web.com

ИКТИСОД

МУРТАБИТ

Probe into Tajik Loan Guarantees

Cottony Fiasco

IMF Decision: Punishment or Conspiracy?

IMF Scandal Hovering Over Dushanbe

PwC 'Missed Tajikistan Bank Loans

Front Page

Politics

Business

Culture

Human Rights

Education

Youth

Science

Environment

Mass Media

Neighborhood

Entertainment

About Us

Мухиддин Точиев ва Чахонгир Бобоев
TOL (Transitions Online)

Тайи соли равон Точикистон яке аз сахттарин зимистонхои чандин дахсолаи ахирро пушти сар кард ва шохиди бориши рекурдшикани барф ва сармои камсобика тавъам бо камбуди чиддии энержй буд.

Аммо бо наздик омадани тобистон туфони дигаре ин кишварро тахдид мекунад. Дихишгарон (донорхо)-и умда давлати Точикистонро ба такаллуби аркоми молй муттахам кардаанд
. Дар натича, Сандуки Байнулмилалии Пул хостори бозпардохти беш аз 47 милюн дулор аз эътибороти худ шуд. Ин ракам муъодили такрибан нисфи захирахои хоричии кишвар аст.

Бозпардохти вом дар мохи септомбр огоз мешавад, дар холе ки шароити молии Точикистон пурмухотира аст ва бенавойи бедод мекунад.

Карлос Пинеруа, раиси хайъати намояндагони Сандуки Байнулмилалии Пул ( СБП) дар Точикистон, гузоришхои молии такаллубии Бонки Миллии Точикистонро «иктишофи умда» ва чиддитарин маврид аз миёни шаш иттифоки мушобехе унвон кард, ки миёни ин вомдихандаи байнулмилалй ва давлати Точикистон сурат гирифтааст.

Тохири Абдулчаббор, иктисоддон дар Донишгохи байнулмилалии Точикистон мегуяд: «Гирифтории Точикистон дар СБП танхо як намунаи заволи сиёсати молии кишвар аст. Аммо нуктаи гамангези достон ин аст, ки ин мушкил сармоягузорони билкувваро аз сармоягузорй дар Точикистон мунсариф ва дилсард кардааст.»

Дар вокеъ, сармоягузорони мустакар дар Иёлоти Муттахидаи Омрико дар огози соли равон аз як тархи сармоягузорй дар Точикистон даст кашиданд. Коргушоёни чинй тархи эхдоси як ниругохи обй дар руди Зарафшонро тарк карданд ва ширкати Commonwealth and British Mineral Ltd., мустакар дар Бритониё, бахраи худ дар корхонаи муштараки истихрочи тиллои « Зарафшон»-ро фурухт.

Сармоягузорону дихишгарон (донорхо) хамчунин нигарони сарнавишти худуди 500 милюн дулоранд, ки берун аз чорчуби вомхо аз тарики ширкати молии «Кредитинвест»-и Точикистон ба санъати пунбакории кишвар ворез шудааст , дар холе ки бархе аз сармоягузорон кишварро тарк кардаанд. Мунозеъоти хукукй, фасоди молии хамагир ва ибхоми сиёсй сармоягузоронро беш аз пеш мураддад кардааст.

Тасвири шикаста

Эмомалии Рахмон, раисичумхури дерпои Точикистон, кавл додааст, ки алайхи фасод мубориза хохад кард, хадамоти умумиро бехбуд хохад бахшид ва кишварро ба руи сармоягузорон хохад гушуд, дар холе ки шумори довталабони сармоягузорй бисёр андак аст. Ихтилосу фасоди чиддй, девонсолорй ва султаи давлат бар иктисод монеъи сармоягузорихост ва гузоришхои молии такаллубй дихишгарони дигар, аз чумла Бонки Урупоии Бозсозй ва Тавсеъа, Бонки Осиёии Тавсеъа ва давлатхои хоричиро бим додааст.

Памела Спратлен, як макоми баландпояи Вазорати хоричаи Иёлоти Муттахидаи Омрико, рузи 2 оврил (апрел) пас аз дидор бо макомоти аршади Точикистон дар як нишасти хабарй дар Душанбе гуфт: «Мо ин хакикатро баррасй кардем, ки чомеъаи байнулмилалй бисёр нигарон аст ва бахше аз эътимоди худ ба давлатро аз даст додааст ва мутмаин нест, ки давлат дар холи ичрои таъаххудоти худ дар баробари Сандуки Байнулмилалии Пул аст ва ниёзхои мардуми худро бароварда мекунад.»

Грем Нил Лотен, сафири Бритониё дар Точикистон, ахиран ба рузномаи Факты и Комментарии гуфт, ки сармоягузорон дар мавриди фаъъолият дар Точикистон тардид доранд. Вай гуфт: «На бритониёихо ва на дигар хоричихо барои сармоягузорй дар ин кишвар эхсоси омодагй намекунанд, чун замонате вучуд надорад, ки сармояи онхо эмин хохад буд ва аз даст нахохад рафт.»

Бернард Кушнер, вазири хоричаи Фаронса, дар холи дидор аз Душанбе дар мохи оврил (апрел) ба хабарнигорон гуфт, ки сармоягузорон «бояд ба ниходхои давлатй эътимод дошта бошанд. Бидуни он эътимод хачми сармояи хоричй дар Точикистон ночиз хохад буд. Мо омодаем ба Точикистон дар халли ин масоил кумак кунем.» Вай афзуд: «Ба унвони дусти Точикистон метавонам бигуям, ки агар сохтори ниходхо тагйир накунад, гумон намеравад, ки сармояи зиёде ба иктисоди кишвар чазб шавад. Ман наметавонам бозаргонони фаронсавиро ба сармоягузорй дар Точикистон водорам, агар худи онхо моил набошанд. Аз ин ру, ба мо кумак кунед, то ба шумо кумак кунем.»

Точикистон, ки дорои заъифтарин иктисоди Осиёи Миёна аст, аз захоири гании нафту гози хамсоягонаш махрум аст ва дар паи истиклол аз Иттиходи Шуравй дар соли 1991 ва чанги дохилии 1992-1997 талош мекунад сари пои худ биистад.

Пеш аз иттихози тасмими Сандуки Байнулмилалии Пул дар огози мохи морс (март) ин кишвар мекушид аз зимистони сахт чон ба саломат бибарад ва пеш аз он хушксолй зарфияти барки обии онро тахдид мекард. Хамсояи он Узбакистон, ки содиркунандаи аслии гози табиъии Точикистон аст, соли гузашта кимати гозро башиддат боло бурд ва гох чараёни гозро ба далели адами пардохти кимати он катъ мекард.


Имруза беш аз нисфи чамъияти хафтмилюнаи Точикистон дар факр ба сар мебаранд ва даромади нохолиси миллии он хамчунон камтар аз мизони давраест, ки Точикистон ба истиклол расид. Дороии аслии кишвар гудозаи алюминиюм, пунба ва зарфияти энержии обии он аст, ки хамагй дастхуши нохушихое шудаанд. Бино ба бароварди давлат, хачми хисороти ворида ба иктисоди кишвар бар асари зимистони гузашта 650 милюн то як милёрд дулор аст.

Бо дарки вазъияти вахими кишвар Бунёди химоят аз кудакони Созмони Милал ЮНИСЕФ дар бахори имсол хостори тахсиси милюнхо дулор барои гизову дору шуд, то ба занону кудакони осебпазир, ки мумкин аст дар мазика карор бигиранд, кумак шавад. Бонки Чахонй барои чилавгирй аз такрори бухрони шадиди энержй дар огози мохи май як воми 6.5 милюн дулориро барои бехбуди зербинои энержии Точикистон ихтисос дод.

Бозпардохти воми СБП танхо бахше аз хабари шум барои иктисоди Точикистон аст. Фарои Душанбе корхонаи завби алюминиюм Талко дар додгоххои Ландан даргири як мухокимаи чандмиллиятист. Давлати Точикистон муътакид аст, ки раиси пешини ин корхона ва мушовирони бритониёии у милюнхо дулор суди ин ширкати давлатиро рабудаанд. Рузномаи Financial Times дар авоили мохи май гузориш дод, ки ин мухокима ба яке аз гаронтарин мурофеъот дар додгоххои Инглистон табдил шудааст ва хачми харочоти хукукии он ба беш аз 150 милюн дулор расидааст, ки худуди чахор дарсади даромади нохолиси миллии Точикистон аст.

Аммо давлат хамчунон пофишорй мекунад, ки авзоъ ру ба рох аст. Вазорати иктисод эълом кард, ки хачми сармоягузорихои хоричй дар соли 2007 ба раками рекурдии 860 милюн дулор расид. Ин вазоратхона кабл аз ёдоварй аз бидехии худ дар баробари СБП нишонахое аз рушди иктисодии кишварро зикр ва пешгуйи кард, ки даромади нохолиси миллии Точикистон дар соли 2008 4 дарсад ва дар соли 2009 7 дарсад афзоиш хохад дошт.

Аммо бархе аз иктисоддонон хушдор медиханд, ки ин ракамхо метавонад фиребанда бошад. Интизор меравад, ки кимати маводди ниёзи аввалия имсол ба микдори 18 дарсад афзоиш ёбад ва хар навъ рушди иктисодиро накш бар об кунад. Тохири Абдулчаббор ишора мекунад, ки аркоми Вазорати иктисод дар заминаи сармоягузорй бо шумули пружехои мухобиротии Чин ва эхдоси неругохи обии Сангтуда-1 чунин бод кардаанд, аммо дар асл он сармоягузорихо як бор сурат мегирад ва доимй нест. Факат хамон ду мавриди сармоягузорй худуди нисфи кулли сармоягузорихои хоричиро ташкил медиханд. Зафар Хотамов аз Бонки Осиёии Тавсеъа хушдор медихад, ки ин кишвар хануз ба шиддат муттакй ба воридот аст, ки тавозуни тичории онро ба хам задааст.

Дифоъияи бонкдор

Мушкили Точикистон бо СБП дар гузоришхои дуругин дар бораи захоири молии хоричии кишвар реша дорад. Тафовут миёни раками вокеъй ва дуругин дастикам 200 милюн дулор аст. Точикистон касд дошт бо зикри он ракам вомхои бештареро барои бахши пунбапарварии худ тазмин кунад. Пунба колои содиротии умдаи Точикистон аст, аммо кохиши мизони тавлиди пунба, ки маълули барномарезии мутамаркиз ва сипас шароити сахти зимистонй унвон мешавад, ин бахши иктисодро дар вазъияти ногуворе карор додааст. Масъуд Ахмад, сухангуи СБП, рузи 6 морс (март) дар Вошингтун ба хабарнигорон гуфт, ки гузориши молии нодурусти Точикистон «як мавриди чиддии гузоришдихии галат аст.»

Шариф Рахимзода, раиси Бонки Миллии Точикистон, изъон кардааст, ки гузориши молии ироашуда ба СБП дар бораи захоири хоричии Точикистон дакик набуд ва ин ки давлат кавл додааст раванди бозрасии молиро бехбуд бибахшад. Аммо Рахимзода афзуд, ки Бонки Миллй «барои химоят аз иктисоди миллй» ва ба манфиъати бахши пунбапарварй он корро карда буд, чун бонкхои тичорй дар мавриди додани вом ба Точикистон мухтотанд.

Рахимзода таъкид кард, ки СБП воми худро бозпас хохад гирифт ва ин ки бонки марказй чихати санчиши вазъияти молии вокеъии кишвар бо бозрасони молй хамкорй хохад кард.

То кунун давлат алайхи хеч як аз макомоти бонки марказй барои ироаи гузоришхои молии галат ба СБП икдом накардааст.

Вале мухолифони давлати Точикистон бонки марказй ва давлатро сарзаниш кардаанд. Рахматуллох Зоиров, рахбари Хизби Сусиёл Демукрот, гуфт, ин нахустин бор нест, ки давлат вомдихандагонро мефиребад. Вай афзуд: «Саранчом зохиран косаи сабри СБП лабрез шуд.»

Аммо фасод ва девонсолории даступогир танхо омили мунсариф шудани коргушоёни байнулмилалй аз фаъъолият дар Точикистон нест.

Як сармоягузори хоричй, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, ки барои дарёфти парвона (ичозанома)-и огози кори як ширкати сохтмонсозй ду сол мунтазир монд. Ба гуфтаи у, сомона (систем)-и дарёфти парвона барои огози кори ширкатхо беш аз хад печида ва фосид аст.

У танхо нафаре нест, ки шикоят мекунад. Бино ба назарсанчие, ки соли 2004 дар Точикистон анчом гирифт, 56 дарсади назардодахо гуфтанд, ки талошхои давлат дар ростои мубориза бо фасод конеъкунанда нест. Як назарсанчии International Finance Corp. нишон медихад, ки бисёре аз коргушоён микдори санадхои зарурй барои касби ичозаи фаъъолияти ширкаташонро сарсомовар медонанд.

Гузориши созмони Шаффофияти Байнулмилалй дар бораи мизони фасод дар соли 2007 Точикистонро дар макоми 150-ум аз миёни 180 кишвари чахон карор додааст. Дар садри ин чадвал кишвархое меоянд, ки тасаввур мешавад мизони фасод дар онхо бисёр андак аст. Бонки Чахонй дар чадвали «Сухулати иштигол» Точикистонро аз миёни 178 кишвари чахон дар пиллаи 153 гузоштааст. Аммо дар заминаи химоят аз сармоягузорон макоми Точикистон дар ин чадвал 176-ум аст, ки ин кишварро макони номусоъиде барои сармоягузорони билкувва чилва медихад.

Мухиддин Точиев ва Чахонгир Бобоев рузноманигорони мукими Душанбе хастанд. Тимоти Спенс, сардабири аршади TOL, низ дар тахияи ин чустор сахм доштааст.

English