зиёде мехост. Кучи онхо бештар ба хотири бесуботии сиёсй, ичтимоъй ва иктисодии Чумхурии Шуравии Сусиёлистии Точикистон буд.
Ёддошти tajikistanweb.com: Манси Мехротра чуёи мартабаи фавки лисонс дар Донишгохи Чавохирлаъл Нехруи шахри Дехлии Нави Хиндустон аст.